Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушнудӣ, шок ва хашм - аз тасмими иштироки Русия дар Олимпиада. ВИДЕО, ИНФОГРАФИКА


Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манъи Русия аз бозиҳои зимистонаи Олимпӣ, ки дар заминаи иттиҳомоти истеъмоли допинг асос ёфтааст, мухталиф буд: бархе аз ин қарор истиқбол карданду дигарон шок шуданд ва гурӯҳи сеюм ба хашм омад.

Мақомоти зиддидопингӣ гуфтанд, мубориза бо истеъмоли допинг дар бозиҳои байналмилалии олимпӣ як сиёсати муҳим аст ва фурсати зиёде мехоҳад, ки ин масъала рафъ шавад. ​“Варзишгарони пок ба пирӯзии назаррас даст ёфтанд”, - гуфт Травис Тигарт, раиси оҷонсии зиддидопингии ИМА ва як мунаққиди аслии Русия.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, омода аст варзишгарони русиягиро, ки ҳам намудҳои инфиродӣ ва ҳам намудҳои дастаиро намояндагӣ мекунанд, ба бозиҳо роҳ бидиҳад, вале танҳо таҳти парчами олимпӣ.

Ӯ гуфт, Русия дар бозиҳои Сочӣ дар соли 2014 ба арзишҳои олимпӣ хиёнат кард. Кумитаи олимпии ИМА қарори манъи ширкати Русияро дар Олимпиада ҳамчун “як тасмими қавӣ ва қотеъ” ситоиш кард.

Як муфаттиши канадагӣ Ричард Макларен, ки схемаҳои истеъмоли допинг аз ҷониби варзишгарони русро дар соли гузашта фош кардааст, гуфт, “мо бояд фарҳанги солими рақобати варзиширо тарбия кунем, ки аз принсипи “пирӯзӣ ба ҳар қимат” ба “рақобати солим” бояд табдил шавад”.

Дар ҳоле ки мақомоти Русия аз қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба хашм омадаанд, ҳанӯз тасмими ниҳоии худро дар ин замина нагуфтанд. Бархе мақомоти русӣ гуфтанд, ки варзишгарони пок аз истеъмоли допинг метавонанд дар бозиҳои зимистонаи моҳи феврал дар Кореяи Ҷанубӣ иштирок кунанд.

Президенти кумитаи олимпӣ Александр Жуков гуфт, “муҷозоти бегуноҳон ноодилона ва ғайриахлоқӣ аст”. Вай дар сӯҳбат ба оҷонсии R-Sport гуфт, “ин чиз бо принсипҳои бозиҳои олимпӣ дар ихтилоф аст”. Айни замон ӯ аз иҷозаи иштироки варзишгарони тоза аз допинг ба бозиҳои олимпӣ истиқбол кард. “Муҳим аст, ки онҳо ба унвони варзишкорони Русия, на кадом варзишгарони бетараф муаррифӣ мешаванд. Ин хеле муҳим аст”, гуфтааст Жуков.

Тасмими деринтизори Кумитаи байналмилалии олимпӣ

Кумитаи байналмилалии олимпӣ иштироки варзишгарони русиягиро дар Олимпиадаи соли 2018 дар Пҳенчҳони Куриёи Ҷанубӣ дар як ҷаласаи кумитаи иҷроияи ин созмон, ки рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария доир шуд, баррасӣ намуд. Дар ин ҷаласа Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, гуфт, ки Кумитаи олимпии Русия аз ҳамин лаҳза аз узвият хориҷ шудааст.

“Варзишгарони русиягӣ, ки допинг истеъмол накардаанд, дар мавриди пазируфтани шартҳои қатъӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пҳенчҳон роҳ дода мешаванд. Ин варзишгарони даъватшуда бо номи “Варзишгарони олимпӣ аз Русия” ҳам дар намудҳои инфиродӣ ва ҳам дар намудҳои дастаӣ таҳти парчами олимпӣ ширкат меварзанд. Дар маросим танҳо гимни олимпӣ садо медиҳад", - афзуд ӯ.

Ба ягон шахси расмӣ аз Вазорати варзиши Русия иҷозаи ширкат дар Олимпиада дода намешавад. Вазири варзиши Русия Виталий Мутко ва муовини ӯ Юрий Нагорних, ки ҳангоми баргузории Бозиҳои олимпии Сочи ин вазифаҳоро бар дӯш доштанд, дар оянда ба ягон олимпиада роҳ дода намешаванд”, - изҳор намуд Томас Бах.

Дар пироҳани варзишгарони русиягӣ танҳо парчами олимпӣ инъикос меёбад. Дар Олимпиада гимни Русия садо намедиҳад, ба ҷои он гимни олимпӣ танинандоз мешавад.

Исми тим "Варзишгарони олимпии Русия" мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Ҳамакнун тасмими ниҳоиро ҷониби русиягӣ хоҳад гирифт — оё Русия шартҳои Кумитаи байналмилалии олимпиро мепазирад? Ин масъала дар ҷаласаи олимпӣ рӯзи 12-уми декабр баррасӣ мешавад.

Ба иттилои ин манбаъ, бар асоси қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Олимпиада он варзишгароне метавонанд иштирок намоянд, ки пештар барои истеъмоли допинг муҷозот нашудаанд.

Дар баробари ин тасмими кӣ ба Олимпиада меравад аз ҷониби комиссияи вижа, ки ба он сарвари ITA (Ташкилоти мустақили ташхиси допинг) Валери Фурнейрон раҳбарӣ мекунад, гирифта мешавад. Як узви комиссияро WADA (Ташкилоти ҷаҳонии зиддидопингӣ), як нафари дигарро - DFSU (Doping Free Sport Unit) ва як нафарро – Кумитаи байналмилалии олимпӣ (Ричард Баҷетт, сарвари департаменти тиббии IOC) пешбарӣ мекунанд.

Моҷарои истифода аз допинги варзишгарони русӣ инак ду-се соли охир идома дорад. Мақомоти олимпӣ ба хулосае омаданд, ки истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарони русро мақомот ташкил мекарданд. Дар натиҷаи моҷарои марбут ба ҳимояти мақомот аз варзишгарон дар истифодаи доруҳои нерӯфизо ё допинг, бо тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ бештари намояндагони варзиши сабуки Русия ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳ дода нашуданд. Ба ҷуз ин, дастаи мунтахаби Русия аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2016 маҳрум шуда буд.

XS
SM
MD
LG