Имрӯз дар бораи сӯхтори хонаи муҳоҷирон дар Русия, ҷамъоварии санг ва фурӯши он дар Тоҷикистон ва вокунишҳо ба барканории даҳҳо корманди идораҳои давлатӣ мегӯем.
Барномаро бо видеое оғоз мекунем, ки аз Ёқутистон фиристодаанд. Муаллифи видео мегӯяд, онҳо аз ноҳияи Ҳисор ҳастанд ва дар ин гӯшаи дури Русия роҳро мумфарш мекунанд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, "агар дар Тоҷикистон низ барояшон фурсату маблағ ва техника дода шавад, омодаанд, даҳҳо километр роҳро таъмиру бозсозӣ намоянд".
Дар навори дигаре, ки ба дасти мо расид, сӯхтори хонаи ду муҳоҷири тоҷик дар Новосибирск тасвир ёфтааст. Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, соҳибони хона аз Ворухи Исфара ҳастанд. Аз хона чаҳор девори нивайрона ва хокистари зиёде мондаасту бас.
Видеои дигарро ҳам аз Русия гирифтем, аз фурудгоҳи Внуково. Муҳоҷирон иддао доранд, ки ширкати "Алянс" сафари онҳоро ба воситаи ҳавопаймоҳои «Ютейр» аз Маскав ба Душанбе танзим мекунад ва бо баҳонаи он ки борашон аз 100 грамм то як кило зиёд аст, 800-рублӣ меситонад.
Нигаронии муҳоҷирон аз он аст, ки ин кор танҳо бо намояндагони Тоҷикистон рух медиҳад. Масъулони ширкат кори худро қонунӣ гуфтаанд.
Хабари барканории тақрибан 100 корманди идораҳои давлатӣ дар Бадахшон ва барканории 36 маъмури гумруки ноҳияи Турсунзода аз мавзуъҳои сербаҳс дар сомонаи Радиои Озодӣ буд. Ин барканориҳо дар натиҷаи санҷиш ё аттестатсия сурат гирифтааст. Мақомот тасмими худро дуруст медонанд, вале баъзе аз кормандони барканоршуда розӣ нестанд.
“Реалист” дар торнамои Озодӣ навиштааст, “агар санҷиши ҳақиқӣ гузаронанд, шаст дарсади кормандони давлатӣ лоиқи вазифаҳои худ нестанд.” Корбари дигар бо номи “Гумрук” мегӯяд, “албатта, аттестасия шаффоф нагузашт. Бигзор сабти видеоро ба додгоҳ пешниход кунанд. Кормандони ботаҷрибаро нагузаронданд, касе пул дошт, гузашт.”
“Тарафдори ҳақиқат” гуфтааст, “мутахассиси оқилу доно ҳеҷ вақт набояд ронда шавад. Танҳо мутахассисони кундзеҳнро ҳама вақт аз кор меронанд. Барои ҳамин, аввал шахс бояд аз худ гила кунад.” Корбари “Беном” гуфтааст, “дар воқеъ, ҳамаи аттестатсияҳо дар вилояти Бадахшон ин барканор кардани онҳоест, ки лагандбардориро қабул надоранд ва ба фасоди мақомдорони давлатӣ “не” мегӯянд.”
Шаҳидулло Файзуллоев дар Фейсбук гуфтааст, “ман ҳам корманди ҳифзи ҳуқуқ будам. Ду аттестатсияи давлатиро бо баҳои аъло гузаштам, лекин маро дастгирӣ накарданд ва баръакс маҷбур намуданд, ки аризаамро навишта бо хоҳиши худ аз кор равам. То ҳол бекорам.”
Саидшо пешниҳод кардааст, ки “аввал бояд вазири маориф, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва мансабдорони дигари ҷумҳуриро санҷиш кард.” Ганҷал гуфтааст, “вақте кормандони давлатиро аттестатсия накунанд, менависанд, ки дар сохтори давлатӣ ҳама бесаводу кӯрсавод нишастаанд. Модоме ки аттестатсия кунанд, боз менависанд, бечораю дигару дигарҳоро аз кор озод мекунанд.”
Дар охир видеои ваъдагӣ аз Тоҷикистон, аз канори рӯди Вахш. Муаллифони видео мегӯянд, баъзе аз сокинон ба ҷамъоварии санг ва тиҷорати он машғуланд, то як бахши зиндагии худро таъмин кунанд. Вале нигарониҳое низ ҳаст, ки оби бисёр соҳилҳоро тез шуста, ба хонаи мардум наздик хоҳад шуд.
Шумо ҳам фиристодани видеоҳои ҷолиб ва шарҳҳои худро фаромӯш накунед. Ба ин рақамҳо:
- +420 607 900 808;
- +992 980 15 10 10,
- +420 724 056 681;
- +420 724 053 959.
ИМО-ву Вайбер ва Вотсапу Телеграм дорем.