Насибаро сиҳҳатиаш иҷоза намедиҳад, ки мисли бархе дигар аз дӯстону ҳамсабақон дар моҳи шарифи Рамазон рӯза бигирад. Вале ӯ аз оғози рӯзадорӣ баробар бо дигарон соатҳо дар дарсу кӯча чизе ба даҳон намебарад. Ё талош мекунад, ки аз чашми дигарон дуртар ғизо бихӯрад, то атрофиён нагӯянд, "ӯ мусалмони хуб нест".
"Одамоне, ки мепурсанд, рӯза ҳастӣ ё не, кӯшиш мекунам ҷавоби дақиқ надиҳам, ки "бале, рӯзахӯрам". Коре карда, худро аз ин ҳолат мебарорам ва агар зиёд пурсанд, мегӯям, ки мегирам. Дар пешам чизе намегӯянд, аммо бовар дорам, аз пуштам мегӯянд, ки "ина бинед, рӯза надорад"," - гуфт Насиба.
Аксари онҳое, ки дар моҳи шарифи Рамазон мисли Насиба ба далелҳои мухталиф рӯза намедоранд, талош мекунанд, дар маҳзари омм рӯзахӯр будани худро ошкор накунанд.
Дар як пурсиши сарироҳии Озодӣ чанд нафар сабабҳои рӯзахӯрии худро шарҳ доданд. Ҷавонзане гуфт: "Бо вуҷуди он ки ҳомиладор ҳастам, дар кӯча бемалол чизе хӯрда наметавонам, фикр мекунам, одамҳо "ана, ин рӯза нагирифтааст, аз Худо наметарсад", гуфта, дуруст намефаҳманд маро. Худро озод ҳис карда наметавонам."
Марде, ки дар кори сохтмон кор мекунад, чунин посух дод: “Ба сабаби гарм будани ҳаво ва душвор будани кори сохтмон, на танҳо мо, балки ҳама дигар устоҳо рӯза гирифта натавонистанд. Ба мо мӯҳлати кам додаанд, то тамоми кори сохтмонро ба анҷом расонем ва аз ӯҳдаи ин моҳ набаромадем. Моро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад, вале одаме, ки худаш дар соҳаи сохтмон кор карда бошад, моро дуруст мефаҳмад, махсусан дар ин гармиҳо."
Дигаре гуфт: "Ман фақат дар ҳалқаи дӯстони худам мехӯраму менӯшам. Шарм медорам, ки дар кӯчаҳо чизе хӯрда гардам. Барои афроди рӯзадор ба фикрам мушкил аст дидани ин кор. Ҳатто сақич намехоям".
Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, бархе сирф аз рӯи эҳтиром ба рӯзадорон ва бархе дигар ба хотири фирор аз нигоҳҳои маломатомези атрофиён дар рӯзҳои моҳи Рамазон гӯшаҳои хилваттарро барои тановули ғизо интихоб мекунанд ва ё соатҳо гурусна мегарданд.
Комрон, ҷавоне ки рӯзадор аст, мегӯяд дарвоқеъ барои як нафари
рӯзадор дидани нафаре, ки пешаш озод об менӯшаду ғизо мехӯрад, мушкил ва нодуруст аст: “Одам агар рӯза ҳам нагирад, бояд дигаронро фаҳмад. Барои одами рӯзадор мушкил аст, вақте мебинӣ, ки пешат чизе мехӯранд, худро бад ҳис мекунӣ. Бояд эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад”.
Рамазон имсол ба гармтарин ва тӯлонитарин рӯзҳои сол рост омад. Бино ба пешгӯии ҳавосанҷҳо, ҳарорати ҳаво ҳам дар Тоҷикистон дар ин давра боло меравад ва барои рӯзадорон ҳам ин имтиҳони сангине хоҳад буд. Аммо рӯҳониён мегӯянд, ҳар нафар бароои исботи садоқат ва намоиши сабру таҳаммули худ ба парвардигор рӯза мегирад ва ин нафар набояд дигаронро, ки натавонистаанд ин рукни исломро баҷо биёрад, маломат кунад.
Ҳусейн Шокиров, раҳбари раёсати Иттиҳодияҳои динӣ дар Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯяд: "Эҳтимол, ин шахс бемор аст ва ё ба беморие гирифтор аст, ки дар ҳолати рӯза гирифтан хуруҷ мекунад. Бинобарин, ба назари бад нигоҳ кардан даркор нест. Бояд инсон ҳама вақт таҳаммулпазир бошад ва бо гирифтани рӯза фахр накунад. Балки бояд ботавозун бошад ва аз ҳаргуна озордиҳӣ худдорӣ кунад. Рӯзадор бояд ҳалиму меҳрубон бошад ва аз забони нафари рӯзадор мӯрчае озор наёбад”.
Ҷомеашиноси тоҷик Ёрмуҳаммад Ниёзӣ мегӯяд, дар давлати дунявӣ гирифтан ё нагирифтани рӯза интихоби ҳар як фард аст ва онҳое, ки наметавонанд рӯза бигиранд, шарт нест, ки ин амали хешро пинҳон бидоранд ё аз ин кори худ шарм доранд. Вай гуфт: “Вақте мегӯем, ки давлати демократӣ ҳастем, рӯза хӯрдан ё рӯзадор будани мо бояд ошкоро бошад. Ин талаботи шахсии ҳар як фард аст. Вақте инсон бо арзишҳои дунявӣ зиндагӣ мекунад, бояд эҳтироми рӯзадорро ба ҷо орад, вале агар талаботи нӯшидани обро дар кӯча дорад, бигузор нӯшад, ин
нисбати ягон нафар таҳқир ё фишоре нест”.
Моҳи Рамазон имсол аз 6 июн шурӯъ шуда то 5 июл идома хоҳад кард. Рӯзҳои аввали Рамазон имсол ҳам, дари аксар ошхонаву тарабхонаҳои шаҳр баста буд. Ахиран шаҳрдори Душанбе аз тамоми меҳмонхона ва тарабхонаҳои пойтахт ва дигар хадамоти хизматрасонӣ талаб кард, ки дар моҳи Рамазон бидуни тағйир дар реҷаи корӣ фаъолият намоянд.