Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуҷаббор Раҳмонов: “Ин вазифа аз боварии баланди сарвари давлат аст”


Ёвари нави президенти Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфт, таъйиноташро ба вазифаи нав хуш пазируфтааст.

Дар як тамоси телефонӣ Радиои Озодӣ аз Абдуҷаббор Раҳмонов, ёвари нави президенти Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа пурсид, ки таъйиноташро ба вазифаи нави баланд чӣ тавр қабул кард.

Ӯ гуфт: “Хуш пазируфтам. Ин, рости гап, як боварии баланди сарвари давлат аст. Бояд ба манфиати ватанду давлат хизмат кунем”. Ба савол дар бораи нақшаву ниятҳои нав, ки дар ин вазифа мехоҳад татбиқи онҳоро бо президент дар миён гузорад, Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки “пешниҳоду андешаҳо хеле зиёданд. Ҳама чиз барои рушди ҷомеа ва беҳтар шудани муҳити иҷтимоӣ равона мешавад”.

Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки муфассалтар дар бораи нақшаҳову ниятҳояш дар вазифаи нав, бо гузашти фурсат метавонад сӯҳбат кунад.

Рӯзи душанбе, 15 декабр бо қарори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ ректори Донишгоҳи омӯзгории пойтахт ба номи Садриддин Айнӣ ба вазифаи ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Саидмурод Фаттоҳзодаро иваз кард, ки муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон таъйин шуд. Зимнан, Фаттоҳзода дар ин вазифа ба ҷои Сафар Сафаров омадааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов яке аз шахсони матраҳ дар матбуоти Тоҷикистон аст. Вай дар вазифаҳои раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, баъдан дар мақоми вазири маорифи кишвар ба иқдомҳое даст задааст, ки боиси баҳси зиёд дар ҷомеа шудаанд. Аз ҷумла, дар кори телевизион ӯ саводи кормандони эҷодиро зери суол бурда, ҳамаро аз як диктанти умумии забони тоҷикӣ гузаронидааст.

Дар вазифаи вазири маориф ҳузури донишҷӯёну мактабиёнро ба дарс бо либоси исломӣ ва нимаурёни аврупоӣ манъ карда, истифода аз мошини шахсӣ ва телефонҳои мобилҳоро ҳам мамнӯъ карда буд. Дар ҳоле, ки худи Раҳмонов пайваста аз паст рафтани саводи муҳассилон ва коста шудани интизоми талабагӣ интиқод кардааст, худи ӯро дар тундлаҳнӣ ва ҳам зиёдаравӣ интиқод мекарданд.

Яке аз пурбаҳстарин амалҳое, ки дар вазифаи ректори Донишгоҳи омӯзгории пойтахт кардааст, ин талаби ҳозир шудани духтарони донишҷӯ бо пошнаи баланд ба дарс ва пешниҳоди ҷорӣ кардани ҷарима барои донишҷӯёни дарсгурез буд. Пешниҳоди ахири ӯро вазорати маорифи Тоҷикистон ғайриқонунӣ номид, вале ин мавзӯъ боис шуд, ки дубора исми Раҳмонов мавриди баррасиҳои матбуот қарор гирад.

Бо қарори дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон шуд ва бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода мудири муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гашт.

XS
SM
MD
LG