Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО: "Вақти тарки Афғонистон нест"


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфтааст, ки барномаҳои гурӯҳи Толибон дар соли равон барои суқут додани вилоятҳо ва шаҳрҳои калони Афғонистон, ба шикаст рӯбарӯ шуд. Аммо вай ҳамзамон гуфтааст, ки ба ҳеҷ сурат ҳоло вақти муносибе барои тарки Афғонистон нест.

Дабири кулли НАТО рӯзи душанбеи 9-уми октябр зимни суханронӣ дар нишасти порлумонии НАТО дар Бухарест -- пойтахти Руминия ҳамчунин гуфт, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир "лонаи амн барои террористон" нест. Вай ҳаргуна тасмимгирӣ барои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ ва танҳо гузоштани Афғонистонро дар ҳоли ҳозир, комилан нодуруст хонд.

Соли равон барои нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёни афғон хеле маргбор буд ва бар асоси гузориши шашмоҳаи СММ, аз моҳи январ то 30 июни соли равон, ҳудуди 1662 ғайринизомӣ кушта ва 3581 тани дигар захмӣ шудаанд.

Йенс Столтенберг дар суханрониаш гуфтааст, ки вазъият дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир тағйир кардааст ва нерӯҳои амниятии афғон бо ҳимояти нерӯҳои НАТО тавонистаанд барномаҳои Толибонро ба шикаст рӯбарӯ кунанд. Вай афзуд, "мушкилот вуҷуд дорад, аммо бояд ба хотир дошта бошем, ки ҳадафи стратегии Толибон, ишғоли марказҳои вилоятҳо буд. Аммо онҳо тавоноии ин корро надоштанд, ақиб ронда шуданд. Нерӯҳои афғон тавонистанд дар ҳар маврид ҳамлаҳои Толибонро дар марказҳои вилоятҳо хунсо кунанд."

Дар ҳоли ҳозир 13 ҳазор сарбози нерӯҳои байналмилалӣ аз 39 кишвари ҷаҳон дар Афғонистон ҳузур доранд ва машғули омӯзиш, ҳимоят ва умури машваратдиҳӣ барои нерӯҳои афғон мебошанд. Дабири кулли НАТО мегӯяд, ба ҳеҷ сурат тарки Афғонистон ба нафъи мардуми ин кишвар ва пуштибонҳои байналмилалии онҳо нест. Ба гуфтаи Йенс Столтенберг, зиёни хуруҷ аз Афғонистон бештар аз зиёни мондан дар ин кишвар хоҳад буд.

Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Ӯ вазъияти Афғонистонро бо онки пур аз чолишҳо донист, аммо таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир ин кишвар паноҳгоҳи амн барои террористон нест. Вай гуфт, "дастоварде ки мо доштем, ҳамин аст, ки Афғонистон паноҳгоҳи амн барои терроризми байналмилӣ нест. Ин ҳам дуруст аст, ки Афғонистон кишвари босубот ва амн нест, аммо паноҳгоҳи террористон ҳам нест."

Вай дар ҳошияи ин нишаст дар пурсиш ба суоли хабарнигорон ҳамчунон таъкид кард, ки ҳимоят аз ҳукумати Афғонистон идома хоҳад ёфт ва нақши нерӯҳои байналмилалӣ дар ин кишвар тағйир нахоҳад кард. Бинобар он, ки талафоти нерӯҳои амниятии афғон ва ғайринизомиён дар солҳои гузашта афзоиш ёфтааст, дабири кулли НАТО мегӯяд, яке аз ҳадафҳо, омӯзиши нерӯҳои амниятии афғон, коҳиш ва пешгирӣ аз талафот аст.

Соли равон барои нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёни афғон хеле маргбор буд ва бар асоси гузориши шашмоҳаи СММ, аз моҳи январ то 30 июни соли равон, ҳудуди 1662 ғайринизомӣ кушта ва 3581 тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG