Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” қаҳрамони Қирғизистонро шикаст дод


Дастаи Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D” тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ин бозӣ шаби 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури беш аз 14 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Дар нимаи аввали дидор (дақиқаи 45+1) сардовари ин бозӣ Хироюки Кимура (Ҷопон) барои дар ҷаримагоҳ аз по афтондани ҳимоятгари “Истиқлол” Дэвид Мавутор ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард. Тӯбро аз пеналтӣ нимҳимоятгар Нуриддин Давронов, ба ҳадаф расонд. Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 59-ум, ҳамлагари меҳмонон Алиа Силла, легионери африқоӣ аз Гвинея, ҳисобро баробар кард. Баъдан Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 68-ум ва Дилшод Восиев дар дақиқаи 89-ум (ҳарду бо зарбаи сар) ба дарвозаи “Олой”, ки онро Абдуазиз Маҳкамов, узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ҳимоят мекард, ду гол зада, бозиро ба нафъи “Истиқлол” бо ҳисоби 3:1 анҷом доданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи “Олтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, дар меҳмонӣ тими “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Мурод Яхшиев дар дақиқаи 43-юм ва Олтимурод Аннадурдиев дар дақиқаи 85-ум ба самар расонданд.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” ҳафтимтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (6-2) дар мақоми аввал ва “Олтин Асир” (5-2) дар мақоми дувум қарор доранд. Дастаи “Дордой” бо се имтиёз дар мақоми севум аст. Тими “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC, ки 3 май барпо мегардад, «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Олтин Асир» дар майдони худ бо “Дордой” рақобат хоҳад кард.

Ҷоми AFC-2017

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 3-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1

Голҳо: Нуриддин Давронов, 45+1 – аз пеналтӣ (1:0). Алия Силла, 59 (1:1). Дэвид Мавутор, 68 (2:1). Дилшод Восиев, 89 (3:1).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Фарҳод Восиев, 90+2), Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Нуриддин Давронов, Дэвид Мавутор, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 85), Дмитрий Барков.

«Олой» (Ӯш, Қирғизистон): Абдуазиз Маҳкамов (Маратбек Мамасодиқов, 74), Илёс Олимов, Нурсултон Отамирзоев, Одилҷон Абдураҳмонов, Модибо Сидибе, Алия Силла, Мақсадбек Олимов (Умарбек Тухтасинов, 80), Акрамҷон Умаров, Бакибек Маматов, Аброр Қодиралиев, Шӯҳрат Раҳмонов.

Огоҳонида шуданд: Дмитрий Барков, Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»), Абдуазиз Маҳкамов, Модибо Сидибе, Бакитбек Маматов («Олой»).

Бозигари беҳтарини дидор: Дэвид Мавутор («Истиқлол»).

Сардовар: Хироюки Кимура (Ҷопон).

Нозири доварон: Хакан Аназ (Автралия).

Комиссари бозӣ: Доктор Бачир Абдул Холиқ (Лубнон).

18 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 14 500 тамошобин.

«Дордой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2

Голҳо: Мурод Яхшиев, 43 (0:1). Олтимурод Аннадурдиев, 85 (0:2).

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Арсланмурод Амонов («Олтин Асир»), 18 – тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

18 апрел. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов. 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

2

1

0

6-2

7

2

«Олтин Асир» (Туркманистон)

3

2

1

0

5-2

7

3

«Дордой» (Қирғизистон)

3

1

0

2

1-4

3

4

«Олой» (Қирғизистон)

3

0

0

3

2-6

0

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) -1:0

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG