Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаҳои вайроншуда дар Душанбе ва ҷанҷоли пули нокофӣ. ВИДЕО


Ин биноҳо дар яке аз маҳаллаҳои марказии Душанбе ҳастанд ва бояд аз байн бурда шаванд.

Сокинони хиёбони Рӯдакӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, мақомот бе пардохти ҷуброни кофӣ, хонаҳои онҳоро гирифтанд ва вайрон карданд.

Бегим Саидҳасанова, яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, пуле ки дар ивази хонаҳои пешин ба онҳо доданд, барои харидани хонаи хурде ҳам кофӣ нест:

“Дар қонун навишта шудааст, ки аввал бояд сокинонро розӣ кунанд. Ҳатто ҷаноби олӣ ҳам гуфта буд, ки аввал мардумро бо ҷои зист таъмин кунед, баъд хонаҳоро вайрон кунед, лекин мо розӣ нашуда, вайрон мекунанд. Бо 198 ҳазор сомон дар куҷо хона меёбем?- мепурсад ӯ.

Сабина, сокини дигари кӯча гуфт, ки мақомот нерӯи барқу оби хонаҳояшонро қатъ карданд ва онҳо дар ҷое зиндагӣ доранд, ки аз оддитарин шароит маҳрум аст.

Сабина мегӯяд, пуле, ки додан барои харидани хонаи мувофиқ кофӣ нест.
Сабина мегӯяд, пуле, ки додан барои харидани хонаи мувофиқ кофӣ нест.

“Дар як хона як маъюб, дар хонаи дигар кӯдакон зиндагӣ доранд. Мо айни замон бе ҳоҷатхона, бе барқ, ҳаммом ва бидуни шароит зиндагӣ дорем. Агар мисли дигарон моро одам ҳисоб мекарданд, мефаҳмониданд, ки хонаҳоро чаппа мекунем, хар набудем, мефаҳмидем. Барои мо инҷо зистан хеле сахт аст, аммо ҷое барои рафтан надорем”

Сокинон мегӯянд, пуле, ки ҳукумати Душанбе барои харидани хонаҳо дод кофӣ нест ва намедонанд, ки бо маблағи додаи ҳукумат чӣ гуна манзили зист бихаранд.

Сабина дар ин бора мегӯяд: “Пуле, ки ҷудо кардаанд, бо он хона харида наметавонем, кам аст, хеле кам аст. Инҳо хонаҳоро ба се гурӯҳ ҷудо карданд, аъло, миёна, хуб. Ман нафаҳмидам, ки хонаи мо ба кадом гурӯҳ дохил аст, зеро пуле, ки ҷудо карданд, ба ягон гурӯҳаш монанд нест.”

Мо бо 198 ҳазор сомон дар куҷо хона меёбем? Имкон надорад. Ба мо як хона нишон доданд, рафтем, якхонагӣ аст.

Дар хонаводаи Бегим Саидҳасанова панҷ нафар сабти ном шудаанд. Ӯ мегӯяд, пуле ки додаанд, барои хонаи якутоқӣ мерасад ва тамом.

“Мо бо 198 ҳазор сомон дар куҷо хона меёбем? Имкон надорад. Ба мо як хона нишон доданд, рафтем, якхонагӣ аст. Дар қайд панҷ нафарем, кӣ меғунҷад онҷо? Зиёд талаб накардем, гуфтем, дар маркази шаҳр хона гирем. Аммо ҳоло ба он розӣ ҳастем, ки дар тарафҳои Зарафшон ва ягон ҷои дигар бошад ҳам, хона гирем” - гуфт ӯ.

Тахриби биноҳои қадимаи истиқоматӣ дар Душанбе бар асоси нақшаи кулли бозсозии пойтахти Тоҷикистон соле қабл шурӯъ шуд. Бар асоси нақша, бояд тамоми биноҳои то чаҳорошёна дар маркази вайрон шаванд ва ба ҷойи онҳо биноҳои то 25-табақа бисозанд.

Мақомот мегӯянд, барои ҳалли масъалаи дастрасии сокинон ба манзил чунин нақшаро амалӣ мекунанд. Барои ҳалли мушкиле, ки беш аз нисфи мардуми Тоҷикистон дорад. Вале ба гуфтаи сокинон иҷрои ҳар нақша ва ҳалли ҳар мушкил бояд бар асоси қонун сурат бигирад ва набояд нисбат ба онҳо беадолатӣ ё беинсофӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG