Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шабу рӯз дар навбатем, аммо пуламонро намедиҳанд". ВИДЕО


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи 1 декабр дар ҷаласаи порлумони кишвар гуфт, ки ба ояндаи неки бонкҳои Тоҷикистон бовар дорад. Вале муштариёни бонкҳои дучори мушкил, аз ҷумла "Агроинвестбонк", мегӯянд, ҳафтаҳо боз дар навбати пасандоз истодаанд ва воқеият чизи дигар аст.

Ҳар рӯзу ҳар моҳ ваъда медиҳанд. Дигар аз пул ҳам безор шудему аз бонк ҳам. Мо дар иҷора зиндагӣ мекунем, мехоҳем маблағамонро аз бонк бигирем ва зиндагиамонро пеш барем.
Парвина, сокини Душанбе

"Навбат мепоем, пул намедиҳанд"

Насима, як сокини пойтахт, чанд сол қабл дар "Агроинвестбонк" пулҳои аз Русия фиристодаи шавҳарашро пасандоз кард. Ӯ панҷ моҳ инҷониб мехоҳад, пулҳоро аз бонк гирифта, барои эҳтиёҷи хонаводааш сарф кунад, аммо ҳар моҳ бо навбатпоии зиёд ҳамагӣ 300 сомонӣ гирифта метавонаду бас. "Дар оила 6 касем. Кӯдакҳо ба мактабу боғча мераванд. На хӯронда метавонем, на пӯшонда. Дар пушти дари бонк шабу рӯз хобем, навбати пулгириро интизорем. Як ҳафта навбат мегирему ҳафтаи дигар 300 сомонӣ барои як моҳ медиҳанд", - нақл кард Насима.

Нуқтаи назари иқтисоддон дар инҷост:

Муштариёни норозии бонкҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

"Аз пул ҳам безор шудему аз бонк ҳам..."

Парвинаи 25-сола, сокини дигари Душанбе, мегӯяд, ним сол инҷониб барои гирифтани пулаш дар "Агроинвестбонк" навбат мепояд ва ҳар рӯз дар иваз "имрӯзу пагоҳ" мешунавад. Вай гуфт, ҳоло ба пул хеле ниёз дорад, чун иҷоранишин асту бояд ҳаққи соҳибхонаро супорад.

"Ҳар моҳу ҳар рӯз ваъда медиҳанд. Дигар аз пул ҳам безор шудему аз бонк ҳам. Мо дар иҷора зиндагӣ мекунем, мехоҳем маблағамонро аз бонк бигирем ва зиндагиамонро пеш барем. Аз саҳар то бегоҳ дар даруни бонк мемонем. Аз кору зиндагиамон мондем", - таъкид кард ӯ. Номи Парвина дар рӯйхати мизоҷони "Агроинвестбонк", ки оӯзи 29 моҳи ноябри имсол тартиб дода шудааст, дар ҷойи 456-ум истодааст.

Дар ҳамин ҳол, Ситора, сокини шаҳри Душанбе, ки номаш дар рӯйхати мазкур дар ҷойи 203-юм буд, баъди интизориҳои зиёд рӯзи 2 декабр "бо ҷангу ҷангҷол" 300 сомонӣ гирифтааст. Вай гуфт, ҳарчанд 300 сомонӣ барои харҷи оилааш кофӣ нести, вале метавонад онро барои хароҷоти мактаби писараш сарф кунад.

Ҳарчанд солҳои 2002 то 2015 мардуми кишвар ба низоми бонкӣ эътимод пайдо карда ва дар бонкҳо пасандоз мегузоштанд, солҳои охир бо суст шудани фаъолияти бонкҳо ва ба муфлисӣ гирифтор шудани ду бонки бузург “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” боварии мардум ба низоми бонкӣ якбора тағйир ёфт. Ҳоло мардум мехоҳанд, зудтар пасандозҳояшонро бигиранду дигар ба ҷониби бонкҳо наоянд. Ба ақидаи коршиносон, ин ҳолат паёмади хуб надорад ва дар ҳолати пешгирӣ накардан ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Бонкҳо чаро пул намедиҳанд?

Рӯйхати навбатдорон дар Агроинвестбонк
Рӯйхати навбатдорон дар Агроинвестбонк

Иқтисодшинос Собир Вазиров, омилҳои муфлис шудани бонкҳоро дар коҳиш ёфтани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон дар солҳои 2014-2015 ва бе заминаи устувор рушд ёфтани сохтмонҳо дар кишвар арзёбӣ кард. Ба қавли ӯ, "бонкҳо бе онки хавфи дар пеш бударо ҷилавгирӣ кунанд, ба соҳибкорон қарз доданд, вале онҳо ба муфлисӣ дучор шудаву қарзҳоро баргардонида натавонистанд. Ин сабаб шуд, ки худи бонкҳо низ муфлис шаванд".

Роҳи ҳал дар куҷост?

Коршиносон роҳи ҳалли мушкилиро пеш аз ҳама дар якдигарфаҳмии мизоҷон ва бонкҳо дониста мегӯянд, бояд инҷо Бонки миллӣ саҳмгузор бошад ва марҳила ба марҳила пули мардумро баргардонанд. Собир Вазиров гуфт, бояд мардум донанд, ки бонкҳо пули онҳоро дар пеши худ нигоҳ надоштаанд. "Имконияти зудтар баргардондани маблағҳо ин “бейлаут” аст, яъне барои бонкҳо фароҳам овардани маблағҳои иловагии бонкӣ аст. Бонки миллӣ ё Вазорати молия бо тариқи қоғазҳои қимматноки худ метавонанд ин корро анҷом диҳанд. Ё бо ҷалб кардани қарзҳои фоизашон кам аз Аврупо ва Амрико бонкҳо имкони додани пули мизоҷонро пайдо хоҳанд кард", - шарҳ дод ӯ.

Иқтисоддон Собир Вазиров
Иқтисоддон Собир Вазиров

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ду рӯз қабл дар ҷаласаи порлумон гуфт, барои ҷалби сармоя ба "бонкҳои вазъашон мушкил" чанд созишнома имзо шудааст, вале ин маблағҳо кофӣ нестанд. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз Нурмуҳамммадзода талаб кард, то ин мушкилро зудтар ҳал кунанд, вагарна бовари мардумро аз даст хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 2 декабр бо ҳузури нахуствазир Қоҳир Расулзода, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нормуҳаммадзода ва дигар вазирону раисон ҷаласаи машаваратӣ дар бораи пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти бонкӣ баргузор шуд. Аммо дар Бонки миллӣ дар бораи онки натиҷаи маҷлис чист ва кадом масоил ҳаллу фасл гардидааст, чизе нагуфтанд.

XS
SM
MD
LG