Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик дар Олмон як ҳафта боз дар кома аст. АКСУ САДО


Даврон Маҳмадов (аз тарафи рост) дар яке аз мусобиқаҳо дар Русия бо рақиби арманиаш
Даврон Маҳмадов (аз тарафи рост) дар яке аз мусобиқаҳо дар Русия бо рақиби арманиаш

Пизишкони Олмон як муштзани тоҷикро дар шаҳри Кёлни ин кишвар ҷарроҳии мағзӣ кардаанд. Даврон Маҳмадов, муштзани 24-солаи тоҷик, ҳафтаи гузашта зимни тамрин бо хӯрдани зарб аз ноҳияи сар ба беҳушӣ (кома) афтодааст. Вай барои иштирок дар як мусобиқа дар Ҳолланд, ки қарор буд, 1 апрел баргузор шавад, омодагӣ мегирифт. Даврон Маҳмадов зодаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, ба қавли наздиконаш, тайи тақрибан даҳ соли охир боз ба бокс машғул будааст.

Муштзани тоҷик як ҳафта боз дар кома аст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
Линки мустақим

Даврон Маҳмадов то лаҳзаи ба Олмон омадан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тамрин мекард. Ширкати ӯ дар даҳҳо мусобиқаҳои муштзании Русия сабт шудааст.

Алимҷон Маҳмадов, падари ин муштзани тоҷик, рӯзи 10 март дар тамоси телефонӣ аз шаҳри Кёлни Олмон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта пизишкон ҷарроҳии мағзӣ анҷом доданд, вале ӯ то ҳол ба худ наомадааст.

Ӯ гуфт, пизишкон барояш гуфтанд, ки мағзи сари писараш аз қабл осеб дида ва зарби охирин ӯро аз пой афтондааст. "Мурабиии украиниаш гуфт, ки замони машқ якбора аз ҳуш рафт ва онҳо фавран ба бемористон бурдаанд. Бачаи ҷавон солҳои пеш сараш зарб хӯрда будааст, вале ё нафаҳмидааст ва ё аз ҷавонӣ худашро табобат накардааст", - афзуд Алимҷон Маҳмадов.

Муштзани тоҷик Даврон Маҳмадов дар Олмон як ҳафта боз дар кома аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Алимҷон мегӯяд, се рӯзи пеш аз сафорати Олмон дар Душанбе фавран раводид дастрас карда, ҳоло болои бистари писараш қарор дорад. Масъулони беморхонаи Кёлн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вазъи ин ҷавонро “вазнини миёна” арзёбӣ карданд, вале аз тафсилоти бештар худдорӣ намуданд.

Акси Даврон Маҳмадов
Акси Даврон Маҳмадов

Падари ин муштзан мегӯяд, писараш орзу дошт, ки чемпион шавад: “Гуфт, падар ман то қаҳрамон шудан меравам ва парчами Тоҷикистонро боло мебардорам. Мо дуо медодем, вале насиб набудааст. Ҳоло фақат дуо дорем, ки ба ҳуш биояд. Муҳим шифо ёбад, дар дигар самт хизмат хоҳад кард.”

Даврон Маҳмадов то лаҳзаи ба Олмон омадан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тамрин мекард. Ширкати ӯ дар даҳҳо мусобиқаҳои муштзании Русия сабт шудааст. Даврон дар вазни аз 63 то 66 кило қувваозмоӣ карда, 1 метру 66 сантиметр қад дорад.

XS
SM
MD
LG