Изҳороти 22-дақиқаии Умаралӣ Қувватов дар Youtube баъди беш аз ним соли раҳоии ӯ аз боздоштгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб нашр шуд. Ӯ дар тӯли ин 6 моҳ ба ҷуз аз чанд сӯҳбати кӯтоҳ дигар дар як масъала ибрози назар накарда буд ва наздиконаш мегуфтанд, ки ӯ танҳо дарёфти паноҳандагии сиёсии собит дар ягон кишвар ва ба истилоҳ “ҷобаҷо шудан” дигарбора дар мазҳари ом зоҳир хоҳад шуд. Дар изҳороти наву аз қабл сабтшудаи Қувватов низ маҳалли будубоши ӯ гуфта намешавад.
Раҳбари “Гурӯҳи 24” мегӯяд, хатари ба таври ҷисмонӣ аз байн бурданаш то ҳол аз байн нарафтааст, вале “ин маро аз роҳам бар намегардонад.” Қувватов дар ин баёнияаш ба вазъи кунунии Тоҷикистон пардохта, мегӯяд, “ин ҳама паёмадҳои манфии иқтисодӣ, камбағалӣ, вазъи сангини сиёсӣ натиҷаи бесалоҳиятии онҳоест, ки ҳоло дар сари қудрат қарор доранд... Як барномаи рӯшани рушди кишвар нест, як ақидаи рӯшане нест, ки бо кӣ, бо чӣ ва куҷо биравем?”
Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон машғули тиҷорат ва сохтани ҷойҳои корӣ барои мардум буд, вале “шеваҳои кори режими худкомаро дар пӯсти худ санҷидам. Ин вақте буд ки тиҷорати муваффақи маро аз тариқи ғасби рӯирост ва шантаж аз худ карданд. Мутаассифона, чунин мисолҳо дар Тоҷикистон зиёданд, вале бисёри онҳое ки тиҷораташонро гирифтанд, натавонистанд бар тарси худ дастболо шуда, лаб ба шикоят кушоянд.”
Умаралӣ Қувватов меафзояд, давлатҳои худкома ҳатто Интерполро ба як василаи саркӯби мухолифони худ табдил додаанд. Ӯ ҳамин тавр, мақомоти Тоҷикистонро ба сарфи маблағҳои бузург барои сиёҳ кардани ӯ айбдор мекунад ва мегӯяд, “Раҳмони имрӯза Раҳмони соли 1991 нест.Шахсияташ дар ин муддат пурра трансформатсия шудааст.” Ба ақидаи Қувватов, давлати кунунии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саркӯби дигарандешон ва таъқиби онҳо дар саросари дунё аз тамоми василаҳо истифода мебарад ва чунин шароите сохтаанд, ки мардум ба ҷуз аз “хидмати бидуни чуну чаро ба хонаводаи Раҳмон” чорае надорад. Ӯ Раҳмонро ҳамчунин айбдор мекунад, ки фарзандонашро ба мақомҳои баланди давлатие, ки дархӯри тахассуси онҳо нест, нишондааст.
Раҳбари “Гурӯҳи 24” мушкилоте, чун заъфи иқтисод, сатҳи баланди фасод, маҳалгароӣ, саводи ночиз, муҳоҷират ва ба хориҷ фирор кардани “мағз”-ҳо ва қашшоқии мардумро аз доғтарин масоили имрӯзи Тоҷикистон ном бурда, мегӯяд, ҳукумат ба ин ҳама “ба ҷуз аз ҳарфҳои хушку холӣ” посухе надорад. Ӯ мегӯяд, давлати Раҳмон бо ҷашну тантанҳои пуршукӯҳи пур аз рақсу бозиву зиёфат дар пасманзари қашшоқӣ ва харобарии саросарӣ боз ҳам дар зеҳни ҷомиаи байналмилалӣ тасаввури ғалатеро ҳосил кардааст, ки Тоҷикистон гӯё пеш меравад. Вале, мегӯяд, ӯ наметавон як умр дар гӯши мардум афсона хонд. Қувватов мегӯяд, “давлат бояд пеши мардум ҳисобот диҳад, на мардум – дар пеши давлат. Чизе ки дар Тоҷикистон баракс аст.”
Умаралӣ Қувватов дар поёни моҳи сентябри соли 2013, баъди 9 моҳ аз боздоштгоҳи пулиси Дубай раҳо ёфт. Ӯ ҳанӯз 23 декабри соли 2012 дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо дастури Интерпол дастгир шуд ва Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфта, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми сирқати 6 миллион сомонӣ, ё беш аз 1,2 миллион доллар аз ширкати “Фароз” парванда кушодаанд ва таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарораш додаанд.
Умаралӣ Қувватов дар гузашта аз раҳбарони ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз” – ду ширкати пештоз дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистон буд. Ин ширкатҳоро ҳоло ба Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон марбут медонанд.
Қувватов баъди барканориаш аз раҳбарии ин ширкатҳо тарки Тоҷикистон кард ва тобистони соли 2012 дар Маскав Гурӯҳи 24-ро таъсис дод. Гурӯҳи 24 ба тундӣ аз сиёсатҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард ва Умаралӣ Қувватов чанд дафъа аз раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон тақозо кард, ки номзадиашро дар интихоботи соли 2013 нагузорад. Ӯ ҳамин тавр, нахустин соҳибкоре буд, ки дар бораи ғаасби тиҷоратҳои пурфоида аз сӯи хешу табори президент, аз ҷумла тасарруфи тиҷорати худи ӯ, садо баланд кардааст.
Ба дунбол дар Тоҷикистон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Ҳамзамон як гурӯҳи табибон, ки иддао доштанд, дар вазорати тандурустии Тоҷикистон кор мекунанд, дар матбуот даъво карданд, ки Умаралӣ Қувватов бемории рӯҳӣ дорад. Аммо худи Қувватов ин ҳамаро башиддат радд карда, мегуфт, Душанбе аз ӯ барои фаъолиятҳои сиёсиаш интиқом мегирад.