Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар қисми ҳарбии Андиҷон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба гузориши манбаъҳои мустақил, рӯзи 1-уми август дар гарнизони ҳарбии шаҳри Андиҷони Узбакистон чанд таркиш ба вуқӯъ пайваста, даҳҳо сарбоз захмӣ шудаанд.

Бино бар хабари манбаъҳои гуногун рӯзи 1-уми август дар гарнизони ҳарбии шаҳри Андиҷони Узбакистон чандин инфиҷор ба амал омада, сарбозу афсарони ин гарнизон ба маҳалли амн кӯчонда шудаанд.

Яке аз сокинони гузари Боғишамоли ин шаҳр ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст: «Дар байни 5то 20 сония садои 7-8 таркиш ба гӯш расид. 4-5-тои ин садоҳо хеле қавӣ буд. Зоҳиран, аз тафси ҳаво ё беназоратӣ анбори силоҳу муҳимоти гарнизон таркида буд.”

Сокинони шаҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки дар натиҷаи таркишҳо зиёда аз 20 сарбоз маҷрӯҳ шуда, ба бемористони шаҳр интиқол дода шудаанд.

Торнамои 12news.uz рӯзи 1 август дар бораи эҳътимоли таркишҳо дар гарнизони ҳарбии шаҳри Андиҷон хабар нашр кард. Аммо бино бар хабари мақомоти расмӣ, ки рӯзи 2 август мунташир гашт, Вазорати дифоъ якҷо бо Вазорати умури дохилӣ ва Хадамоти амнияти миллии Узбакистон рӯзи шанбе дар қисми ҳарбии 45605 дар шаҳри Андиҷон машқҳои ҳарбӣ баргузор кардаанд. Дар ин изҳорот омадааст, ки нерӯҳои давлатӣ амалиёти ҷваобӣ ба ҳамлаи террористиро тамрин кардаанд. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки размоиш дар шароити наздик ба воқеият ҷараён гирифт ва тактикаи кӯчондани аҳолӣ аз маҳалли тамрин низ озмоиш шуд.

Аммо сокинони шаҳр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аҳолӣ аз ҳеч гуна машқи ҳарбӣ огаҳӣ надошт. Ин дар ҳолест, ки дар тамринҳои гузашта аҳолӣ пешакӣ дар ҷараён гузошта мешуд. Як сокини шаҳр мегӯяд, ки ҳолати нофаҳмое пеш омад: “Дар ин ҷо як қисми ҳарбии калоне мавҷуд аст, ки дар паси он маҳбас низ ҳаст ва дар атроф хонаҳои истиқоматӣ. Шоҳидон мегӯянд, каме таркиш он ҷо ба амал омадааст, баъзе хонаҳо сӯхтаанд, вале дар бораи интиқоли сарбозони захмӣ ба шифохона хабари дақиқе несат. Аслан маълум нест, ки он ҷо чӣ воқеа рух додааст.”

Ҳомии ҳуқуқи инсон Саидҷаҳон Зайнобиддинов, ки рӯзи 2 август аз маҳаллаҳои наздик ба қисми ҳарбӣ дидан кард, мегӯяд, ҳама ҷо ором ва ягон нишонаи сӯхтор ё машқҳои ҳарбиро надидааст.

Намояндаи ҳукумати шаҳри Андиҷон ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар ин ҷо зуд-зуд машқҳои ҳарбӣ баргузор мешаванд. Вале ӯ афзуд, ки аз машқҳои ҳарбии рӯзи 1 август хабар надоштааст.

Мақомоти расмӣ пайдо шудани зиреҳпӯшҳо ва ҳарбиёни зиёдро дар ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона дар рӯзи 15 май низ ба машқҳои ҳарбӣ рабт доданд. Ин дар ҳолест, ки манбаъҳои мустақил мегуфтанд, мақомот дар ин ноҳия он вақт даҳҳо нафарро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG