Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон ба ҳимоят аз қазияи Умаралӣ ҳамоиш доир мешавад


Барои ҳимоят аз парвандаи Умаралӣ Назаров, дар назди консулгарии Русия дар Мюнхени Олмон ҳамоиши эътирозӣ доир мешавад.

Барои ҳимоят аз парвандаи Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки дар шаҳри Сантк-Петербурги Русия аз дунё даргузашт, дар шаҳри Мюнхени Олмон низ ҳамоиши эътирозӣ бар зидди ниҳодҳои интизоимии Русия баргузор мешавад. Барои баргузории ин эътироз Мадина Муҳаммадова, хонуми доғистониасли шаҳрванди Олмон аз мақомоти шаҳрдорӣ иҷозаи расмӣ гирифтааст ва дӯстони худро тавасути шабакаи иҷтимоии Facebook аз ин ҳамоиш огаҳ кардааст.

Умаралӣ Назарови панҷмоҳа шаби 14 октябр соли ҷорӣ дар бемористони Тсимбалинаи шаҳри Санкт-Петербург, баъди онки дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова ӯро аз модараш ҷудо карданд, даргузашт. Ҳамон рӯз додгоҳи Петербург ҳукми ихроҷи Зарина Юнусова ба далели вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русияро содир кард.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Мадина Муҳаммадова ибтидо пурсидем, чаро вай тасмим гирифтааст, ки дар хориҷ аз Русия ба ҷонибдорӣ аз падару модари Умаралӣ Назаров дар назди консулгарии Русия дар Мюнхен тазоҳуроти эътирозӣ баргузор кунад?

Мадина Муҳаммадова гуфт, ки “қалбам маро ба ин кор водор кард. Ман ҳам модари ду кӯдак ҳастам, модаркалон ҳастам ва ду набера дорам. Онҳо ҳам дар Русия, дар Маскав зиндагӣ мекунанд. Ман вақте, ки ин духтар-Заринаро дидам, ба ҷаҳони ботинии вай ворид шудам. Қалбам саршор шуд. Мехостам фарёд занам. Боғчае дорем, ба он ҷо баромадам, фарёд кашидам, то ғуссаро аз вуҷуди худ берун андозам”.

Мадина Муҳаммадова
Мадина Муҳаммадова

Мадина дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки баъд аз он фикр кард, ки ҳеҷ имкон надорад, ки аз модари ин кӯдаки панҷмоҳа, аз Заринаи фарзандгумкарда ҳимоят накунад: "Ба худ гуфтам, ки бояд ором нанишинам ва ба садои қалби худ гӯш диҳам. Фикр кардам, ки шояд одамоне ҳастанд, ки мисли ман фикр мекунанд ва муқаддасоти инсонӣ барои онҳо ҳам азиз аст. Агар ман дар танҳоӣ коре карда наметавонам, дар якҷоягӣ бо чунин одамон шояд таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мушкил ҷалб кунем. Нишастам ва ба идораҳои дахлдори шаҳр нома навиштам. Аз мусибати модари ноком, ки вайро дар чунин вазъ дар Санкт-Петербург одами навъи дуввум қабул мекунанд ва ҳуқуқҳояшро на танҳо чун модар, балки чун як шахси оддӣ поймол мекунанд, “дарди дил” кардам ва хостам, ки ба ман иҷозаи баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар назди бинои консулгарии Русия дар шаҳри Мюнхенро диҳанд. Ман номи ҳамоишро “Демонстрация против фашизма и нацизма в Российских силавых структурах? Случай с Умарали Назаровым” номгузорӣ кардам.

Мадина Муҳаммадова дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки хушбахтона ҷониби Олмон садои қалби ӯро шунид ва вай ба онҳо ҷои ҳамоиш ва вақти онро ҳам пешниҳод кард. Мақомоти олмонӣ пешниҳоди ӯро пазируфтанд ва иҷоза доданд, ки рӯзи шанбе, 5 декабр аз соати 14:00 то 15:00 дар назди консулгарии Русия ин ҳамоиш бо ширкати хоҳишмандон баргузор шавад. Ба гуфтаи вай, пулиси Олмон амнияти маҳали баргузории ҳамоишро таъмин хоҳад кард.

Мадина Муҳаммадиева мегӯяд, ки ҷониби Русия баъд аз ин иҷоза дар берун аз ҳудуди консулгарӣ ҳақи дахолат ба ҳамоиши онҳоро надорад ва онҳо фақат мехоҳем, ки ин консулгарӣ садои қалби онҳоро ба хоҷагони худ дар Русия расонад ва расидагӣ ба парвандаи Умаралӣ Назаров одилона анҷом бигирад.

Марги Умаралӣ Назаров мавҷи то кунун бесобиқаи эътирозу маҳкумиятҳо дар Русияву Тоҷикистон ва берун аз он ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федеросиюн Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

XS
SM
MD
LG