Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати дарвозабони эстониягӣ ба бошгоҳи “Хуҷанд”


Алексей Матросов.
Алексей Матросов.

Алексей Матросов, дарвозабони 26-солаи эстониягӣ, дар бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, аз озмоиш мегузарад. Дар ин бора дар сомонаи тозатаъсиси Лигаи футболи Тоҷикистон хабар дода шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Алексей Матросов рӯзи 8-уми январ дар ҳайати дастаи “Хуҷанд”, ки феълан дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) қарор дорад, барои аввалин бор тамрин намудааст.

Ин дарвозабони эстониягӣ, ки қадаш 1 метру 87 сантиметр, вазнаш 82 килограмм аст, дар бошгоҳҳои ватани худ, ба мисли «Левадия», «Нарва-Транс» ва «Локомотив» бозӣ кардааст.

Зимнан, дастаи “Хуҷанд” таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё)-2018 идома медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Хуҷанд”, даста бо якчанд бозигаре, ки муҳлати қарордодашон хотима ёфтааст, хайрухуш намуд. Дарвозабон Рустам Ризоев, нимҳимоятгар Шоҳрух Раҷабматов ва ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов аз ҷумлаи онҳоянд.

Ба ҷуз Алексей Матросов, ба даста бозигарони нав, аз қабили ҳимоятгар Фирдавс Чақалов аз бошгоҳи ССКА «Помир»-и Душанбе, нимҳимоятгар Фирӯз Қараев аз тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, нимҳимоятгар Кароматулло Саидов аз дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор ва ҳамлагар Амирҷон Раҳимов аз тими “Эсхата”-и Хуҷанд даъват шудаанд, ки дар ҳамин ҳол дар ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи “Хуҷанд” ширкат доранд.

Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон - «Аҳал»-и Туркманистон рӯзи 13-уми феврал ё дар Бишкек ва ё дар Балканобод барпо мегардад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд багузор мешавад.

«Хуҷанд» дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфтан, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - бозӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG