Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисобкунакҳои нав. Аввал пул, баъд барқ


Сокинони Хуҷанд мегӯянд, таҷдиди шабакаи барқрасонӣ ва насби ҳисобкунакҳои электронӣ дастрасии онҳо ба барқи хушсифати доимиро хеле беҳтар гардонд, вале қатъи интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳояшон дар фасли сармо дар сурати саривақт напардохтани пули он, зиндагӣ дар хонаҳои торику сардро барояшон мушкил мекунад.

Ин ҳисобкунакҳо аз рӯи барномае кор мекунанд, ки дар сурати саривақт напардохтани маблағи истифодаи барқ, интиқоли онро қатъ мегардонад.

Шурӯъ аз 14-уми январ дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд лимити барқ лағв шуд. Дар вилояти Суғд мақомот талош доранд тавассути кори ҳисобкунакҳои замонавии барқ, таъмини сокинонро бо нерӯи барқ беҳтар ва фарҳанги пардохтҳои саривақтиро ташаккул диҳанд

Ҳудди ақал 500 сокини Хуҷанд дар камтар аз ду моҳи охир аз мақомот расидагӣ ба мушкилоти қатъи чандсоата ва гоҳо шабонарӯзии интиқоли нерӯи барқ ба манзилашон дар пайи саривақт напардохтани пули барқ ва ё ба тахмини онҳо, зиёд пул кор кардани ҳисобкунакҳои электрониро, дархост кардаанд.

Умеда Саидова, як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, моҳи декабр дар пардохти пули барқ дар ҳаҷми 165 сомонӣ таъхир кард ва давоми ду шабонарӯз манзилаш аз нерӯи барқ маҳрум шуд. Ӯ мегӯяд, “пули барқро дертар, рӯзи хомӯш кардани барқи манзилам, ки баъди нисфирӯзии ҷумъа буд, додам, аммо то шаб барқ надоданд. Ба идораи барқ чанд бор занг задам, аммо касе ҷавоб надод. Бо ду кӯдакам дар хонаи сарду торик мондем. Ночор кӯдаконамро гирифта, хонаи модарам рафтем ва ду рӯз он ҷо будем. Субҳи душанбе ба Идораи барқ рафтем ва то баъди чанд соат ба хонаам барқ доданд.”

Масъулони Идораи шабакаи барқ мегӯянд, ҷиҳати расидагии саривақтӣ ба шикоятҳои сокинон, 4 гурӯҳи зудамали корӣ таъсис додаанд. Тӯра Атамов, сардори Идораи шабакаи барқи Суғд дар нишасти хабарии худ рӯзи 20 январ гуфт, “барномаи ягонаи ҳисобкунакҳои электронии барқӣ тавре таҳия шудааст, ки дар сурати дар тӯли 2 ҳафтаи моҳи оянда ва рӯзи баъди он пардохт нашудани пули барқи дар моҳи гузашта истифодакардаи сокинон, ба таври автоматӣ интиқоли барқро қатъ мегардонад. Барои ҳамин, мо бояд якдигарро дастгирӣ кунем, манзур пули барқи доимӣ ва босифатро саривақт пардохт намоем.”

Ӯ афзуд, вале ҳоло вазъ ба гунае тағйир ёфтааст, ки дигар сокинони Хуҷанд аз нобаҳангом хомӯш шудани барқ дар манзил ё маҳаллаашон ё шиддати пасти нерӯи барқ, хеле кам шикоят доранд. Ба гуфтаи вай, шикояти онҳо умдатан сари қатъи интиқоли барқ ба манзилашон дар пайи пардохт накардани нерӯи барқ аст.

Ин дар ҳолест, ки бархе сокинон мегӯянд, ки ба тахмини онҳо, ҳисобкунакҳои нави электронии манзилашон назар ба ҳисобкунакҳои маъмулии қадима пули бештар мезананд. Вале мутахассисони идораи барқ мегӯянд, ки дар кори ин ҳисобкунакҳо ҳеҷ халал ё нуқсоне пайдо накардаанд.

Масъулони барқрасонӣ мегӯянд, ки воқеан дар фасли зимистон бинобар истифодаи бештари барқ ва аз моҳи ноябр боло рафтани арзиши нерӯи барқ, масрафи барқ дар манзилҳои қисмате аз сокинон бештар ва мутаносибан пули онро зиёдтар шудааст. Аз сӯи дигар, қисмати дигари сокинон бо роҳи сарфакорӣ истифодаи барқро кам кардаанд.

Ба гуфтаи масъулони шабакаи барқи Хуҷанд, дар соли 2016 сокинони Хуҷанд ҳудуди 2 миллиону 800 ҳазор киловатт /соат нерӯи барқ истифода мекарданд ва айни ҳоли истифодаи барқ дар ин минтақа коҳиш ёфта ва дар як шабонарӯз ҳудди 2.5 миллион киловат /соат нерӯи барқро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳисобкунакҳои электронӣ сокинонро водор кардааст, ки маблағи истифодаи барқи худро дар соли 2016 сад дар сад пардохт кунанд. Вилояти Суғд дар шабонарӯз ҳудуди 14.5 миллион киловатт соат барқ мегирад.

Таҷдиди шабакаи барқи маркази вилояти Суғд ва дар пайи он насби ҳисобкунакҳои электронӣ ба манзилҳои сокинони Хуҷанд сар аз авоили соли гузашт шурӯъ шуда ва то кунун 65 ҳазор ҳисобкунаки электронӣ гузошта шудааст

Масъулони идораи барқ мегӯянд, ҳамин тавр, дар чанд соли наздик аз маркази вилоят то минтақаҳои дурдаст дар хонаҳои сокинон ва корхонаву муссисаҳо ҳисобкунакҳои электронӣ насб хоҳанд кард. Вале ин ҳисобкунакҳо аз рӯи барномае кор мекунанд, ки дар сурати саривақт напардохтани маблағи истифодаи барқ, интиқоли онро қатъ мегардонад.

XS
SM
MD
LG