Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо САҲА манфиатдор аст"


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо гузашти даҳ рӯз аз соли нави 2017 дар заминаи тамдиди фаъолияташ дар Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин созмон ҳанӯз ба тавофуқ нарасидааст. Масъулони САҲА мегӯянд, ки баҳси тамдиди ҳузури ин созмон дар кишварҳои узв дар нишасти Вена идома дорад ва ин масъала танҳо марбут ба Тоҷикистон нест. Созмоне, ки масъули татбиқи барномаҳои демократӣ дар ҳудуди 57 кишвари узваш мебошад, соли 2016 барои роҳ ёфтани аъзои мухолифони тоҷик ба ҷаласаи ҳуқуқи башари Варшава мавриди интиқоди Тоҷикистон қарор гирифт.

Манбаъ ихтилофи Тоҷикистону САҲА дар иртибот ба иштироки гурӯҳи мухолифон дар нишасти ин созмонро "фаромӯшшуда" хонд ва гуфт, "таъхири тамдид масъалаи дигар аст".

Дарҳои САҲА боз аст, вале...

Як манбаъ дар дафтари САҲА дар Душанбе рӯзи 10 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо кишварҳои узви ин созмон музокиротро идома дода, барои тамдиди ҳарчи зудтари фаъолиятҳояш дар кишварҳо талош доранд. Ин манбаъ афзуд, то замони расидан ба мувофиқа дар заминаи тамдиди фаъолият, дари намояндагиҳои САҲА дар маҳалҳо боз буда, вале ин дафтарҳо корҳои барномавии худро барои соли 2017 ҳанӯз шурӯъ накардаанд.

Ҳамоиши минтақавии САҲА дар Душанбе. Соли 2015. Акс аз бойгонб
Ҳамоиши минтақавии САҲА дар Душанбе. Соли 2015. Акс аз бойгонб

Дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мавзӯи тамдиди фаъолияти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо танҳо ба Тоҷикистон марбут набуда ва фарогири кулли дигар аъзои ин созмон мебошад. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтанд, Тоҷикистон ба идомаи ҳамкорӣ бо САҲА манфиатдор буда ва ба иҷрои тарҳҳои муштарак бо созмон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амният талош хоҳад кард.

Ихтилофи Тоҷикистон бо САҲА "фаромӯш шуд"

Як корманди масъули Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон бидуни ифшои номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан низ дар ростои тамдиди мандати ин созмон дар Тоҷикистон таъхир сурат гирифта ва ин вазъ ба Шӯрои доимии САҲА рабт мегирифт. Вай ихтилофи назарҳо миёни Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар иртибот ба иштироки гурӯҳи мухолифон дар нишасти ин созмон дар Варшава дар моҳи сентябри соли гузаштаро “фаромӯшшуда” хонда ва гуфт, "таъхири тамдид масъалаи дигар аст."

Хабаргузориҳо чизи дигар мегӯянд...

Ин дар ҳолест, ки бархе аз хабаргузориҳои Русия, аз ҷумла, сомонаи хабарии Fergananews аз тамдид нашудани фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва ҳайати нозирон дар Украина хабар додааст. Далели ин амр шарҳ дода нашудааст. Дар моҳи сентябри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Қирғизистон эълон дошт, ки аз 1 январи соли 2017 салоҳиятҳои Маркази САҲА дар Бишкекро то Дафтари барномавии САҲА поин хоҳад бурд. Он замон ин вазорат низ норизоиятии худро аз ширкат ва суханронии мухолифони давлати Қирғизистон дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон иброз карда буданд.

Таҷаммӯи гурӯҳи аз ҷавонон дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе.
Таҷаммӯи гурӯҳи аз ҷавонон дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе.

Дар пайи таҷаммӯи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик, аз ҷумла аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти солонаи САҲА дар шаҳри Варшава рӯзи 19 сентябри соли гузашта, ҳайати Тоҷикистон ба нишони эътироз ҷаласаро тарк кард. Тоҷикистон гуфт, ки бо ширкати “ҷинояткорҳо” дар ҷасалаи САҲА мухолифат дорад. ҲНИТ баъд аз ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта аз иштирок дар нишасти САҲА барои ҳайати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва адлия дар шаҳри Тошканд худдорӣ кард. Моҳи декабр ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон барои ташкили нишасти САҲА оид ба вазъи расонаҳои мустақил дар қаламрави ин кишварҳо розӣ нашуданд. Баъдан ин нишаст бо ширкати расонаҳои мустақил ва созмонҳои журналистӣ дар шаҳри Вена - пойтахти Австрия баргузор шуд.

"Тоҷикистон ва САҲА ба якдигар ниёз доранд"

Абдулмалик Қодиров.
Абдулмалик Қодиров.

Ба бовари Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, САҲА ва Тоҷикистон ба якдигар ниёз доранд ва ҳузури ин созмон дар Тоҷикистон чӣ дар самти рушди институтҳои демократӣ, озодии баён ва чи масоили амниятӣ ба мисли таҳкими марзҳои ҷанубии ин кишвар муҳим аст.

​Ӯ гуфт, "САҲА дар Тоҷикистон барномаҳои мухталиф дорад, ҳам дар бахши иқтисодию сиёсӣ ва ҳам ҳам кумакҳои фаннӣ барои таҳкими марзҳои кишвар. Аз сӯи дигар, ҳузури САҲА Тоҷикистонро аз калавишҳо ба сӯи низоми худкомагӣ нигоҳ медорад. Аз лиҳози амниятӣ, бахусус, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир Тоҷикистон аз шарикони аслии САҲА ҳисоб меёбад."

Чолишҳои пеши рӯ

Аз 1 январи соли 2017 раҳбарии давраии САҲА-ро Австрия ба ӯҳда гирифтааст ва раиси нави ин созмон вазири умури хориҷии Австрия Себастиян Куртс гуфтааст, ки кишварҳои узв дар ин сол дар рӯбарӯи чолишҳое мисли амиқрафти низоъ дар қаламрави кишварҳои узв (назири Украина), адами эътимод, афзоиши ифротгароӣ ва хушунат, бахусус дар миёни ҷавонон қарор доранд. Куртс гуфтааст, 10 ҳазор сокини кишварҳои узсви САҲА дар қаламравҳои ҷангии зери назари ДИИШ қарор доранд ва ин масъала ҳам як чолиши дигари созмон барои соли нав мебошад.

24 соли САҲА дар Тоҷикистон

САҲА яке аз созмонҳои муҳими ҳамкори Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар 19 феврали соли 1994, замони ҷанги дохилии ин кишвар шурӯъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш дар ин кишвар ихтисос додааст. Нақши ин созмон дар бозгардонии муҳоҷирони тоҷик ба манзилҳояшон, ёрӣ дар барқарории баъдиҷангӣ, пуштибонии созмонҳои ҷамъиятӣ, роҳандозии тарҳҳои мухталифи марбут ба рушди демократия, мубориза бо терроризу ифротгароӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат дар таъмини баробарии ҷинсӣ хеле фаъол будааст.

Ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон

Дар самти ҳамкориҳои низомӣ садҳо афсари тоҷик дар донишгоҳу муассисаҳои ҳарбии кишварҳои Аврупо омӯзиш мегиранд. Соли 2012 дар Тоҷикистон як коллеҷи ҳарбии САҲА ва Вазорати дифои Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки илми низомиро ба забонҳои англисӣ, русӣ ва форсӣ фароҳам меорад. Тамаркузи асосӣ дар коллеҷи идораи марзҳо рӯи марзбонҳои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказист. Феълан Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Кӯлоб, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Рашт ва Шаҳртус дафтарҳои минтақавӣ дошта, беш аз 215 сокини маҳаллӣ барои кор дар ин дафтарҳо ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG