Ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи марзбонони тоҷик дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон як баҳси асосии "Озодӣ Онлайн" аст. Даҳҳо ҳазор нафаре, ки ин хабарро дар сомонаи Радиои Озодӣ диданд, нерӯҳои интизомиро барои маҳви ҳамлаварон таҳсин хондаанд, вале теъдоди дигар гуфтаанд, сарҳадбонон дар ғафлат мондаанд.
Барзу дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст: "Во аҷабо, ин сарҳади давлатии Тоҷикистон умуман посбонӣ мешавад ё сарҳадбонон ҳама қурутоб мехӯранду мехобанд? Сарҳад шӯхӣ нест, аз уҳдааш набароед, боз Русияро даъват кунед, низомро қавӣ нигаҳ дорад."
Як корбари дигари вебсайти мо бо номи "Аналитик" гуфтааст: "Ҳукумати Тоҷикистон бояд бедор шавад. Аввал ин ки беҳбуди муносибатҳо бо Узбекистон ба бисёриҳо намефорад, ё хуш намеояд. Дувум, то вақте ки дар дохил артиши кишвари дигар ҷой дорад, ҳар чизро мунтазир шудан мумкин.
Севум, ба авлодбозиву маҳалгароӣ бояд хотима дода шавад. Дастгоҳи ҳукумат аз дастгоҳи иҷроия сар карда, то ҷамоатҳо дар деҳаҳои дурдаст ҳамааш фасодзадаву сохторҳои авлодиву маҳалбозӣ шудааст."
"Зариф Тоҷик" дар Инстаграм навиштааст, "ҳушёр бошед, ҳукуматиҳо. Мо ватанро ба шумо бовар кардем. Наход аз ӯҳдаи чаҳор нафар набароед. Ба куҷо нигоҳ доред, ки кор то ин дараҷа расид?"
Хабару гузоришҳо дар бораи ин ҳодиса дар вебсайти Радиои Озодӣ ҳаст. Нишониашро ки медонед.
Барномаро дар ин ҷо тамошо кунед:
Хуб, бармегардем ба қиссаи як муҳоҷири тоҷик, ки шабашро дар назди оташи абадӣ дар ноҳияи Ногинский дар вилояти Маскав сипарӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, аз дасти як ҳашароти хурд, ки тоҷикон "шабзод" меноманд, дигар дар ҳуҷраи иҷора хобида натавонистанд ва нисфи шаб онро тарк карданд.
Ин муҳоҷир, ки видеоро рӯзи 5-уми ноябр сабт кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҳам хонаи иҷора наёфтааст ва дар ҷойи кораш мехобад.
Видеои дигаре, ки аз Маскав гирифтем, аз табақаи 34-уми як бинои навсохт аст ва муҳоҷирони тоҷик дар онҷо на зиндагӣ, балки кор мекунанд.
Видеои дигарро аз деҳаи Саъдуллои Шариф аз ноҳияи Восеъ фиристоданд. Навори истгоҳи барқиеро, ки ба қавли муаллифи видео соли 1961 сохтаанд ва барои кӯдакони деҳа хатарнок аст. Сокини деҳа, ки видеоро фиристод, мегӯяд, муроҷиатҳояшон ба мақомот барои бастани атрофи зеристгоҳ натиҷа надод ва мардум нигаронанд, ки рӯзе бо бачаҳояшон фалокат рух медиҳад. Ба навиштаи ӯ, симчӯбҳои деҳа низ фарсуда шудаанд ва, мумкин аст, боди андаке сахт онро бишканад.
Шумо ҳам мушкиле доред, бо видео тасвир кунед ва ба мо бифристед. Вайберу Вотсапп ва Телеграму ИМО дорем. То дидор дар барномаи дигар.