Пайвандҳои дастрасӣ

Вақте Эмомалӣ Раҳмонро президенти Қирғизистон гуфтанд...


Истодаой Турсунова

Вазорати маорифи Қирғизистон ба Истодаой Турсунова, узви ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон барои таҳияи китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ нишони “Аълочии соҳаи маориф” тақдим кард.

Истодаой Турсунова, ки хатмкунандаи факулати филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, 22 сол пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Бишкек ҳиҷрат кард. Ӯ тайи ҳафт соли ахир барои мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китобҳои дарсӣ таҳия мекунад.

На, зеро дар варақи аввал мо ҷой барои акси раиси ҷумҳур надорем. Ин ҷо ҳар панҷ сол раиси ҷумҳур иваз мешавад ва агар як раиси ҷумҳурро аксашро гузорем, аллакай дар вақти раиси ҷумҳури дигар китоб кӯҳна мешавад.

Дар ҷануби Қирғизистон беш аз 50 ҳазор тоҷиктабор зиндагӣ мекунанд. Дар се мактаб ва шаш синфи тоҷикӣ зиёда аз 3 ҳазор муҳассил бо забони тоҷикӣ таълим мегиранд.

Истодаой Турсунова рӯзи 13-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳафт соли пеш дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китобҳои дарсиеро таълим медоданд, ки дар Тоҷикистон нашр мешуданд.

Вақте Э. Раҳмонро президенти Қирғизистон гуфтанд...

Радиои Озодӣ: Чӣ боис шуд, ки тадрис бар асоси китобҳои таълимии Тоҷикистон дар Қирғизистонро манъ карданд?

Истодаой Турсунова: Солҳои пеш иҷозат буд аз Тоҷикистон китобҳои дарсиро ба Қирғизистон биёранд ва аз рӯи онҳо дарс гузаранд. Аммо баъдан, вақте мавзӯи истиқлолият дар миён омад, дигар Қирғизистон иҷозат надод, ки китобҳое, ки дар аввали саҳифаи онҳо матни суруди миллӣ, акси парчам, нишон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, инҷо истифода шавад.

Як ҳодиса ёдам меояд, ки ҳатто ҷанҷоле миёни муаллимон ва кормандони маориф дар вилояти Бодкандро ба бор оварда буд. Кадоме аз онҳо ба синфҳо даромада, савол медиҳанд, ки "раиси ҷумҳури Қирғизистон кӣ аст?" Онҳо номи Эмомалӣ Раҳмонро мегиранд.

Нахустин президенти зани Қирғизистон Роза Отунбаева бо тоҷикони кишвараш мулоқот мекунад
Нахустин президенти зани Қирғизистон Роза Отунбаева бо тоҷикони кишвараш мулоқот мекунад

Барои ҳамин, назарҳое пайдо шуд, ки адабиёти аз Тоҷикистон воридшуда набояд ба мақсаде истифода шаванд, ки хонандагон надонанд, ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд ва раиси ҷумҳурашон кӣ аст. Барои ҳамин, вазорати маорифи Қирғизистон аз ин пешгирӣ кард ва моро маҷбур кард, бар асоси меъёрҳои ин кишвар китоб таҳия кунем.

Аз ин лиҳоз Ҷамъияти тоҷикон бо ҳадафи таъмини фарзандони тоҷикон бо китобҳои дарсӣ, ба мо муроҷиат кард. Каме, ки мо балад будем, ба таҳияи китобҳои дарсӣ оғоз кардем. Кори таҳияро соли 2010 аз “Алифбои тоҷикӣ” барои синфҳои поёнӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳурматхон Аҳмадалиева, муаллимаи ботаҷриба сар кардем.

Баъд аз он китобҳои дигаре барои синфҳои як ва сеюм, мисли китоби мусиқӣ, табиатшиносиро дар асоси китобҳои таълимии тоҷикӣ ва русӣ таҳия кардем. Ба ҷойи маконҳои қадимиву таърихии Тоҷикистон мо ҷойҳои таърихии Қирғизистонро зикр кардем.

Алифбои нав: Ба ҷойи майдони Сомонӣ - майдони Алатоо

Радиои Озодӣ: Метавонед, мисол биёред, ки номи кадом мавзеъро бо дигараш иваз кардед?

Истодаой Турсунова
Истодаой Турсунова

Истодаой Турсунова: Дар “Алифобои тоҷикӣ”, ки дар Тоҷикистон омӯзиш мегиранд, дарёи Сир, кӯҳҳои Помир, майдони Сомонӣ зикр шудааст. Давлати Қирғизистон гуфт, ки бачаҳои тоҷик ҳангоми омӯзиш бояд ба мавзеъҳои ҷуғрофии ин кишвар шинос шаванд.

Аз ин рӯ, он "Алифбо"-е, ки мо навиштем, аслан ба нусхаи тоҷикӣ монанд нест. Ба ҷойи кӯҳҳои Помир - кӯҳҳои Олтойро, ба ҷойи майдони Сомонӣ - майдони Алатоо навиштем.

Бачаҳо бо баҳонаи омӯзиши ҳарфу ҳиҷо ин ҷойҳои таърихиро низ меомӯзанд. Фарқи дигар ин аст, ки дар "Алифобо"-и мо бачаҳо бо ҳарфбозӣ навишту талаффузи ҳарфҳоро меомӯзанд, ки як шакли муосири омӯзиш аст. Ҳоло бори дуввум аст, ки ин “Алифбо” бо дастгирии ҷамъияти тоҷикон нашр мешавад.Ҳоло сари тарҷумаи китоби дарсии англисӣ барои синфҳои сеюм ва панҷум бо забони тоҷикӣ кор мекунам. Барои мадрасаҳои тоҷикӣ инро таҳия кардам. Ҳоло дар Қирғизистон тадриси адабиёти таълимие, ки дар Тоҷикистон нашр мешавад, мушкил аст. Гоҳо истифодаи китобҳои дарстие иҷозат аст, ки дар он нишону парчами Тоҷикистон набошад. Дигар аксари китобҳои дарсиро тарҷума ва аз сар таҳия кардем.

Акси президент дар Қирғизистон китоби дарсиро кӯҳна мекунад

Радиои Озодӣ: Яъне, ҳоло дар китобҳои дарсӣ ба ҷои акси президенти Тоҷикистон акси президенти Қирғизистон ҷой дода мешавад?

Истодаой Турсунова: На, зеро дар варақи аввал мо ҷой барои акси раиси ҷумҳур надорем. Ин ҷо ҳар панҷ сол раиси ҷумҳур иваз мешавад ва агар як раиси ҷумҳурро аксашро гузорем, аллакай дар вақти раиси ҷумҳури дигар китоб кӯҳна мешавад.

Мо таҳияи китобро дар давраи Боқиев шурӯъ кардем, ки он аз сари қудрат рафт ва Отумбаева омад. Ӯ ҳам рафт ва Отамбоев омад. Ҳоло ҳам раиси ҷумҳури нав интихоб кардем. Барои ҳамин дар китобҳои ин ҷо аксҳои раиси ҷумҳурро нашр намекунанд, ки он китоб чанд сол истифода шавад.

Радиои Озодӣ: Вақте бо бархе аз омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ сӯҳбат кардем, аз он гила карданд, ки ҳоло тамоюле ҷараён дорад, ки тоҷикон ба таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои русӣ бартарӣ медиҳанд. Ин омил боиси кам шудани синфхонаҳои тоҷикӣ низ шудааст?

Истодаой Турсунова: Ҳар тобистон ба деҳаи Учқурғон сафар мекунам. Он ҷо писарам зиндагӣ мекунад. Замони рафтани ман ба айёми хатми мактаббачагон рост меояд. Баръакс, тоҷикон кушиш мекунанд, ки забони тоҷикиро хуб омӯзанд ва барои таҳсил ба Тоҷикистон бираванд.

Синфхонаҳои тоҷикӣ он ҷо хеле кам аст. Як мактаби русӣ ҳаст, ки он ҷо бештар қирғизҳо ва узбекҳо мехонанд. Танҳо тоҷикони Бишкек маҷбуранд, фарзандонашонро ба мактабҳои русӣ бидиҳанд, чун дигар роҳ надоранд. Дар Бишкек синфхонаҳои тоҷикӣ нест.

Агар талоши омӯхтани забони тоҷикӣ набошад, ин 50 нафар аз куҷо пайдо мешавад, ки ҳар сол ба Тоҷикистон биравад? Ҳар сол 50 квота аз ҷониби Тоҷикистон ҷудо мешавад ва тоҷикони Қирғизистон дар Душанбе ва Хуҷанд таҳсил мекунанд.

Ҳоло зиёда аз 400 ҷавони тоҷики Қирғизистон дар Донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Тоҷикони ин ҷоро ишқу алоқаашон ба забони тоҷикӣ хеле зиёд аст.

Радиои Озодӣ: Қирғизистон низ барои қирғизтаборони Тоҷикистон квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои худашро ихтисос додааст. Бисёре аз қирғизҳо пас аз таҳсил дар Бишкек дигар ба Мурғобу Лахш барнамегарданд. Чунин тамоюле дар миёни ҷавонони тоҷики Қирғизистон низ ба назар мерасад?

Истодаой Турсунова: Ин ҷо баръакс аст. Аксаран аз Тоҷикистон пас аз анҷоми таҳсил ба Қирғизистон бармегарданд. Масалан, ҷонишини мудири яке аз мактабҳои тоҷикӣ, ки писараш Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кард, мехост, дар Душанбе бимонад.

Падару модараш ва сокинон аз ӯ талаби бозгашт карданд. Ӯ баргашт ва як сол боз дар яке аз марказҳои саломатӣ ба ҳайси пизишк кор мекунад. Онҳое ҳам, ки дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил мекунанд, бармегарданд, чун маоши омӯзгорӣ ин ҷо дар қиёс ба Тоҷикистон андаке фарқ мекунад. Аз нигоҳи ман, онҳо ҳамеша дар фикри бозгашт ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Вазъ ва ояндаи таълим бо забони тоҷикиро дар Қирғизистон чӣ гуна пешгӯи мекунед?

Истодаой Турсунова: Ба ояндаи забони тоҷикӣ бисёр хушбин ҳастам. Чун омӯзгорони зиёдеро мебинам, ки барои пешрафти забон талош мекунанд. Худи тоҷикон низ талош доранд, то забону фарҳанги худро ҳифз кунанд.

Қирғизистон худаш як кишваре аст, ки миллиятҳои гуногун зиндагии осоишта доранд. Тоҷикон худро роҳат эҳсос мекунанд. Давлати Қирғизистон ва мардуми қирғиз ба тоҷикон эҳтиром доранд. Қирғизҳо ва тоҷикон риштаҳои хешутаборӣ доранд.

Теъдоди зиёде аз мардон ҳамсари қирғизӣ доранд ва теъдоди дигаре аз занон шавҳари қирғиз доранд. Манас, қаҳрамони қирғизҳо ҳамсари тоҷикӣ доштааст, аз ин рӯ, онҳо тоҷикҳоро хеши худ меҳисобанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG