Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши эҳёи Роҳи Абрешим


Бухоро - яке аз шаҳрҳои асосие дар масири Роҳи Абрешим буд
Бухоро - яке аз шаҳрҳои асосие дар масири Роҳи Абрешим буд

Фиристодаҳои 19 кишвари Аврупову Осиё дар нишасте дар Женева ба хотири эҳёи Роҳи Абрешим ваъдаи тахсиси 43 миллиард доллар доданд.

Намояндагони вазоратҳои роҳу нақлиёти 19 кишвари Аврупову Осиё, бо шумули Чину Эрон, Русияву Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар Женева ба хотири эҳёи Роҳи Абрешим ва дигар масирҳои қадими тиҷорат байни ин ду қора то соли 2014 ваъдаи 43 миллиард доллар сармоягузорӣ супурдаанд.

Ин нишаст бо ибтикори ESCAP ва UNECE, кумиссиёнҳои иқтисодии СММ дар умури кишварҳои Осиёву ҳавзаи уқёнуси Ором ва Аврупо доир шуд.

Аммо ба фарқ аз ду ҳазор соли пеш, ки Роҳи Абрешим Осиёро тавассути роҳҳои корвонгард бо Аврупо мепайваст, ин бор сухан дар бораи эҳдоси шабакаҳои муосири иртиботӣ, ба хусус роҳҳои нави оҳан мераванд.

Кӣ чӣ қадар?

Гуожӣ Чанг, мушовири аршади вазорати роҳи оҳани Чин гуфтааст, ин кишвар дар чанд соли наздик барои бунёди роҳҳои нави оҳан ҳудуди 12,5 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Дигар сармоягузори умдаи тарҳҳои эҳёи Роҳи Абрешим Туркия аст, ки дар нишасти Женева ба ин хотир ваъдаи 11,5 миллиард доллар сармоя додааст. Ҳамин тавр, Эрон барои чунин барномаҳо беш аз 8 миллиард ва Булғористон панҷуним миллиард доллар сармоя мехоҳанд ҷудо кунанд. Ҳатто Молдова, ин яке аз фақиртарин кишварҳои шӯравии пешин ба хотири мушорикат дар ин тарҳи бузург ҷиҳати иттихози 888 миллион доллар изҳори омодагӣ кардааст. Василэ Урсу, вазири нақлиёти Молдова дар Женева гуфтааст, иҷрои ин барномаҳо хеле аз масоил ва мушкилотро ҳалл хоҳад кард, чунки, ба эътиқоди ӯ, калиди ҳама гуна рушди иқтисодӣ роҳ асту нақлиёт.

Дар маҷмӯъ, ин барномаи бесобиқаи эҳёи Роҳи қадими Абрешим фарогири 230 тарҳи хурду бузурги асосан эҳдоси роҳҳои нави заминист. Эва Молнар, мудири бахши нақлиёт дар UNECE, кумиссиюни иқтисодии СММ барои кишварҳои Аврупо гуфтааст, шояд ҳамаи ин 230 тарҳ дар ҳоли ҳозир қобили иҷро набошанд, вале ба бовари вай, рушди тиҷорат дар тӯли ин масирҳо заминаи иҷроӣ шудани ҳамаи тарҳҳоро муҳайё хоҳад кард.

Роҳи Абрешим ...

Роҳи Абрешим дар даврони ҳанӯз то мелод аз силсилаи роҳҳои корвонгарде иборат буд, ки дар Ғарб аз Руми қадим ва дар шарқ то ба дарбори салтанатии Чин тӯл мекашид. Роҳи Абрешим, ки ҳамчунин тавассути Эрону Бохтар ва Суғдиёни қадим мегузашт, дар ҳамон даврон нахустин тухмиҳои табодули иқтисодиву фарҳангӣ байни тамаддунҳои мухталифро кишта, ба рушду нумӯъи ҳама кишварҳои воқеъ дар тӯли ин масири тиҷоратӣ мусоидат карда буд.

Ташаббускорони ташкили нишасти Женева акнун умедворанд, ки ҳамин тавр, бо эҳёи Роҳи Абрешим барои кишварҳои ҳошияи он имконот ва заминаи бештари таъмини рушди иқтисодӣ фароҳам хоҳад шуд. Барри Кэбл, намояндаи ESCAP, кумиссиюни иқтисодиву иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, гуфтааст, эҳё, балки, ба таъбири ӯ, таваллуди дубораи шабакаҳои Роҳи Абрешим нафақат барои кишварҳои хушкаӣ ва маҳрум аз роҳҳои обии Осиёи Марказӣ ва Шарқи Аврупо имконоти нав фароҳам меорад, балки барои манотиқи дурафтода низ аз лиҳози дастрасии беҳтар ба бандарҳои дарёӣ муфид аст.

Аммо таҳқиқоти анҷомдодаи ду ниҳоди СММ ҳокист, ки тарҳҳои марбут ба эҳёи Роҳи Абрешим бояд пайгирона ва аз сӯи ҳамаи кишварҳои ҳошияи ин масир баробар иҷро шаванд, вагарна кундӣ дар эҳдоси як қисмати роҳ ва ё фаромӯш шудани кадоме аз ин қисматҳо метавонад ба замин шудани интизороти бақиян, ки аллакай қисмати худро иҷро кардаанд, мунҷар шавад.

... ва Тоҷикистон

Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон ба маҳзи кишвари хушкаӣ будану дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштанаш ба эҳёи Роҳи Абрешим ҳаётан манфиатдор аст. Оқои Расулӣ мегӯяд, Тоҷикистон ба хотири пайванди бештар бо масирҳои умдаи тиҷоратӣ, аз ҷумла масирҳои воқеъ дар тӯли Роҳи қадими Абрешим, барномаҳое рӯи даст гирифтааст, ки умдатаринҳояш сохтмони ҳанӯз ниматамоми роҳи Кӯлоб – Қулма –Қароқурум ду тарҳи бузурги бунёди роҳи мошингард ва роҳи оҳан аз Тоҷикистон тавассути Ҳироти Афғонистон то шаҳри Машҳад, маркази тиҷоратии шарқи Эрон аст.

Ғафурҷон Расулӣ мегӯяд, мувофиқати усулӣ дар мавриди эҳдоси роҳи оҳан байни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳанӯз дар тобистони соли 2006 дар мулоқоти руъасои ин се ҷумҳурӣ дар Душанбе ҳосил шуда буд ва феълан тарҳи эҳдоси ин роҳ мавриди омӯзиши гурӯҳҳои корӣ қарор доштааст. Бар асоси тавофуқи бадастомада, қарор аст, ҳар кишвар он қисмати ин роҳи оҳанро, ки аз қаламраваш мегузарад, худаш бисозад. Ба эътиқоди Ғафурҷон Расулӣ, эҳёи Роҳи Абрешим ҳалқаи феълан тангу буғикунандаи бунбасти иртиботиро барои Тоҷикистон сабуктар ва фосилаи роҳ то бозорҳои ҷаҳониро барояш камеи дигар камтар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG