Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар нишасти САҲА ширкат намекунад


Намояндаҳои Тоҷикистон аз ширкат дар ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Венаи Австрия баргузор мешавад, даст кашидаанд. Дар ин бора радиои Озодӣ рӯзи 22 май огаҳ шуд.

Ба ҳамоиши “Ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатбор, ки ба терроризм мебарад” (Conference Preventing and Countering Violent Extremism and Radicalization that Lead to Terrorism) намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, Додситонии кулл, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъватнома гирифта буданд. Вебсайти САҲА хабар дод, ки ин нишаст ба хотири баррасии масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҷрибаи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин замина, ҳифзи озодии баён зимни мубориза бо ифротгароӣ дар Интернет, роҳҳои муосири ҷилавгирӣ аз ифротагроӣ ташкил мешавад. Дар нишасти САҲА қарор аст ҳама кишварҳои узви ин созмон иштирок кунанд.

Ду ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки аз ин мавзӯъ огаҳӣ доштанд, рӯзи 22 май гуфтанд, аз ширкат дар ҳамоиши Вена мақомоти расмӣ ва ҳам намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ худдорӣ карданд. Сабаби ин тасмим шарҳ дода намешавад.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, барои ширкат дар ин нишаст, раводид дастрас шуда билети сафар ҳам омода буд, вале дар охирин лаҳза даъватшудагон ба хулосае расиданд, ки дар ин нишаст иштирок намекунанд.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ карданд. Нишастҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеа ва мубориза бо терроризм дар гузашта ҳам баргузор шуда, соли 2016 дар Олмон ҷараён гирифтааст.

Намояндагони Тоҷикистон дар ҳоле аз ширкат дар ҳамоиши САҲА даст мекашанд, ки моҳи сентябри соли 2016 бинобар сабаби роҳ ёфтани аъзо ва тарафдорони мухолифони тоҷик ба нишасти марбут ба ҳуқуқи башари Варшава намояндагони ҳукумати Тоҷикистон нишастро тарк карданд. Он замон намояндагони мақомоти Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфтанд, ки ширкати созмонҳои дар кишвар мамнӯъ ва муттаҳам ба терроризмро дар чунин ҳамоишҳо қабул надоранд.

Рӯзи 21 май зимни суханронӣ дар саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз “истифодаи сиёсати “меъёрҳои дугона” ҳушдор дод ва гуфт, “бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтаанд”.

Вобаста

XS
SM
MD
LG