Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радио Свобода ба феҳрасти "агентҳои хориҷӣ" ворид шуд. ВИДЕО


Вазорати адлияи Русия феҳрасти расонаҳои хабариеро нашр кард, ки ба онҳо мақоми «агенти хориҷӣ» насб шудааст. Ба ин феҳраст «Садои Амрико», Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, барномаҳои вижаи Радиои Озодӣ бо номи "Фактограф" ва "Сибирь.Реалии", шабакаи телевизионии "Настоящее время", Бахши Тоторию Бошқирдии Радиои Озодӣ (AzatliqRadiosi), барномаҳои "Idel.Реалии", "Кавказ.Реалии", "Крым.Реалии" шомил шуданд.

Дар охири моҳи ноябр дар Русия қонуни наве қабул шуд, ки ба мақомоти

Шабакаи телевизионии RT барномаҳояшро тавассути телевизиони кабелӣ пахш мекунад, дар ҳоле, ки Радио Свобода чунин имкониятро надорад. Том Кент

давлатӣ ҳақ медиҳад расонаҳоеро, ки аз хориҷа маблағгузорӣ мешаванд, мақоми «агенти хориҷӣ» номгузорӣ кунанд. Ин расонаҳо бояд дар баробари вазорати адлия дар робита бо фаъолияти худ гузориш дода ҳар маҳсулоти худро ҳам бо истилоҳи вижа номгузорӣ кунанд. Айни замон, ҳанӯз шеваи тақдими маҳсулот зери чунин ном шарҳ дода намешавад.

Қарори маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳои хориҷӣ дар Русия баъди он қабул шуд, ки талаби мақомоти ИМА дар бораи ба ҳайси «агенти хориҷӣ» сабт кардани телевизиони RT-ро иҷро мекунад. Ин телевизион аз ҷониби давлати Русия маблағгузорӣ мешавад.

Намояндагони ИМА чандин бор таъкид кардаанд, ки қонуни агенти хориҷии ин кишвар аз қонуне, ки дар Русия амал мекунад, фарқ дорад ва ба ҳеҷ сурат дастрасӣ ба маълумотро маҳдуд намекунад. Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Том Кент гуфт, “шабакаи телевизионии RT барномаҳояшро тавассути телевизиони кабелӣ пахш мекунад, дар ҳоле, ки Радио Свобода чунин имкониятро надорад”. Вай гуфт, дар Русия журналистони Радио Свобода борҳо таъқиб ва лутукӯб шудаанд, дар ҳоле, ки дар ИМА ҳеҷ гоҳ журналистони телевизиони Русия бо чунин бархӯрд рӯбарӯ нашудаанд.

Исми Радио Свобода ба феҳрасти «агентҳои хориҷӣ» шомил шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG