Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ мавриди пайгард қарор гирифт. ВИДЕО


Рӯзи 5 декабр дар лаҳзаҳои пуршӯре тазоҳургарон Саакашвилиро аз боздошти полис раҳо карданд
Рӯзи 5 декабр дар лаҳзаҳои пуршӯре тазоҳургарон Саакашвилиро аз боздошти полис раҳо карданд

Додситонии кулли Украина аз пулиси ин кишвар хост, президенти пешини Гурҷистон ва собиқ раҳбари вилояти Одесса Михаил Саакашвилиро таҳти пайгард қарор диҳад. Дар ин бора намояндаи расмии додситонӣ Андрей Лисенко дар Фейсбук иттилоъ додааст.

Пештар додситони кулли Украина Юрий Лутсенко ҳангоми суханронӣ дар порлумони ин кишвар гуфт, Саакашвилӣ, ки рӯзи сешанбе аз тарафи пулис боздошт шуд ва ҷонибдоронаш ӯро озод карданд, "фирорӣ"

Як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ қудратро дар Украинаи маҳбуби мо ғасб кардааст. Аз ҳар як нафар, аз украиниҳои асил даъват мекунам, ки истеъфои ӯро талаб намоянд.

дониста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, сиёсатмадор бо ин амали худ имкони ба ҳабси хонагӣ гирифтани худро зери суол бурд.

Мақомоти Украина Михаил Саакашвилиро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор карда, мегӯянд, ӯ барои тазоҳурот дар Украина аз олигарх Сергей Курченко, яке аз афроди наздики президенти пешини ин кишвар Виктор Янукович ним миллион доллар гирифтааст.

Додситонии Украина рӯзи сешанбе навори суҳбати телефониеро нашр кард, ки ба иддаои ин ниҳод, миёни Саакашвилӣ ва Курченко сурат гирифтааст. Дувумӣ гӯиё ба сиёсатмадор пешниҳод мекунад, ки бо ҳам "таърихи тӯлонӣ" бисозанд. Курченко мегӯяд, дар Украина "манфиатҳои тиҷҷорӣ" ва ба "утоқҳои гуногун"-и Русия дастрасӣ дорад.

Боздошту озодшавии Саакашвилӣ дар лаҳзаҳои пуршӯри тазоҳурот

Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва волии собиқи Одесса, дар як намоиши эътирозӣ дар назди порлумони Украина президент Петро Порошенкоро ба истеъфо даъват кард. Ин даъват баъди он садо дод, ки ҷонибдорони Саакашвилӣ ӯро аз дасти нирӯҳои амниятии Украина раҳо карданд. Саакашвилӣ, ки рӯзи 5-уми декабр хитоб ба издиҳом сӯҳбат мекард, Порошенкоро “як ҷинояткор” ва “хиёнаткор” номид.

“Як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ қудратро дар Украинаи маҳбуби мо ғасб кардааст”, - гуфт ӯ ва ҳамзамон афзуд, “аз ҳар як нафар, аз украиниҳои асил даъват мекунам, ки истеъфои ӯро талаб намоянд”.

Аз ин пеш Михаил Саакашвилиро тарафдоронаш аз дохили мошини хадамоти амнияти Украина берун оварданд. Нирӯҳои амниятӣ бо ҳадафи боздошти Саакашвилӣ ба хонае, ки ӯ зиндагӣ мекард, рафтанд ва ӯро дар болои боми он бино пайдо ва дастгир намуданд. Тазоҳургароне, ки дар атрофи мошини Хадамоти амнияти Украина буданд, сарҷамъона дарро боз карданд ва Саакашвилиро берун карданд. Дар он лаҳзаҳо пулис ба сӯи тазоҳургарон гази ашковар сар дод.

Видео: ​Тарафдорони Саакашвили ӯро аз мошини амниятиҳо берун бароварданд:

Пайравони Саакашвили ӯро аз мошини амниятиҳо берун бароварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Иттиҳом - ҳамкорӣ бо Янукович?

Озодшавии Саакашвилӣ дар пайи як зиддияти миёни нирӯҳои пулису амниятӣ ва садҳо эътирозгар даст дод, ки роҳҳоро масдуд карда, нагузоштанд ӯро бо худ бибаранд. Баъд аз ин Саакашвилӣ мардумро ба сӯи порлумон раҳнамоӣ кард ва аз тарафдоронаш хост, ки ба Майдони Истиқлолияти Киев, маркази эътирозҳои зидди Янукович дар соли 2014, бираванд. Дар ҳодисаҳои се соли пеш, баъд аз эътирозҳои ҷонибдорони пайвастани Украина ба Аврупо, Виктор Янукович қудратро тарк кард ва Петро Порошенко дар интихобот ғолиб шуд.

Юрий Лутсенко
Юрий Лутсенко

Дар навбати худ пулис Саакашвилиро барои иртибот бо Янукович гумонбар дониста, гуфтааст, ки собиқ волии Одесса бо президенти барканоршуда дар иртиботи ҷиноӣ қарор дорад. Аз ҷумла, рӯзи 5-уми декабр додситони кулли Украина Юрий Лутсенко дар як нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” ба раҳбарии Янукович, ки дар Русия паноҳ мебарад, эътирозҳои ба раҳбарии Саакашвилиро маблағгузорӣ кардааст.

Видео: Боздошт ва интиқоли хушунатбори Михаил Саакашвилӣ дар шаҳри Киев

Боздошт ва интиқоли хушунатбори Михеил Саакашвили дар шаҳри Киев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Хадамоти амнияти Украина гуфт, хонаи Саакашвилӣ дар чаҳорчӯби як парвандаи ҷиноӣ кофтукоб шуд, ки аз ҷониби додситонии кулли Украина таҳқиқ мешавад. Олена Ҳилянская, сухангӯи ин хадамот, дар сӯҳбат бо бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт: “Таҳқиқот идома дорад. Афсарони хадамоти амнияти миллӣ дар таҳқиқи парвандаи Додситонии кулл мусоидат мекунанд”. Ҳилянская нагуфт, мушаххасан чӣ ҷиноят содир шудааст, вале каме баъдтар Хадамоти амнияти миллӣ гуфт, Саакашвилӣ барои ҳамкорӣ бо як созмони ҷиноӣ гумонбар мешавад.

Саакашвилӣ: "Ҳамааш дурӯғ аст”

Зимни як суханрониаш бо Радиои Озодӣ пеш аз муроҷиат ба мардум дар назди порлумон Саакашвилӣ гуфт, ҳамаи иттиҳомоти зидди ӯ “сохта аст”. Вай ба забони англисӣ гуфт: “Ман онҳоро аз куҷо мешиносам? Онҳо кистанд? Ҳамааш дурӯғ аст”. Баъдан хитоб ба мардум дар майдон гуфт, ҳамаи иттиҳомоти зидди ӯ “бепояву асос аст”.

“Дар ин ҷаҳон Путин мисли ман душмани ашаддӣ надорад. Иттиҳомоти инки ман гӯё бо Русия дар иртибот ҳастам, як беақлӣ аст”, - гуфт ӯ. Бо зикри ин, Саакашвилӣ ба истеъфои Лутсенко ҳам даъват кард.

Лаҳзаҳое, ки Саакашвилӣ бо эътирозгарон дар беруни сохтмони порлумон сӯҳбат мекард, сафорати Амрико дар Киев аз ҳарду ҷониб даъват кард, “аз шиддатёбии таниш худдорӣ кунанд ва нагузоранд, ки хушунат рух диҳад”. Дар саҳифаи сафорат дар шабакаи “Твиттер” навишта шуд, ки “мо вазъиятро аз наздик мушоҳида мекунем ва умедворем, мувофиқ ба қонунҳои Украина як таҳқиқоте анҷом мешавад”.

Аз раёсати ҷумҳури Гурҷистон то раёсати Одесса

Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко дар гузашта тазоҳургаронро дар талоши бесубот кардани Украина гунаҳкор кард. Украина ҳоло дучори мушкилоти иқтисодӣ аст ва дар ду минтақаи ҷудоиталаби он дар шарқи кишвар низоъҳои мусаллаҳона идома дорад.

Михаил Саакашвилӣ, ки соли 2003 инқилоби садбаргҳоро дар Гурҷистон раҳбарӣ кардааст, аз 2004 то 2013 президенти ин кишвар буд. Вай маъракаи мубориза бо фасодро роҳандозӣ кард, вале дар ниҳоят худаш дар сӯистифода аз мақом гунаҳкор шуд. Нисбат ба ӯ дар Гурҷистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай ин иттиҳомотро рад карда аз кишвар берун шуд.

Дар авҷи эътирозҳои “Евромайдан” Порошенко Саакашвилиро, ки аз замони донишгоҳ бо ҳам дӯст ҳастанд, волии Одесса таъин кард. Соли 2015 ӯ аз шаҳрвандии Гурҷистон даст кашид. Вале соли 2016 ба истеъфо рафт ва гуфт, ки Порошенко ва тарафдоронаш ба ислоҳоти шурӯъкардаи ӯ монеъ шуданд. Порошенко моҳи июни соли 2017, замоне ки Саакашвилӣ бо як сафар дар Амрико буд, ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард. Саакашвилӣ аз болои ин қарор ба додгоҳ шикоят кард.

Тарафдорони Саакашвилӣ чӣ қадаранд?

Баъд аз ин, дубора ба Украина ворид шуд, вале дар убури ғайриқонунии марз муттаҳам шуд. Вай ҷаримаи додгоҳро пардохт кард ва баъди ин даст ба тазоҳуроти хиёбонӣ заду мардумро ба тарафдорӣ аз ҳизби тозатаъсиси Ҷунбиши нирӯҳои нав даъват кард. Вай ишора кард, ки мехоҳад нахуствазири нави ин кишвар шавад. Ин мақомро ӯ аз ҷиҳати назариявӣ метавонад дар сурати мувофиқати порлумон ва президент ба даст орад. Бо он мақоми бешаҳрвандие, ки ӯ дорад, наметавонад ҷӯёи курсии президентӣ шавад.

Натиҷаҳои пурсиши афкори умум ҳокист, ки тахминан 2 дарсади сокинони Украина тарафдори Саакашвилӣ ва ҳизби ӯ мебошанд.

XS
SM
MD
LG