Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танзим ва ё таҳрим? Интиқоли пул ба хориҷа маҳдуд шуд


Шаҳрванди Тоҷикистон ҳастед ва мехоҳед ба дӯсти хориҷиатон пул фиристед? Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё резидентҳо (хориҷиҳои андозсупоранда дар ин кишвар) ҳақ надоранд ба шаҳрвандони хориҷӣ маблағ фиристанд. Риояи ин талабот тавассути системаҳои сареъи интиқоли пул ҳатмӣ шудааст.

Бонкҳои Тоҷикистон қатъи интиқоли пул аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷиро бар асоси дастурамали рақами 204-ум маҳдуд

Ин як табъизи молӣ аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷӣ пул фиристода наметавонад. Ин дастур бемаъно аст

кардаанд. Аммо Бонки миллӣ мегӯяд, ин дастурамал “интиқолҳои пулиро маҳдуд на, балки танзим мекунад”.

Қарзамро баргардонида натавонистам

Рустем Тахиров, як сокини шаҳри Душанбе субҳи 7-уми сентябр бо ин мушкил дар амал рӯбарӯ шуд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мехост ба як дӯсташ, ки шаҳрванди Русия аст, аз Душанбе 8 ҳазор рубли русӣ бифиристад, аммо ба ӯ гуфтанд, ки чунин корро карда наметавонад. Ӯ гуфт:

«Ман чанде пеш аз Русия баргаштам ва пули билети ҳавопайморо як дӯстам дар Русия тариқи корти бонкиаш пардохт карда буд. Чунки корти бонкии ман маҳкам аст. Ман ба Тоҷикистон баргаштам ва мехостам пули дӯстамро баргардонам. Хостам 8 ҳазор рубли русиро ба дӯстам тариқи системаҳои интиқоли пул фиристам, аммо бонкҳо қабул накарданд».

Тахиров афзуд, аз чунин ранг гирифтани кор дар хиҷолат аст, чунки наметавонад қарзашро дар назди ин дӯсташ биканад.Дар чанде аз нуқтаҳои интиқоли пули низоми «Юнистрим», «Золотая корона» ва «Анелик» дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, айни замон онҳо пули шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хориҷиён интиқол намедиҳанд, чунки бо дастурамали дохили бонкӣ гузаронидани ин гуна амалиёт манъ шудааст.

Бархе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ ба дастурулмали № 204-уми Бонки Миллӣ ишора карданд.

Бонки миллӣ ҳам аз танзим ёд кард

Аммо дар дафтари матуботи Бонки миллӣ рӯзи 7-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дастурамали мазкур “низоми интиқоли пулҳоро на маҳдуд, балки танзим мекунад”.

Дар дастурамали 204-уми Бонки миллӣ гуфта мешавад, шаҳрвандон ва ё, резидентҳои Тоҷикистон барои обунаи газетаву журналҳои хориҷӣ, ҳаққи таҳсил ва ё суғурта метавонанд пул пардохт кунанд. Аммо интиқоли пул ба як шаҳрванди хориҷӣ дар ғайри ин ҳолатҳо дар ин дастурамал зикр нашудааст.

Дар нуқтаҳои интиқоли пул мегӯянд, ин ба он маъност, ки чунин интиқолҳо мумкин нестанд.

Иттифоқан, Бонки миллӣ мегӯяд, нуктаҳои дастурамали мазкур аз уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди созмони ФАТФ (Созмони мубориза бо шустушӯи пул) бармеояд ва ҳадафаш ҷилавгирӣ аз мавридҳои сармоягузории терроризм аст.

Аммо шаҳрвандони фаъол дар Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз талошҳои ҷилавгирӣ аз сармоягузории терроризм мегӯянд, ин кушишҳо набояд ҳуқуқу озодиҳои онҳоро дар харҷи озодонаи пулҳояшон маҳуд кунад.

Рустем Тахиров мегӯяд, барои мисол вай аз мағозаҳои интернетӣ молу маводи дилхоҳашро мефармояд ва чун тариқи кортҳои бонкҳои Тоҷикистон пардохти он номумкин аст, ӯ аз дӯстонаш дар хориҷа дархост мекунанд, то пули мағозаи интернетиро гузаронанд ва баъдан ӯ аз Тоҷикистон тариқи системаҳои интиқоли пул қарзашро бозпас мегардонд. Тоҳиров гуфт:

«Ин як табъизи молӣ аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷӣ пул фиристода наметавонад. Ин дастур бемаъно аст. Ман мефаҳмам, вақте барои интиқоли пули калон, фарз кардем аз 10 ҳазор сомонӣ боло маҳудият гузошта мешавад.

Лекин вақте ин маҳдудият ба маблағҳои на чандон калон, масалан ҳазору ду ҳазор сомонӣ ҷорӣ мешавад, аллакай ин як таззодро эҷод мекунад. Назорати саросарӣ дар нисбати пулҳои шахсӣ ҷорӣ шудааст ва ман наметавонам ба хориҷа пул фиристонам. Яъне намегузоранд, ки шахс пули ҳалоли худашро озодона харҷ кунад”.

Зимнан то “танзими” низоми интиқоли пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарори дигар шеваи кушодани суратҳисоб ва ё амонатгузории шаҳрвандони Тоҷикистонро низ дар хориҷа дигаргун карда буд. Тибқи дастури Бонки миллӣ барои боз кардани суратҳисоб дар бонкҳои хориҷӣ ва ё амонатгузорӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон муваззафанд 10 рӯз қабл Бонки миллиро ба таври хаттӣ ва ё онлайн огоҳ созаннд. Танҳо бо иҷозаи Бонки миллӣ бонкҳои Тоҷикистон пулро ба сурат-ҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ интиқол медиҳанд.

То ин замон як шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷӣ тавассути системаҳои интиқоли пул дар як рӯз ҳақ дошт то 3 ҳазор доллар маблағ интиқол диҳад.

XS
SM
MD
LG