Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷаммӯи назди маркази савдои "Москва" бо омадани ОМОН пароканда шуд. ВИДЕО


Нирӯҳои интизомии Русия даҳҳо ҷамъомадагон, аксар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз назди маркази тиҷоратии "Москва" дар ноҳияи Люблино пароканда карданд. Баъди соати 15 рӯзи 21 сентябр дар давоми тахминан як соат даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар назди ин маркази савдо ҷамъ омада аз ҳодисаи латукӯби Наврӯз Зикиров эътироз карданд.

Аксари онҳо бо ин андеша, ки Зикиров кушта шудааст, садо баланд карда ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодисаро талаб карданд.

Шариф Ғуломов гуфт, ки акнун дилаш ором гирифт, чунки вазъи бародарзодааш воқеан ҳам мӯътадил буда, зери назари табибон мебошад.

Вале бо наздик шудани сарбозони ОМОН - нирӯҳои вижаи ВКД Русия ин ҳама муҳоҷирон фирор карданд. Ин дар ҳолест, ки хабари марги муҳоҷири тоҷики корманди маркази савдои "Москва", ки дар оғоз аз ҷониби шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе матбуот пахш шуд, беасос баромад.

Зикирови 27-сола бо осеби сар дар бемористони маҳаллии рақами 68 ва зери назари пизишкони асабшинос қарор дорад ва сиҳҳатиаш мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар паи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, амаки Зикиров Шариф Ғуломов ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳоли Наврӯз дар палатаи бемористон хабар гирифта дидааст, ки вазъи ӯ мӯътадил мебошад.

Русия макони кори садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки бинобар бекориву даромади кам дар ватан ба ин кишвар дунболи кор мераванд. Маскав макони аслии таҷаммӯи муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар баробари кор дар соҳаи коммуналӣ, онҳо дар сохтмону тиҷорат ҳам кор мекунанд. Муҳоҷирон маъмулан як қишри заъфпазир дар иқтисоди Русия ҳастанд, чунки кору даромади онҳо, бахусус дар шароити феълии бӯҳрони иқтисодӣ, на ҳамеша расмӣ ва аланӣ сурат мегирад.

Ба ҷони Зикиров чизе таҳдид намекунад

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, вазъи сиҳатии Наврӯз Зикиров мӯътадил буда ба ҷонаш хатар таҳдид намекунад. Дипломатҳои тоҷик овозаҳои даргузашти Зикировро дар пайи ин занозанӣ рад карданд.

Сарвар Бахтӣ, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз дохили бемористони № 68-и шаҳри Маскав гуфт, ки табибон вазъи сиҳатии ин шаҳрванди Тоҷикистонро мӯътадил арзёбӣ карда мегӯянд, шояд ба зудӣ ба хона ҷавоб шавад. Сардухтури бемористони № 68 ба ин масъули сафорат гуфтааст, ки ташхис нишон дод, ки Зикиров осеби сар (сотрясение мозга) дида, дигар ҷойҳои баданаш солим аст.

Табибон гуфтаанд, ки бо дархости полис ва ба хотири ҷилавгирӣ аз бебандуборӣ, касеро иҷозат намедиҳанд, ки назди бемор дарояд. Тафтиши ин қазияро сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ пеш мебаранд. "Дар наздиктарин фурсат дар бораи вазъи сиҳҳатии Зикиров маълумоти бештар ба даст меояд", гуфт ин дипломат.

Наврӯз гуфтааст, аз ҳолаш нигарон набошанд

Сарвар Бахтӣ баъди дидорбинии Наврӯз Зикиров дар дохили утоқи бемористон гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи нейрохирургия бистарӣ аст ва ба саволҳои муфаттиш посух медиҳад. Вай дар сӯҳбат бо тафтишот гуфтааст, ки баҳси ӯ бо ду муҳофизи маркази тиҷоратӣ сари пардохти пул бархост ва онҳо ӯро канор бурда ба ноҳияи сараш заданд. Қисмҳои дигари баданаш осеб надидаанд. Наврӯз Зикиров гуфтааст, ки баъди ин латукӯб талош кардааст бо пои худ роҳ равад, вале аз ҳуш рафтааст. Зикиров аллакай бо бародараш ҳам телефонӣ сӯҳбат карда гуфтааст, ки аз ҳоли ӯ нигарон набошанд.

Ба гуфтаи С.Бахтӣ, Зикиров дар ин бемористон аз санҷиши томографӣ ҳам гузаронида шуд ва дар дохили мағзи сари ӯ нишонаҳои осеб ё хунравӣ ошкор нашудааст.

14 нафар дар боздошт аст

Сарвар Бахтӣ баъди нисфирӯзи 21 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми дирӯз ҳудудан 70 нафари ширкатдори ин моҷаро ба шӯъбаи полиси ноҳияи Люблино оварда шуда, то ин замон аксарашон баъди тафтиши санадҳо озод шуданд. Феълан шумори афроди мавриди санҷиш ва дастгиршуда 14 нафар, аксар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва полис таҳқиқи нақши онҳо дар ҳодисаи дирӯзро идома медиҳад.

Вай дар сӯҳбати қаблӣ гуфт, ки аксар боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Полис, ба гуфтаи Сарвар Бахтӣ, ин парвандаро таҳқиқ мекунад ва ҳанӯз моддаи ҷиноӣ аз рӯи ин парванда боз нашудааст. Қаблан Интерфакс аз қавли дафтари матбуоти полиси шаҳри Маскав гуфт, ки нисбати ин қазия аз рӯи моддаи "авбошӣ" парванда боз шудааст.

Моҷаро бар сари пардохти ҳаққи ароба бархост

Матбуот ва чанд нафари огоҳ аз ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки моҷаро баъди он бархост, ки Наврӯз Зикирови 27-сола, ки дар маркази тиҷоратӣ ба ҳайси аробакаш кор мекард, барои надодани пули ҳаққи ароба айбдор шуд.

Дар Идораи пулиси шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ рӯзи 21 сентябр гуфтанд, ки шоми дирӯз нерӯҳои пулиси минтақаи ҷануб-ғарбии шаҳр занозании оммавиро дар кӯчаи Тихоретский Булвар, пешгирӣ карданд. Хадамоти матбуоти пулиси шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз расидани хабари ҷамъшавии издиҳом дар назди маркази савдои “Москва”, нерӯи пулис зуд ба он ҷо эъзом шуд ва аз занозанӣ ҷилавгирӣ намуд. Идораи пулиси Маскав ин муноқишаро “маишӣ” унвон кард ва гуфт, ки айни замон сабабҳои сар задани он, тафтиш мешавад.

Маркази тиҷоратии "Москва" дар ноҳияи Люблино. Акс аз вебсайти http://optmoskva.ru
Маркази тиҷоратии "Москва" дар ноҳияи Люблино. Акс аз вебсайти http://optmoskva.ru

Хабаргузории русии "Интефакс" рӯзи 21-уми сентябр хабар дод, ки пас аз ҳодисаи латукӯби ин шаҳрванди Тоҷикистон, муҳоҷирони кории тоҷик дар назди ин фурӯшгоҳ таҷаммӯъ намуда ва хостори муҷозот шудани омилони латукӯби ин муҳоҷири кории тоҷик шуданд. Ба навиштаи ин манбаъ, дар пай мақомот даҳҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт кардаанд.

Амаки Наврӯз: Дилам ором шуд

Шариф Ғуломов, амаки Наврӯз Зикиров, ки дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ дар нимаи аввали рӯзи 21-уми сентябр аз манъ будани дидорбинӣ бо бемор шикоят кард, гуфт, баъди нисфирӯзи кормандони тиб ба ӯ иҷозати аёдати беморро доданд. Шариф Ғуломов гуфт, ки акнун дилаш ором гирифт, чунки вазъи бародарзодааш воқеан ҳам мӯътадил буда, зери назари табибон мебошад.

Ғуломов гуфт, Наврӯз 7 сол боз дар ин бозор кор мекунад ва ҳамаи санадҳои будубошаш дар Русия дуруст буд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, асли муноқиша аз ҷанҷоли пардохти 800 рубл ҳаққи гузар кардани аробаҳои пурбор сар зад. Ӯ гуфт:

“Инҳо вақте борро аз контейнерҳо ба бозор медароранд, 800 рубл ба посбонон пул медиҳанд. Дар он ҷо навбати зиёд мешавад. Дар ҳамин талотӯп пулро медиҳад, вале посбонон мегӯянд, ки ту пул надодӣ. Вале ин асабӣ шуда мегӯяд, ки ман пулро додам, метавонед навори видеорегистраторро тафтиш кунед. Аммо онҳо аз ин исрори Наврӯз хашмгин шуда мегӯянд, ки "ту кӣ ҳастӣ, ки ба мо гап мезанӣ ва ӯро латукӯб мекунанд “.

Ғуломов гуфт, Наврӯз дар Тоҷикистон оила дорад ва соҳиби се фарзанд аст. Таъмини оилаашро аз ҳисоби кори аробакашӣ таъмин мекунад. Наврӯз Зикиров як сокини ноҳияи Балҷувон аст. Як бародари ӯ дар ноҳияи Балҷувон ба хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 21 сентябр гуфт, ки онҳо аз вазъи Наврӯз хабаре надоштанд ва аз шоми дирӯз то кунун занге назадааст. Зубайдулло Каримов, яке аз бародарони Наврӯз гуфт, ки баъди хатми мактаб додараш пайваста ба муҳоҷират бо ҳадафи кор мерафт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG