Пайвандҳои дастрасӣ

“Эпидемия”-и ноаён дар Тоҷикистон. Ҳар рӯз як нафар мемирад


Дар Тоҷикистон ҳар рӯз як нафар кушта мешавад, чанд нафар ятим мемонанд, як модар фарзандашро аз даст медиҳаду чанд хонавода ба мусибат гирифтор мешаванд. Масалан, рӯзи 9-уми май дар Кӯлоб cе нафар, аз ҷумла ду ҷавони то 23-сола кушта шуданд, 7-уми май дар роҳи Душанбе-Чаноқ як марди 49 ва дигарӣ 54-сола ҷон доданд. Рӯзи 8-уми май ҳам бе мусибат нагузашт, як хонаводаи дигар аз ноҳияи Деваштич саробони 43-солаашро аз даст дод.

Баъзе аз ронандагонро мепурсӣ, ки ака ба куҷо шитоб дорӣ, дар дохили маҳаллаи аҳолинишин аз 50 километр дар соат зиёдтар ҳаракат кардан мумкин нест. Мегӯяд, ки ба намоз дер мешавад. Ё ҳатто баъзе мегӯянд, сериали зӯр мегузарад. Аниқ медонам, ки баъзеҳо дигар на сериал дидаанд ва на намоз хондаанд.

Вазъ дар Тоҷикистоне, ки на ҷанг дорад, на хунрезӣ ҳар рӯз ҳамингуна аст. Ин 6 сокини кишварро, ки бешак орзуву омоли зиёде доштанд, ҷинояткору қотиле, саратон ва ё бемории бедаво накуштааст.

Сабаби марги ҳамаи онҳо пеш аз ҳама суръати баланд ва беэҳтиётӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон будааст.

Дар дафтари матбуоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, 427 нафар кушта ва 1419 нафари дигар аз ҷумла кӯдакон маҷрӯҳ шуданд. “Ҳамасола аз 50 то 53 дар сади садамаҳо ба сабаби рондани нақлиёт бо суръати баланд сурат мегирад”, – гуфта шудааст дар посухи хаттии Бозрасӣ ба Радиои Озодӣ.

Аз даст додани писар дар рӯзи дафни писар

Садамаи автомобилӣ дар Мӯъминобод. Соли 2010. Акс аз бойгонӣ.
Садамаи автомобилӣ дар Мӯъминобод. Соли 2010. Акс аз бойгонӣ.

Яъне, рӯзе дар кишвар як ё ду нафар ҷон додаанд ва се ё чаҳор нафари дигар захмӣ ва баъзе ҳам маъюби бистарӣ шудаанд. Бисёре аз онҳо тамоми умр ба кумаки як узви хонавода эҳтиёҷ пайдо мекунанд, чун роҳ рафта наметавонанд.

Ҷустуҷӯи намуна барои нишон додани мусибати хонаводаҳое, ки дар садамаи нақлиётӣ азизашонро аз даст додаанд, мушкил нест. Тақрибан ба ҳар рустое дар Тоҷикистон наравед, як нафарро пайдо мекунед, ки садамаи нақлиётие зиндагиашро дар як рӯз комилан тағйир додааст. Аз ҷумла муаллифи ҳамин мақола, модари пиреро медонад, ки як писари 50-солаашро дар рӯзи дафни писари дигараш ва дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ аз даст додааст ва ҳар субҳашро бо гиря дар ҳасрати фарзандонаш шурӯъ мекунад.

Ҳар сол на камтар аз 400 нафар дар садамаҳо мемиранд

Дар чанд соли гузашта ҳам талафот дар натиҷаи садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон дар тӯли сол на камтар аз 400 нафар будааст. Соли 2015-ум 446 нафар, соли 2014-ум 449 нафар ва соли 2013 472 нафар дар роҳҳои кишвар ҷон додаанд.

“Баъзе аз ронандагонро мепурсӣ, ака куҷо шитоб дорӣ, дар дохили маҳаллаи аҳолинишин аз 50 километр дар соат зиёдтар ҳаракат кардан мумкин нест, мегӯяд, ки ба намоз дер мешавад. Ё ҳатто баъзе мегӯянд, ки ака сериали зӯр мегузарад. Аниқ медонам, ки баъзеҳо дигар на сериал дидаанд ва на намоз хондаанд”, -гуфт як нозири Бозрасии давлатии автомобилӣ.

“Кӯдак бо айби ман... ҳалок шуд”

На танҳо онҳое, ки азизашонро аз даст додаанд, ранҷ мекашанд, балки худи онҳое ҳам, ки тарафи дигар дар садамаи нақлиётӣ будаанд. Умар, ки кӯдаки 13-солаеро ба сабаби ногаҳон сари роҳ баромаданаш зер карда куштааст, мегӯяд, рӯзи ӯро ба сари касе наорад. Аз ин ҳодиса чанд сол гузашт, вале ҳамеша ин фикр азобам медиҳад, ки ин кӯдаки бегуноҳ бо айби ман ҳалок шуд, ҳарчанд, нозирон муайян карданд, ки беэҳтиётии кӯдак сабаби фоҷиа шуд”, - гуфт Умар.

Ӯ мегӯяд, худашро бахшида наметавонад, чун агар бо суръати пасттар ҳаракат мекард, наврас зинда буд ва ӯ азоби равонӣ намекашиду зиндагии ором дошт.

Яке аз кормандони Маркази шаҳри бехатар, ки ба қавли худаш, кораш тамошои киноҳои ваҳшатнок аст, мегӯяд, “бадтарин саҳна он аст, ки як нафаре аз роҳ мегузарад ва мошине ҳам бо суръати баланд омада, ӯро мезанаду дар як сония риштаи зиндагиашро меканад.” Ӯ мегӯяд, “агар як рӯз ба ҷойи ман биншинед, депрессия мегиред ва мефаҳмед, ки воқеан як эпидемияе идома дорад, ки ба чашм аён нест.”

“Шамол барин меравад”

Худи ронандагон мегӯянд, зиндагӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки босуръат ҳаракат кунанд, то корашон саривақт иҷро шавад. Бахтиёр, ки таксӣ меронад, мегӯяд, агар оҳиста ҳаракат кунад, ба қавли худаш пули кофӣ намеёбад ва “аз гуруснагӣ мемурад”. “Як мошини Шевролет дорам, зер мекунам шамол барин меравад”, - мегӯяд ӯ.

Давлати Тоҷикистон ҳам эътироф кардааст, ки маргу мир дар роҳҳо як мушкили бузурги кишвар аст. Барои ҳалли мушкил соли 2009 барномаи 4-солаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро амалӣ карданд, вале маргу мир ҳамчунон кам нашудааст. Дар ин барнома ҳам гуфта шудааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ дар натиҷаи садамаҳои автомобилӣ ҳар сол зиёда аз 420 нафар ҳалок мешаванд ва бештар аз 1700 нафар ҷароҳат мегиранд. “Зиёда аз нисфи онҳо маъюб мешаванд, ки ин барои иқтисодиёт ҳам зарари назаррас дорад”, -омадааст дар ин барнома.

“Оҳиста ронед ва ҷонҳоро эмин доред”

Ба гуфтаи муаллифони санад, на танҳо суръати баланд, балки танзиму назорати номукаммали бехатарии ҳаракат, таълими нодурусти ронандагон аз омилҳои дигари маргу мир дар роҳҳои кишвар аст. Созмони Милали Муттаҳид ҳам имсол барои коҳиши ҳалокати сокинон, ҳафтаи амният дар роҳҳо эълон кард, ки шиори он “Оҳиста ронед ва ҷонҳоро эмин доред” аст.

Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳам мегӯяд, ки барои таъмини амният дар роҳҳо ва ҳаракати бехатари мардум чорабиниҳои зиёд мегузаронад, аз ҷумла маъракаҳои тарғиботиву пешгирӣ, аммо суръати баланд, ҳамчунон як қонуншикании маъмул боқӣ мемонад, чун мардум ҳамеша “ба ҷое шитоб” мекунанд. Шитобе, ки ҳангоми ронандагӣ оқибатҳои марговар дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG