Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Путин-бургер” як дурӯғи матбуоти давлатӣ будааст. ВИДЕО


Карикатуари Сергей Ёлкин
Карикатуари Сергей Ёлкин

Чанд телевизиони давлатии Русия, аз ҷумла Россия-24 ва RT гузориши видеоиеро аз як тарабхонаи шаҳри Ню-Йорк пахш карданд, ки як бургер ё хӯриши вижаро ба муносибати зодрӯзи Владимир Путин таҳия кардааст. Дар гузориши телевизионӣ, ки рӯзи 7 октябр пахш шуд, ҳангоми намоиши саҳнаҳое аз як тарабхонаи Ню-Йорк гуфта шуд, ки ин бургер 1952 грамм вазн дошта, махсус ба муносибати соли таваллуди Путин таҳия шудааст.

Видео-гузориши аввалро дар ин бора оҷонсии Ruptly пахш кард, ки марбут ба телевизиони RT аст. Чанде баъд ин гузориш аз вебсайти оҷонсӣ ҳазв шуд.

Дар навори телевизионӣ як бармени ин тарабхона гуфт, ки “Путин-бургер” се соли охир таҳия мешавад, чунки бовар доранд, ки “Путин як сиёсатмадори фавқулодда мебошад”. Дар пай оҷонсии ТАСС бо такя ба як мудири тарабхона бо номи Тед Брайен гуфт, ки “Путин ягона раҳбари сиёсӣ аст, ки зодрӯзаш дар ин тарабхона таҷлил мешавад”. ​

Вале як таҳқиқоти журналистии нашрияи бритониёии Guardian ва ҳам як проекти "Лапшеснималочная" баъди санҷидани иддаоҳои ин гузориш собит карданд, ки тамоми маводи дар гузориш пахшшуда дурӯғ будааст.

Аз ҷумла, дар як нома мудири тарабхона ба онҳо гуфтааст, ки шахсе бо номи Тед Брайен ҳеҷ гоҳ дар ин ресторан кор намекард. Ин ресторан ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ шакл зодрӯзи Путинро таҷлил накардааст ва ба ҳеҷ сурат “Путин-бургер” ҳам таҳия намекунад.

Даря, як духтари рустаборе, ки дар ин навори видеоӣ ба ҳайси бармени ресторан гамбургери Путинро ситоиш мекунад, баъди ошкор шудани ҳақиқати ҳодиса аз кор ронда шуд. Ҳоло ин тарабхона вакили дифоъ гирифта мехоҳад бо кӯмаки ҳуқуқшиносон ҳодисаи рӯйдодаро таҳқиқ ва ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Инчунин маълум шудааст, ки ду корманди тарабхона ба мудир дурӯғ гуфтаанд, ки гӯё онҳо машғули сабти як барномаи видеоии дарсӣ ҳастанд.

Айни замон, сухангӯи телевизиони RT Анна Белкина дар посух ба нашрияи Guardian гуфтааст, ки ҳеҷ баҳонае барои таҳти шубҳа қарор додани гузориши видеоии мазкур надорад. Белкина ҳам бо истинод ба Тед Брайен гуфтааст, ки ин видео-гузориш ҳақиқӣ будааст.

XS
SM
MD
LG