Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русал" аз Тоҷикистон рафт


"Русал" ширкати мутааллиқ ба Олег Дерипаска, аз сармоядорони наздик ба Кремл аст
"Русал" ширкати мутааллиқ ба Олег Дерипаска, аз сармоядорони наздик ба Кремл аст

Намояндагии ширкати "Русал"-и Русия фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кард. Ин ширкати мутааллиқ ба Олег Дерипаска, аз сармоядорони наздик ба Кремл, ки соли 2004 бо ваъдаи анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва як корхонаи дигари тавлиди алюминиум дар Данғара пой ба Тоҷикистон гузошта буд, аз кишвар рафтааст.

Тоҷикистон дар соли 2004 пойгоҳи назоратии “Окно”-ро дар Норак ба Русия дод ва Маскав дар иваз ба Душанбе ваъда дод, ки давоми 7 соли минбаъда то 2 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард.

Шамсиддин Гулов, як масъули намояндагии расмии ширкати “Русал” дар Тоҷикистон, рӯзи 10 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “намояндагии ширкати Русал дар Тоҷикистон баста шудааст. Ҳамаи коргарон охири моҳи август ҷавоб дода шуданд. Ҳоло ин намояндагӣ расман фаъолияташро қатъ кард ва дигар кор намекунад.”

Ин масъули ҳамакнун собиқи “Русал” дар Тоҷикистон дар мавриди чунучарои ин тасмим чизе нагуфт ва аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард. Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ дар ин ширкат, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “сабаби аслии тарки Тоҷикистон кардани “Русал” дар ин аст, ки ширкат дар инҷо барои пешбурди бизнеси худ дурнамоеро намебинад”. Ба таъкиди манбаъ, вазифаи аслии дафтари “Русал” дар Тоҷикистон ҳал кардани баҳсу кашмакашҳои додгоҳӣ бо ТАЛКО буд ва чун баҳси ҷонибҳо ахиран бо сулҳ анҷомид, зарурате барои будан намонд.

Дар идораи асосии “Русал” сабаби тасмими охир барои қатъи фаъолияти намояндагиашро дар Тоҷикистон то замони омода шудани ин матлаб шарҳ надоданд. Аммо дар Утоқи бозаргонии Русия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз 4 то 7 октябр як ҳайати “Русал” бо нияти ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ТАЛКО аз коргоҳҳои ин ширкат дар шаҳри Турсунзода ва Ёвон дидан карданд.

Тоҷикистон дар соли 2004 пойгоҳи назоратии “Окно”-ро дар Норак ба Русия дод ва Маскав дар иваз ба Душанбе ваъда дод, ки давоми 7 соли минбаъда то 2 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон он замон дар ҳузури раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо “Русал” қарордодеро имзо кард, ки ин ширкатро муваззаф мекард то 560 миллион доллар ба сохтмони Роғун ва 160 миллион барои бунёди корхонаи нави алюминиум дар Данғара сармоягузорӣ мекунад.

Аммо дар соли 2007 бар асари ихтилоф сари мавзӯи баландии садди обанбори нерӯгоҳи Роғун ҷониби Тоҷикистон якҷониба ин қарордодро бо “Русал” лағв кард. “Русал” баъдан ба ваъдаи дигараш ҷиҳати сохтмони корхонаи нави алюминиум дар Тоҷикистон вафо накард.

Ба дунбол ширкати Олег Дерипаска дар соли 2014 дар як баҳси додгоҳӣ дар Швейтсария ба коршарики корхонаи алюминиум - ТАЛКО - СDH Investment - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард. Баъдан, Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Созидание”, ширкати дигари мутааллиқ ба Олег Дерипаскаро ба сарпечӣ аз пардохти андоз ба маблағи беш аз 322 миллион сомонӣ айбдор кард. Кумитаи андоз гуфт, молики қаблии “Созидание” ширкати қибрисии WTT Hotels one Limited соли 2008 саҳмияҳояшро ба ширкати дигари қибрисии “SUNLINK LIMITED” фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро пардохт накардааст.

Ширкати «Созидание» дар навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурд, вале ин додгоҳ дар моҳи майи соли 2014 баҳсро боз ҳам ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард. Дар ниҳоят Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор пардохти қарзи андози ширкатҳои марбут ба Дерипаскаро ба дӯши ТАЛКО вогузор кард. Қароре, ки дар ниҳоят боиси созиши Талкову Русал шуд.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, мегӯяд, бо вуҷуди онки Русал дар Тоҷикистон ваъдаҳояшро ҷиҳати сармоягузории миллиардҳо доллар иҷро накард, боз ҳам кишвар аз омадани ин ширкат фоида дидааст. Вай гуфт, “бояд мунсифона иқрор шавем, ки миёни Тоҷикистон ва Русал на қарордод, балки ёддошти тафоҳум барои сармоягузорӣ имзо шуда буд. Яъне, ин ҳуҷҷат маънои онро надошт, ки Русал ҳатман ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Аммо аз сӯи дигар бо омадани Русал ва ваъдаи сармоягузории миллиардҳо доллар даҳҳо ширкати бузург ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд ва бархеашон ба кишвар омаданд.”

Абдуллоев афзуд, Русал маҳз бо дархости роҳбарияти Тоҷикистон дар Душанбе як меҳмонхона ва як маркази бизнес бунёд намуд, ҳарчанд сохтмони ин иншоот дар гуфтумони соли 2004 дар назар набуд.

XS
SM
MD
LG