Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амак дар хона" - албоми нави Парвиз Назаров


Парвиз Назаров, овозхони тоҷики муқими Қазоқистон
Парвиз Назаров, овозхони тоҷики муқими Қазоқистон

Овозхони маъруфи тоҷик Парвиз Назаров албоми нави таронаҳояшро бо номи “Макидома” ё “Амак дар хона” вориди бозор кард.

Ҳунарманди 44-солаи тоҷики муқими Қазоқистон Парвиз Назаров албоми нави сурудҳояшро ба бозор арза кард, ки ба забонҳои тоҷикӣ, шуғнонӣ ва русӣ эҷод шудаанд. Ин албом "Макидома" номгузорӣ шуда, ба гуфтаи худи Парвиз Назаров, чанд маъно дорад.

"Макидома исми як қабила дар Африқост, ин исми як ғизои ҷопонист ва муҳимтар аз ҳама - аз забони шуғнонӣ "Амак дар хона" тарҷума мешавад," - гуфт ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Алма-Ато. Ҳамин маънои охири ин калима аз ҳама бештар ба сифатҳои албоми нави сурудҳо мувофиқат мекунад, чун, ба гуфтаи овозхон, дар ин видео-клипҳо, ӯ ҳамроҳ бо ду бародарзодааш ҳунарнамоӣ мекунанд. Яке аз онҳо – писари Далер Назаров Аброр Назаров аст, ки дар Тоҷикистон ва Русия кору зиндагӣ мекунад.

"Албоми нав аз 13 суруд ва 9 видео-клип иборат аст. Суруди нахустини ин албом, ки тоза пахш шуд, ба тоҷикӣ иҷро шуда, "Бигӯ, чаро?" ном дорад. Баъди ин суруд мо ният дорем, ки тадриҷан дигар сурудҳои ин пружаи калонро ба тамошобинон тақдим кунем," -- гуфт Парвиз Назаров.

Ӯ афзуд, ҷараёни эҷоди сурудҳо нахуст тавассути Скайп сурат гирифт ва баъдан бародарзодаҳо аз шаҳрҳои Маскаву Калининград ба Алма-Ато омада, дар студияи сабти садои Парвиз Назаров онҳоро сабт кардаанд. Тамоми кор ду моҳ идома карда ва дар моҳи ноябр аввалин суруди ин албом пахш шудааст. Парвиз Назаров мегӯяд, матну оҳанги тамоми сурудҳоро амаку бародарзодаҳои ҳунарманд якҷоя эҷод кардаанд.

Овозхон мегӯяд, барояш масъалаи забони оҳанг дар навбати дуюм меистад, пеш аз ҳама ӯ болои мусиқиву садо кор мекунад ва баъдан, ба гуфтааш, “мувофиқи амри эҳсосу дил” матни сурудро ба забони тоҷикӣ, шуғнонӣ, ё русиву қазоқӣ ва ҳатто англисӣ эҷод мекунад. Аксари сурудҳои албоми нав, ба гуфтааш, аз таронаҳои тоҷикӣ иборат аст.

Парвиз Назаров – намояндаи хонаводаи маъруфи Назаровҳо аз Тоҷикистон буда, 23 соли охир дар Қазоқистон зиндагиву кор мекунад ва дар ин муддат 14 диск ва беш аз 50 оҳанг эҷод кардааст.

XS
SM
MD
LG