Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама ҷо баҳси дину мазҳаб. Ҷустуҷӯи ваҳдат ё табари ҷудоӣ?


Як сокини Хатлон мегӯяд, ҳамроҳи духтару келинаш дар чорроҳа мондаанд, ки бояд ба гапи писарашон гӯш диҳанд, ки ҳиҷоб мехоҳад ва ё шавҳараш, ки мегӯяд, рӯймолӣ тоҷикӣ банданд.

Як ҷавони тоҷик аз Русия ба модар ва ҳамсараш тамос гирифта, гуфтааст, ки дигар бе ҳиҷоби сиёҳ аз хона берун нашаванд. Аммо падари ин ҷавон, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад ва устои сохтмон аст, ҳамсар ва келинашро дастур додааст, ки на чодари сиёҳ, балки рӯймоли тоҷикӣ бипӯшанд.

Ранги рӯсарӣ - боиси баҳси падар ва писар

Моҳшариф Ҷалилова, модари ин ҷавон мегӯяд, раҳгум задааст, ба гуфтаи фарзандаш, ки ҳоло хонавода аз ӯ вобастагии молӣ дорад, амал кунад ва ё дастури шавҳарашро иҷро намояд. Ӯ мегӯяд, дар ин мавзӯъ, борҳо миёни падару писар баҳси телефонӣ сурат гирифтааст, вале бо гузашти наздик ба як сол ин ду нафар ба созиш нарасиданд, ки занҳои хонадон бо чи ранг рӯймоле сарашонро бипӯшонанд. Аз ин рӯ, Моҳшариф Ҷалилова мегӯяд, гоҳҳо ҳамроҳ бо арӯси писараш рӯсарии сиёҳ мекунанд ва гоҳи дигар бо рӯймоли одии тоҷикӣ гаштугузор мекунанд.

"Намедонем, чӣ кор кунем. Писарам мегӯяд,агар гуфтаашро накунем, ба ватан намеояд, аммо падараш мегӯяд, мисли момаҳоямон либос пӯшед. Писарам мегӯяд, ки бе ҳиҷоби сиёҳ кӯча набароед. Ҳозир барои ҳамин рӯймолдозии мо миёни падару писар дилсиёҳӣ рӯх додааст,"-мегӯяд Ҷалилова.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, танҳо ҳамин писари муҳоҷираш ба масъалаи ҳиҷоб сахт часпидааст. Ду писари дигараш, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон донишҷӯянд, ба тарзи либоспӯшии онҳо коре надоранд. Ба ин монанд, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баҳсҳои аксаран носолими динию мазҳабӣ дар ҷомеа ба ҳадди ифрот боло рафтааст.

"Рӯ ба дин овардаанд"

Баҳси ин ҷавони муҳоҷир бо падараш бар сари ранги рӯсарии ҳамсару модараш дар ҳолест, ки Маркази исломшиносии Тоҷикистон афзоиши баҳсҳои носолими мазҳабӣ дар ҷомеаи ин кишварро таҳмилӣ ва махсус

Файзулло Баротзода
Файзулло Баротзода

роҳандозишуда медонад. Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон, ки дар ин замина як пажӯҳиши илмӣ анҷом додааст, мегӯяд, ташвиқи ақидаҳои гуногуни мазҳабӣ дар Тоҷикистон сокинонро ба чанд бахш ҷудо карда, аксарро дар дарёфти асолати динӣ ба раҳгумӣ бурдааст.

"Вақте пояҳои идеологии давлати Шӯравӣ шикаст, сокинон бе як идеологияи мушаххас монданд ва барои пайдо кардани ҷаҳонбинии нав ба дин рӯ оварданд. Бо оғози истиқлолият ислом мавқеъгириии сиёсӣ пайдо кард. Дар аввали солҳои навадум бо афзоиши сатҳи бекорию камбизоатӣ ва коста шудани сатҳи таълиму тарбия ҷавонон ба равияҳои гуногун рӯ оварданд ва дар солҳои баъдӣ ин равияҳои бо шеваҳои хоси таблиғ мавқеашонро дар ҷомеа мустаҳкам карданд," -- мегӯяд Файзулло Баротзода.

Ҳоло ба гуфтаи раҳбари Маркази исломшиносӣ танҳо боло бурдани сатҳи фаҳмиши диниву дунявии сокинон метавонад, ин баҳсҳои носолиму ихтилофандозро коҳиш диҳад.

Шодибой Атоӣ, пажӯҳишгари Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, воқеан ҳоло дар ҷомеаи мо шуури мазҳабӣ баранда ҳаст ва бинобар ин хоҳу нохоҳ ҳама баҳсҳо дар ҷомеа билохира ба дину мазҳаб рабт мегирад, ки на ҳамаи онҳо баҳси солиму созандаанд. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши маҳфилҳои равшанфикрон ва таблиғи андешаҳои созанда метавонад, чунин баҳсҳои ифротии мазҳабӣ дар ҷомеаро коҳиш дода, бехатар кунад.

Мулло Ҳайдар: 30 сол шуд, ман диск сабт накардаам

Мулло Ҳайдар Шарифзода
Мулло Ҳайдар Шарифзода

Аммо ба назари Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, афзоиши баҳсҳои носолими динӣ аз он ибтидо ёфт, ки ҳукумат як муддате минбарро ба хатмкунандагони донишгоҳҳои хориҷӣ вогузошт ва иҷоза дод, то суханрониҳои ба ҳам зидди онҳо дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ озодона фурӯхта шаванд. Ба гуфтаи ин рӯҳонӣ, ин боис шуд, ки насли нав исломи суннатиро канор гузошт ва ба намозхонии падару модараш шубҳа кард.

"Инҳо омаданд ва дар як шаҳр даҳ масҷид сохта, ҳар нафараш ба хотире, ки мардумро тарафи худаш ҷалб кунад, ҳар гуна суханҳои бофтаву сохтаро гуфтан гирифтанд. Ман 30 сол зиёд шуд, имомхатибам як диск набаровардам, аммо инҳо дар ду рӯз бозорҳоро пури диск карданд, ки дар якеаш як гап мегӯянд, дар дигараш дигар гап. Онҳо инсон буданд ва хато мекарданд, аммо мардум ба онҳо бовар карда, аз исломе, ки падару бобоёни мо доштанд, дур шуданд,"-- гуфт мулло Ҳайдар.

Коршинсон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон аз сахт мазҳабӣ шудани ҷомеа бо дарназардошти ҷангҳои мазҳаби дар Ховари Миёна ҷиддан хавф дорад. Бинобар ин, аз ҳоло ҳукумат ришдорону ҳиҷобпӯшонро зери назорат қарор дода, талош дорад, то нуфузи диндорон дар ҷомеаро коҳиш диҳад. Аз минбар дур кардани рӯҳониҳои шинохта мисли Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддин, камранг кардани нақши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягона ҳизби исломи дар Осиёи Миёнаро аз ҷумлаи чунин тадбирҳо медонанд.

Минбар барои рӯҳониёни муътадил

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, баръакс ҳузури рӯҳониёни шинохтае мисли Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони нуриддин ва фаъолияти расмии ҲНИТ омили коҳиши тундгароӣ дар ҷомеа хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Саидаҳмади Қаландар, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, дар ҳар минтақаи Тоҷикистон рӯҳониёне ҳастанд, ки аз нуфузи хубе миёни мардум бархӯрдоранд. Ӯ мегӯяд, минбар додан ба рӯҳониён пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро коҳиш хоҳад дод.

Ӯ гуфт: "Дар Тоҷикистон ҳавзаҳои рӯҳониёни мӯътадил дорем, ки дар қиболи тундравҳо, дар қиболи ҳамин ҷиҳоде, ки мусалмон дар муқобили мусалмон меҷангад, истифода кардан хайр аст. Мо онҳоро бо истифода аз минбарҳое, ки дорем, бояд имкон диҳем, ҳарфашонро бигӯянд. Минбари масҷидҳо ҳам як минбари тавоно ҳаст. На аз паҳлуи таҳқир бояд ҷавоноро бифаҳмонем, балки аз паҳлуи илм, бо далел онҳоро ҳидоят кунем."

Ҳоло коршиносон мегӯянд, дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсе нест, ки билохира бо мазҳабу дин пайванд нахӯрад. Беш аз 90 дар сади аҳолии Тоҷикистон мусалмон ва пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Низоми ин кишвар дунявӣ буда, аксаран,бо хотироти ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ, ки як тарафи он мазҳабиҳо буданд, таҳкими дунявиятро омили суботу осоиштагӣ дар ҷомеа медонанд.

XS
SM
MD
LG