Пайвандҳои дастрасӣ

“Падруд... аз ҷабри ноҳаққон” – номаи пеш аз марги як сокини Восеъ. ВИДЕО


Акси Саидамир Сӯфиев аз бойгонии хонаводагӣ

“Падруд... аз ҷабри ноҳаққон”. Ин порае аз номаи ҳаштсаҳифагии Саидамир Сӯфиев, сокини 53-солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ аст, ки қабл аз худкушӣ иншо кардааст. Ҷасади ӯро рӯзи 30-юми ноябр дар оғилхона ёфтанд. Сӯфиев дар шарҳи худкушиаш баъзе кормандони милисаро айбдор донистааст.

Саҳар дар хона бо падарам суҳбат кардем. Маро гаштаю баргашта ба оғӯш гирифт. Гуфт, ки як мушкил ҳаст. Пурсидам. Гуфт, “ту ҳал карда наметавонӣ”.

Ӯ навиштааст, кормандони милисаи ноҳияи Восеъ беасос ӯро дар марги Сӯҳроб Нуров, як сокини ноҳия, муттаҳам медонанд. Ҷасади Сӯҳроб Нуров моҳи ноябр дар як кӯчаи ноҳияи Восеъ пайдо шуд ва гумони аслӣ ин аст, ки ин мард зери чархи мошин ба ҳалокат расидаааст.

Хайриннисо Сӯфиева, хоҳари Саидамир Сӯфиев, 5-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҳалокати ин мард бародараш дар Душанбе қарор дошт. Аммо вай гуфт, дар як ҳодисаи оғози соли ҷорӣ Нуров зери чархи мошини Суфиев монда, ҷароҳат бардошта буд. Хайринисо Суфиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кормандони пулис ҳамчун гумонбари эҳтимолии садамаи марговар боз ҳам Саидамир Сӯфиевро даъват карда, бо ӯ сӯҳбат карданд. Ӯ афзуд, аз бародараш шунидааст, ки ходимони пулис “тундгӯӣ кардаанд”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ин зан мегӯяд, бародараш қабл аз худкушӣ ба ӯ низ рӯзе дарди дил карда буд: “Дар охирин сӯҳбат гуфт, моҳи феврали соли 2017 Сӯҳроб Нуров, ки доим маст мегашт, худро ба зери мошинаш партофт ва ҷароҳат бардошт. Дар ҳамон замон бародарам ӯро табобат кард. Вале чанд моҳи пеш ӯро кадом мошин зада кушт. Бародарам гуфт, ҳоло ӯро маҷбур доранд, ки ҳамон ҳодисаи кушта шудани Нуровро ба гардан гирад. Ӯ ҳангоми сӯҳбати охирин мегирист. Гумон накардам, бародарам дар таҳи дор аст. Гуфт, мегӯянд, ки мошинатро ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳои занат гирифта, ба шӯъба биёр. Бо ҳамин ӯ худашро овехтааст”, - нақл кард Хайриннисо Сӯфиева.

Нусхаи номаи Саидамир Сӯфиев
Нусхаи номаи Саидамир Сӯфиев

Саидамир Сӯфиев низ дар номааш батакрор гуфтааст, ки дар марги Сӯҳроб Нуров даст надорад. “Ман, Сӯфиев Саидамир муддати 4-5 моҳ мешавад, ки дар беморхонаи шаҳри Душанбе писарам Саидҷалолро табобат дорам. Рӯзҳои наздик маро Баҳром гуфтанӣ шахс, уголовник (дар инҷо ба маънои корманди тафтишоти ҷиноӣ - РО) аз Душанбе фарёд кард. Баёноти бардурӯғ навишта угражат мекунад, ки гӯё Суҳробро ман зада кушта бошам. Суҳробро кадом мошин зада гурехта рафтааст, қасдашонро аз ман гирифта истодаанд. Агар коркунони милитсия ҳақ кор мекарданд...”

Дар номаи пеш аз марг, ки аз 8 саҳифа иборат буда, дар дасти Додситонии ноҳияи Восеъ аст, Сӯфиев кормандони милисаро дар тӯҳмати ноҳақ айбор кардааст. Хонаводаи Саидамир Сӯфиев мегӯянд, замоне аз ҳодиса хабар ёфтанд, ки ҷасади овехтаи ӯ сард шуда буд. Пас аз дарёфти ҷасад пулисро даъват карданд ва дар шоҳидии онҳо ҷасадро аз банд раҳо намуданд.

Садриддин Сӯфиев
Садриддин Сӯфиев

Садриддин Сӯфиев, бародари ин мард, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба муфаттишони додситонӣ дар бораи ҳодиса баёнот додаанд. Онҳо мегӯянд, бародараш солим буд ва то замони худкушӣ аз саломаташ шикоят надошт.

Саидҷон Сӯфиев, писари 17-солаи Саидамир Сӯфиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло тарзи рафтори рӯзҳои охири падарро ба ёд оварда, ба хулосае расидааст, ки ӯ ба марг омодагӣ медид. Ба гуфтаи ӯ, падараш калиди мошинро барояш дод ва таъкид кард, ки хонаводаро саробонӣ кунад. Ҳамчунин ба писараш 500 сомонӣ додааст, ки қарзҳои ӯро пардохт кунад.

Саидҷон Сӯфиев
Саидҷон Сӯфиев

Ӯ гуфт, “саҳар дар хона бо падарам суҳбат кардем. Маро гаштаю баргашта ба оғӯш мегирифт. Ман худро бад ҳис кардам. Гуфт, ки як мушкил ҳаст. Пурсидам. Гуфт, “ту ҳал карда наметавонӣ”. Ҳамин тавр деҳаро гаштему боз ба хона омада, тамоми ҷойро қуфл задем ва маро насиҳат кард, ки ба хонаи ҷурааш ба Душанбе меравад. Баъд ҳамаро маҳкам карда, ба роҳ баромадем, вале чӣ гуна омада ба хона даромадааст, ҳеч кас намедонад. Соати тахминан 19 ҷасадашро гирифтем”.

Саидамир Сӯфиев аз корманди пулисе, ки гуё ӯро таҳдид кардааст, Баҳром ном бурдааст. Баҳром Ҳикматуллоев, муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ рӯзи 5-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки марҳум Саидамир Сӯфиевро рӯзи 30-юми ноябр ба Шуъбаи корҳои дохилӣ даъват карда буд. Ӯ гуфт, “нисбат ба ин мард ягон парванда набуд. Танҳо ба сифати гумонбар даъват карда, дар доираи қонун ҳамроҳаш сӯҳбат доштем.”

Хайриннисо Сӯфиева
Хайриннисо Сӯфиева

“Ӯро дар ҳузури панҷ-шаш шоҳид пурсидам. Гуфтам, ки ҳамин хел ҳодиса шудааст ва шумо пештар ӯро бо мошин зер карда, аммо мақомотро хабардор накарда будаед. Дигар ягон дағалӣ ё бадгуфторӣ нисбат ба ӯ набуд. Ҳоло тафтишот сар шудааст ва сабабҳои маргро муайян хоҳад кард”, - афзуд муфаттиш.

Ин муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ гирифтори бемории рӯҳӣ будани Сӯфиевро аз эҳтимол дур намедонад, чун ба гуфтаи ӯ, “ҳеч одами солим даст ба худкушӣ намезанад”.

Аммо Сӯфиев дар номаи пеш аз маргаш ба вазъи сиҳҳативу ҳолу аҳволи худ ишора кардааст: “Агар аз тарафи зиндагии ман пурсон шавед, зиндагии нағз доштам, қопчаҳои пури гандум. Тамоми корҳоро карда, зиндагиамро гузаронида истодаам”.

Хешовандони Сӯфиев мегӯянд, ӯ кори доимӣ надошт ва аз рӯи лаёқату ҳунар ҳаргуна корҳоро анҷом медод. Ба гуфтаи онҳо, моҷароҳо дар хонаи яке аз духтаронаш, ки зиндагии ташвишовар дошту аз зери мушту лагади шавҳар ба сахтӣ халос шуда буд, низ яке аз дигар масоили мавриди азиятҳо ин мард будааст.

Тибқи иттилои расмӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 129 ҳолати сӯиқасд ба ҷон ва худкушӣ сабт шудааст, ки дар натиҷа 89 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳудуди даҳ нафари онҳо мард ва беш аз 50 нафар зан будаанд. Дар соли равон бори аввал аст, ки як нафар дар худкушии худ кормандони пулисро муттаҳам медонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG