Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар нимаи аввали соли 2014 дар ин кишвар 30 узви созмонҳои террористӣ, бо шумули 12 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 7 узви гурӯҳи мавсум ба «Мусулмонони солеҳ», 5 узви «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», 3 узви «Толибон» ва 1 узви «Ҷабҳат-ан -нусра», ки дар Сурия алайҳи режими Башор Асад меҷангад, дастгир шудаанд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон ин оморро дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони дохилаи кишварҳои СНГ ироа кардааст. Ин нишаст дар поёни ҳафтаи гузашта дар Чолпон –Отаи Қирғизистон баргузор шуд.
Рамазон Раҳимзода дар ин ҷаласа бо зикри дастовардҳои вазораташ дар амри хунсо кардани хатари гурӯҳҳои тундраву террористӣ гуфтааст, ки Душанбе дар роҳи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва харидуфурӯши инсонҳо ба ҳамкорӣ бо пулиси кишварҳои дигари пасошӯравӣ аҳамияти вижаеро қоил аст.
Рамазон Раҳимзода ҳамчунин аз боздошти 39 узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 25 узви гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, бо шумули 18 узви ҷараёни «Салафия», 4 узви «Ҳизб-ут-таҳрир» ва 2 узви «Ҷамоат-ул-таблиғ» хабар додааст.
Мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон пайваста дар бораи боздошти афрод бо гумони узвият ё ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундраву террористӣ хабар медиҳанд. То кунун аз Тоҷикистон бештар дар бораи боздошти аъзхо ё пайравони ҷунбишҳое, чун «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия» , «Ҷамоати таблиғ», «Ҳаракати исломии Узбакистон» ва шохаҳои он, аз ҷумла «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» гузориш мерасид.
Аммо дар гузориши ахири Рамазон Раҳимзода барои бори аввал исми гурӯҳи «Мусулмонони солеҳ» ва боздошти якбора 7 узви ин созмони, ба гуфтаи мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон, террористӣ сӯҳбат мешавад. Ин созмон ва аҳдофу мақсадҳояш то ҳол барои маҳофил ва матбуоти Тоҷикистон ноошност ва мақомоти Душанбе низ ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки боздошти 7 узви «Мусулмонони солеҳ» кай, дар кадом гӯшаи ин кишвар ва дар чӣ шароите сурат гирифтаву аъзои боздоштшудааш ба чӣ айбдор мешаванд?