Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия парвози ҳавопаймоҳои Сомон-Эйрро манъ кард"


Русия аз рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла Қазону Иркутск, Оренбургу Сочи ва Новосибирскро манъ кардааст. Вале дар ҳоли ҳозир ин "таҳрим" ба парвози ҳавопаймоҳои "Сомон-Эйр" ба Маскаву Санкт-Петербург дахл надорад. Мақомоти Вазорати нақлиёти Русия ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтаанд, тасмими онҳо дар пайи розӣ нашудани Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз Маскав ба Душанбеву Хуҷанд гирифта шудааст.

Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки ду кишвар дар мавриди иртиботи ҳавоӣ баҳсҳоеро анҷом медиҳанд. Дар моҳи ноябр ҷониби Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе эътироз кард ва дар ниҳоят 7 ноябр ду кишвар дар ин масъала ба созиш расида буданд.

Маълум нест, ин маҳдудият то кай идома хоҳад кард. Навбатдори ширкати "Сомон Эйр" 23 декабр гуфт, ки феълан мушкиле дар парвози ҳавопаймоҳои онҳо ба самти Русия, бахусус Маскав пеш наомадааст, аммо афзуд, "субҳ боз дақиқтар хоҳад шуд".

Манобеи "Интерфакс" дар Вазорати нақлиёти Русия гуфтаанд, рӯзи 22 декабр музокироти Тоҷикистону Русия дар Маскав бе натиҷа анҷом ёфт. "Ҷониби Тоҷикистон бо нақзи созишномаи иртиботи ҳавоии миёни ду кишвар ва тавофуқи 7 ноябри имсол ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” розӣ нашуд. Ба унвони посух тарафи Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба минтақаҳои Русияро аз соати 00-и 23 декабр манъ кард", - изҳор доштаанд дар Вазорати нақлиёти Русия ба “Интерфакс”. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон то ҳол вазъияти охирро шарҳ надодааст.​

"Сомон Эйр" дар ҳафтае чор бор ба Қазон, дуборӣ ба Екатеринбург, Красноярск, Оренбург ва якборӣ ба Иркутск, Новосибирск ва Сочи парвоз анҷом медод. Ба ҷуз аз "Сомон Эйр" ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" низ мусофиронро аз Душанбеву Хуҷанд ба минтақаҳои гуногуни Русия мебарад.

"Тоҷикистон шартҳои худро ба Русия пешниҳод кард"

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Аз ин пештар масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буданд, ки шартҳои худро барои идомаи парвози ҳавопаймоҳои Ямал аз Русия ба Душанбе пешниҳод кардаанд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, рӯзи 22 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “агар шартҳои мо пазируфта шаванд, он вақт дар парвози ҳавопаймоҳои Ямал ба Тоҷикистон мушкил эҷод нахоҳад шуд.” Ганҷалзода ҷузъиёти шартҳоро ошкор накард, аммо гуфт, мақомоти ҳавонавардии кишвар барои музокирот бо ҷониби Русия дар Маскав қарор доранд.

Баҳси Тоҷикистону Русия бар сари чист: Нарх ё тақсими нобаробар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим

Тоҷикистон дар як марҳилаи нав қарор дорад ва дигар намешавад бо кишвари мо аз мавқеи фишороварӣ гап зад. Бояд танҳо дар асоси паритет ё баробарӣ музокирот кард.
Абдуғанӣ Мамадазимов

Иҷоза фақат барои як парвоз?

Ҳавопаймоҳои ширкати Ямал бо тақрибан 200 мусофир рӯзҳои 20 ва 21 декабр натавонистанд, ки аз фурудгоҳи навтаъсиси Жуковскийи вилояти Маскав ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз кунанд. Ба дунбол, Вазорати нақлиёти Русия ҳушдор дод, ки дар сурати розӣ нашудани Тоҷикистон рӯзи 22 декабр роҳи ҳавопаймоҳои кишварро ба самти Русия хоҳад баст.

Ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз фарорасии рӯзи 22 декабр Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки гӯё Тоҷикистон ба шарти онҳо розӣ шуда ва ба парвози ҳавопаймоҳои Ямал аз Маскав ба Душанбе иҷоза додааст. Аммо Шералӣ Ганҷалзода гуфт, онҳо ба таври истисноӣфақат барои анҷоми як парвоз розӣ шуданд ва поёни музокирот дар Маскав масъаларо ҳал хоҳад кард. Ӯ гуфт, “ширкат бидуни дарёфти иҷозаи расмӣ ба фурӯши билетҳо ба мусофирон шурӯъ карда буд ва теъдоде аз мусофирони тоҷик дар роҳи сафар ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Жуковский банд монданд. Танҳо ба ин хотир тасмим шуд, ки ширкати Ямал барои овардани ин мусофирон то Душанбе як парвоз анҷом диҳад.”

Баҳс барои чист: Нарх? Тақсими нобаробар? Ё фишор?

Мавзӯи иҷозаи парвоз барои ҳавопаймоҳои ширкати Ямал дар Тоҷикистону Русия баҳсҳоеро бапо кардааст. Дар ҳоле ки тарафи Тоҷикистон мухолифат ва шартҳои худро рӯшан намегӯяд, баъзе афроди огоҳ гуфтанд, ки масъала ба хадамоти арзонтари ширкатҳои русӣ мепечад. Фаридун, як муҳоҷири корӣ аз Панҷакент, низ рӯзи 22 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бештари вақт аз хадамоти ширкатҳои ҳавоии Русия истифода мекунад, чун нархашон дар муқоиса ба шикратҳои худӣ арзонтар аст. “Бори охир аз Русия бо ҳавопаймои ширкати “ЮтЭйр” омадам, билеташро тақрибан ба 800 сомонӣ харидам. Нархи билети ҳавопаймоҳои Тоҷикистон бамаротиб гаронтар аст”, - гуфт ӯ.

Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад, ки ҳамасола чанд бор аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ истифода мекунанд. Ба ин хотир коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳалли мушкилоти иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бояд бо дарназардошти манофеи ду кишвар сурат гирад.

“Дигар намешавад бо Тоҷикистон аз мавқеи фишороварӣ гап зад”

Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфт, асли ин қазия ҷанбаи сиёсӣ надорад ва мушкил танҳо ба мавзӯи тиҷорат вобаста аст. Ӯ афзуд, “Тоҷикистон дар як марҳилаи нав қарор дорад ва дигар намешавад бо кишвари мо аз мавқеи фишороварӣ гап зад. Бояд танҳо дар асоси паритет ё баробарӣ музокирот кард. Дуруст аст, ки беш аз 70 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик аз ҳавопаймо истифода мекунанд ва интиқолу фоида аз хизматрасонӣ ба онҳо низ бояд дар асоси баробарӣ тақсим шавад.”

Абдулғанӣ Мамадазимов
Абдулғанӣ Мамадазимов

Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки ду кишвар дар мавриди иртиботи ҳавоӣ баҳсҳоеро анҷом медиҳанд. Дар моҳи ноябри имсол ҷониби Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи навтаъсиси Жуковский дар Маскав эътироз кард ва дар ниҳоят 7 ноябр ду кишвар дар ин масъала ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG