Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп бо кормандони CIA мулоқот кард


Доналд Трамп – раиси ҷумҳури нави Амрико – дар нахустин рӯзи комили корияш ба бинои CIA, Идораи марказии кашф дар Вирҷиния рафта ва ҳимояти худро аз кормандони ин ниҳоди амниятӣ эълон дошт. Оқои Трамп дар сӯҳбат бо тақрибан 400 корманди Идораи марказии кашфи Амрико гуфт, ки “ман 1000 дар сад бо Шумо ҳастам.”

Дидору гуфтаҳои Доналд Трамп дар рӯзи 21 январ ба унвони талоши ӯ барои “тармими” равотибаш бо ниҳоди асосии амниятии ин кишвар арзёбӣ мешавад. Равобите, ки дар пайи гуфтаҳои ошкори ӯ барои радди дахолатҳои Русия дар ҷараёни интихоботи гузаштаи Иёлоти Муттаҳида бо фарозу нишебиҳое рӯ ба рӯ шуда буд.

Доналд Трамп, инчунин, дар пайи интишори гузоришҳое дар мавриди вуҷуди “компроматҳои” Русия нисбат ба ӯ, шадидан аз кори ниҳодҳои амниятӣ интиқод карда ва гуфта буд, ки чӣ гуна иҷоза доданд, то ахбору иттилооти ҷаълӣ мунташир шавад. “Оё мо дар Олмони фашистӣ зиндагӣ мекунем?” – суол гузошта буд ӯ дар нишасти хабарии даҳ рӯзи пеш.

Бо ин ҳама, Доналд Трамп дар мақоми раиси ҷумҳур ба кормандони Идораи марказии кашфи Амрико гуфт, онҳо “одамони фавқулода ва махсус” ҳастанд ва ӯ ҳамеша аз онҳо ҳимоят хоҳад кард. Вай гуфт, мубориза бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар авлавияти кори Идораи марказии кашфи Амрико хоҳад буд ва афзуд, ки “терроризми исломии радикал” бояд аз байн бурда шавад.

Аммо Доналд Трамп дар мулоқоташ бо кормандони Идораи марказии кашфи Амрико аз Русия ёдоварӣ накард.

XS
SM
MD
LG