Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни фирории Ҳоҷӣ Ҳалим зиндонӣ шуд


Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Додгоҳи шаҳри Душанбе як бародарзодаи муовини собиқи вазири дифоъро, ки баъд аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта ба Русия фирор карда, баъдан боздошт шуда буд, ба севуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додарзодаи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон ва, инчунин, се узви хонаводаи Мукаммиловҳоро, ки дар пинҳон кардани туфангчаи ин генерали “ошӯбгар” муттаҳам мешуданд, содир кардааст.

Як манбаи Озодӣ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 4 апрел гуфт, ки Алишер Назаров, писари Абдураҳим Назаров ва бародарзодаи 28-солаи Абдуҳалим Назарзода, барои 3,5 сол равонаи зиндон шудааст. Ӯ то замони ҳамлаҳои моҳи сентябри соли гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе кор мекард, аммо пас аз як рӯзи ин ҳодиса ба Русия фирор кардааст.

Падари ӯ, Абдураҳим Назаров, бародари дувуми Абдуҳалим Назарзода, ба гуфтаи мақомот ҳангоми гуфтушунид 15 сентябри соли 2015 зимни тирпаронӣ аз самти муқобил кушта шудааст.

Манобеи Озодӣ дар мақомот мегӯянд, Алишер бо гумони ҳамкорӣ бо амакаш Назарзода дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва ӯро чор моҳи пеш аз Русия боздошт ва ба Тоҷикистон овардаанд. Ин ҷавон бар асоси моддаи 347-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “хабар надодан дар бораи ҷиноят” маҳкум ба зиндон шудааст.

Наздикони Алишер Назаров низ маҳкумияти ӯро тасдиқ карда, аммо аз ироаи тафсилоти бештар дар ин бора худдорӣ карданд.

Ҳамчунин, додгоҳ ҳукми Садриддин, Наҷмиддин ва Муборак Мукаммиловҳоро содир кардааст, ки дар пинҳон кардани туфангчаи марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалим гумонбар дониста мешуданд. Додгоҳ Садриддин ва Наҷмиддинро 1,5-солӣ ва Муборак Мукаммиловро 6,5 сол равонаи зиндон кардааст. Парвандаи ин се бародар бар асоси моддаи 195-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳ, баррасӣ шудааст.

Пайвандони ин бародарон мегӯянд, ки қасди аз болои ин ҳукм шикоят карданро надоранд. медонанд ва ҳеч эътирозе ба он надоранд. Ин се бародар дар ҳоле ҳукм гирифтаанд, ки қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, аз хонаводаи Мукаммиловҳо панҷ бародар ҷустуҷӯ мешавад ва се нафараш боздошт ва дуи дигараш ҳанӯз боздошт нашудаанд.

Бародарҳо дар ҳоле ба ҷинояткорӣ муттаҳам шуданд, ки аввали моҳи октябр кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур се сокини ин ноҳияро бо ҷурми нигаҳ доштани ду туфангча ва 20 дона тирдон боздошт карданд ва онҳо шоҳидӣ додаанд, ки туфангчаҳоро бо тирдон аз Мукаммиловҳо гирифтаанд.

Як манбаи наздик ба тафтиши қазия қаблан гуфт буд, “таҳқиқ нишон медиҳад, ки ин ду туфангча бе восита ба худи Абдуҳалим Назарзода тааллуқ доранд ва якеи онро вазорати дифоъ ба ӯ додааст”.

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябри соли гузашта ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт ва то 16 сентябр давом кард.

Дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳи Назарзода 17 тан аз нирӯҳои интизомӣ ва 25 тан аз аъзои он гурӯҳ, бо шумули раҳбараш Абдуҳалим Назарзода кушта ва ҳудуди 200 нафар дастгир шуданд. Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошта, баъдан ҳизби наҳзати исломиро барои тарҳрезӣ ва сармоягузории ин ҳамлаҳо муттаҳам карданд.

Ба дунбол, бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ мамнӯъ ва террористӣ эълон шуда, ҳоло мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсияш дар идома дорад. Бино ба иттилои наздикони ин афрод, рӯзи 24 феврал бархе аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар мурофиаи додгоҳӣ ин 13 танро ба даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри соли гузашта айбдор кардаанд.

XS
SM
MD
LG