Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шир ба коргар ва ду дафъа маош дар моҳ - Кодекси меҳнат нав шуд


Парлумони Тоҷикистон бо тасвиби Кодекси нави меҳнат мехоҳад ҳифзи иҷтимоии сокинони кишварро тақвият бахшад. Бар асоси таҳрири нав, кордеҳ кормандонро бо шир ва ғизои табобатӣ таъмин мекунад.

Парлумони Тоҷикистон бо тасвиби Кодекси нави меҳнат мехоҳад ҳифзи иҷтимоии сокинони кишварро тақвият бахшад. Таҳиягарони лоиҳа онро намунаи беҳтарин дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил унвон мекунанд, ки паҳлӯҳои муҳими муносибатҳои меҳнатиро ба танзим медарорад.

Бар асоси таҳрири нав, ки рӯзи 17-уми июн аз сӯи Маҷлиси намояндагон қабул шуд, кордеҳ вазифадор аст кормандонеро, ки дар шароити хатарноку вазнин фаъолият мекунанд, бо шир, ғизои табобатӣ ва пойафзолу либоси махсус таъмин кунад. Таъсиси ҷойҳои иловагӣ дар корхона барои маълулон ва ҳамчунин аз сӯи кордеҳ пардохти музди меҳнат камаш ду бор дар як моҳ аз дигар талаботи кодекси нав аст.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июн зимни муаррифи ин тарҳ дар парлумон гуфт,

лоиҳаи нав ба хотири ҳифзи ҳуқуқи кордеҳу коргар таҳия гардидааст. Вай гуфт, ”Кодекси нави меҳнат, ки аз 6 фасл, 41 боб ва 366 мода иборат аст, барои фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, рушди соҳаҳҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, самаранок гардондани истеҳсолот, баланд бардоштани таъминоти моддӣ ва некӯаҳволии инсон, муҳайё кардани шароити зиндагии аразанда ба ҳар як шахс нигаронида шудааст”, - мегӯяд хонум Тағойзода.

Кодекси нави меҳнат барои занҳое, ки таваллуд мекунанд, мӯҳлати бештарро барои истироҳати баъд аз таваллуд пешбинӣ мекунад.Дар ҳолати таваллуди мушкили фарзанд 156 рӯз ва ба ҳангоми ба дунё овардани ду ва ё зиёда фарзанд занон ҳақ доранд 180 рӯз истироҳат кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта занони ҳомиладор дар ҳама гуна ҳолат ҳамагӣ ба 140 рӯзи истироҳат ҳақ доштанд.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, яке аз муаллифони ин тарҳ мегӯяд, “қонунгузор аслан се намуди таваллудро муайян кардааст, ки ин таваллуди як кӯдак, таваллуди кӯдак дар ҳолатҳои вазнин ва таваллуди

ду ва ё зиёда тифл аст. Бинобар ин, мо ҳангоми муқаррар намудани ин ҳолатҳо ҳамаи шароитҳоро ба назар гирифта мӯҳлати рӯзҳои рухсатиро муайян намудем”.

Ба гуфтаи таҳиягарони лоиҳа бо тамдиди рӯзҳои рухсатии занҳо дар хароҷоти буҷа ҳам тағйирот ворид мешавад. Аммо дақиқан чӣ микдор маблағ сарф мегардад, ҳанӯз ҳисоб нашудааст. Вале дар қонуни нав низ кӯмаки иҷтимоӣ ба модарон, ки ҳамчун “ширпулӣ”маъмул аст, ҳамагӣ 40 сомонӣ, ё муодили 5 доллар дар як моҳ муқаррар шудааст. Ин миқдор пул то якунимсолагии кӯдак ба модарон дода мешавад.

"Гавҳорапулӣ" ё "ширпулӣ" ҳанӯз дар Шӯравии собиқ ба модарони бе ҷои кор барои тарбияи фарзанд пардохт мешуд. Он замон аксар модарон бо дарёфти ширпулӣ роҳат тифлони худро бузург мекарданд ва қариб то ба синни мактабӣ расидани кӯдак ҳар моҳ кумакпулӣ мегирифтанд.

Аммо ҳоло модарони ҷавон мегӯянд, бо ин 40 сомонӣ метавон ҳамагӣ як қуттӣ шири сунъии ”Nestogen”-ро харид, ки барои се рӯзи ғизои навзод кифоят мекунаду халос.

Тағйирот дар қонун
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Сайёра Худоёрова, модари як фарзанд, ки ҳоло дубора ҳомиладор аст. Ӯ мегӯяд, беҳтар мебуд агар дар кодекси нави меҳнат бо таваҷҷӯҳ ба ниёзмандии занон имтиёзҳои бештар пешбинӣ мешуд. ”Албатта ин хуб аст, ки мӯҳлати рухсатии занонро барои таваллуд бештар кардаанд. Вале вақте занон таваллуд мекунанд, бо саду як мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Хуб мебуд агар то ҳадде барои ин занон табобати ройгон ва ё бимаи иҷтимоиро пешбинӣ мекарданд. Дар мисоли ман агар шавҳарам ҷои кори хуб намедошт, ман бо ин ширпулӣ, ки он ҳам бароям пурра пардохт нашуд, ҳаргиз наметавонистам фарзандамро ба воя расонам”.

Муаллифони Кодекси нави меҳнат бар инанд, ки дар қонуни нав барои ҳифзи ҳуқуқи занони коргар ва ҳамчунин шахсони оиладор ба таври кофӣ таваҷҷӯҳ шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир занҳо 39 дарсади нерӯи кориро дар бозори меҳнати кишвар ташкил медиҳанд.

Шир барои коргар - Кодекси меҳнат нав шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

XS
SM
MD
LG