Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи миллионҳои дигар дар минтақаҳои оффшорӣ


Ифшои миллионҳо санади махфии молӣ нишон медиҳад, ки Вилбур Росс, вазири тиҷорати Амрико дар як ширкати боркашие сармоя дорад, ки бо ширкати мутаалиқ ба атрофиёни Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳамкорӣ мекунад.

Санадҳое, ки Консорсиуми Байналмилалии Журналистони Пажӯҳишӣ зери унвони “Авроқи биҳиштӣ” рӯзи 5-уми ноябр нашр кард, ҳамчунин нишон медиҳанд, ки ширкати азими Газпром ва Бонки ВТБ-Русия дар ширкатҳои технологии Амрико сармояҳои бузурге гузоштаанд. Номи маликаи Бритониё Элизавета дар матбуот берун омад, чун бар асоси ин санадҳо ӯ дар як минтақаи оффшорӣ 13 миллион доллар сармоя доштааст.

Консорсиуми Байналмилалии Журналистони Пажӯҳишӣ, ки дар Амрико қарор дорад, соли 2016 ҳам “Авроқи Панама” санадҳои махфии молиро нашр кард, ки аз як ширкати ҳуқуқии Панама буд ва нишон медод, ки раҳбарон афроди сарватманди зиёде дар саросари ҷаҳон дар минтақаҳои оффшорӣ пул нигаҳ медоранд.

“Авроқи биҳиштӣ”- ро аз ду ширкати ҳуқуқӣ ва махзани сабти номи ширкатҳо дар 19 минтақаи оффшорӣ ба даст оварда, ба рӯзномаи Зуддойче Сайтунги Олмон додаанд. Ба рӯзномаҳои Гордиан, Би Би Си, Ню Йорк Таймс ва даҳҳо расонаи дигар низ ҳақ додаанд, ки асноди мазкурро омӯзанду бинависанд.

Дар байни 13. 4 миллион санад асосан ду номи шинохта дар ҷаҳон Вилбур Росс ва Малика Элизавета берун омадаанд. Ҳеҷ аломате вуҷуд надорад, ки фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ аст, вале иртиботи вазири тиҷорати Амрико бо ширкатҳои русӣ, метавонад, баррасии фаъолиятҳои ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро зиёдтар кунад. Ҳоло ҳукумати ӯро ба бархӯрди манофеъ муттаҳам мекунанд.

Таҳқиқи иртиботҳои шарикони Доналд Трамп бо Русия баъд аз он шурӯъ шуд, ки Русияро ба мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 муттаҳам карданд. Таҳқиқот сари он ҳоло идома дорад, ки оё атрофиёни Трамп бо мақомоти Русия ҳамдастӣ доштаанд, ё не. Доналд Трамп, таҳқиқот дар бораи интихоботро беасос номидааст.

“Авроқи биҳиштӣ” нишон медиҳад, ки Вилбур Росс миллиардери сармоягузор баъди расидан ба мақоми вазири тиҷорати Амрико, иртиботаш бо ширкати борбариеро идома додааст, ки бо шарикони Путин ҳамкорӣ дорад.

Вилбур Росс, вазири тиҷорати Амрико
Вилбур Росс, вазири тиҷорати Амрико

Вилбур Росси 79-сола як замон саҳмияҳои зиёди “Навигатор Ҳолдинг”, як ширкати борбариеро дар даст дошт, ки барои ширкати русии Сибур, газ мекашад.

Бахше аз ширкати Сибур ба Геннадий Тимченко, рафиқи Путин ва Кирил Шамалов домоди ӯ тааллуқ доштааст. Амрико баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия ба зидди ин ширкат таҳрим эъмол кард. Дар ин бора рӯзномаи Ню Йорк Таймс навиштааст.

Як ширкати молии Вилбур Росс як замон бузургтарин саҳҳоми “Навигатор” будааст, вале баъди расидан ба мақоми вазири тиҷорат ӯ саҳмияҳояшро коҳиш додааст. Вале санадҳо нишон додаанд, ки арзиши саҳмияҳои ӯ дар Навигатор аз 2 то ба 10 миллион доллар мерасад.

Ба навиштаи Ню Йорк Таймс, саҳмияҳои Вилбур Росс дар “Навигатор” дар ҳисоби як шабакаи печидаи ширкатҳоест, ки дар Ҷазираҳои Кайман сабти ном шудаанд.

Ҷеймс Рокас, сухангӯи вазорати тиҷорати Амрико гуфт, “Вилбур Росс ҳеҷ гоҳ бо саҳҳомони Сибур мулоқоте надоштааст ва то кунун дар бораи чунин иртибот хабар надошт.”

Хабарнигори Би Би Си, ки бо вазири тиҷорат сӯҳбат доштааст, мегӯяд, ки вазир гуфтааст, ҳеҷ чизи ғайриқонуние дар сармоягузории ӯ дар Сибур вуҷуд надорад.

Аз санадҳои молӣ ҳамчунин ошкор кардаанд, ки Юрий Милнер, як шаҳрванди Русия, ки дар ширкатҳои технологии Амрико сармояи зиёд дорад, аз бонки давлатии ВТБ- и Русия 191 миллион доллар қарз гирифта ва дар ширкати Твиттер сармоя гузоштааст.

Ба гуфтаи Ню Йорк Таймс, Русия ВТБ-ро барои “созишҳои стратегии сиёсӣ” ба кор мебарад. Аз “Авроқи биҳиштӣ” ҳамчунин ин иттилоъро ёфтаанд, ки як шохаи молии Газпром, ширкати давлатии Русия як ширкати оффшорие таъсис дода ба ширкати сармоя гузоштааст, ки ба Милнер иртибот дорад. Ва ин ширкат баъди оғози фурӯши саҳмияҳои Фейсбук дар соли 2012 дар ҳаҷми 1 миллиард доллар саҳмияҳои ин ширкатро харидааст.

Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Дар ин санадҳо номи Алишер Усмонов миллиардери узбактабор аз Русия низ ҳаст, ки пинҳонӣ дар як ширкати мубориза бо пулшӯӣ саҳмия харидааст.

Номи Маликаи Бритониё Элизавета ҳам дар “Авроқи биҳиштӣ” омадааст. Ширкати Дачи Ланкастер, ки даромади ӯро таъмин мекунад ва масъули мудирияти моликият ва сармояҳои 650 миллион долларии ӯ мебошад, дар Ҷазираҳои Кайман ва Бермуда, ки минтақаҳои оффшорӣ ҳастанд, миллионҳо доллар сармоя гузоштааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон агарчӣ дар фаъолиятҳои ин ширкат ҳеҷ чизи ғайриқонунӣ набудааст, аммо мумкин аст, Малика Элизаветаро барои сармоягузорӣ дар хориҷ аз Бритониё танқид кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG