Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тоҷикистон рафтори Холдоровро маҳкум кард


Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мулоқот бо муфтии Истамбул Ҳасан Комил Йилмаз
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мулоқот бо муфтии Истамбул Ҳасан Комил Йилмаз

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ахиран аз сафаре ба ду кишвари мусалмоннишин - Миср ва Туркия баргашт, ки дар ҷараёни он хабарнигорон аз муфтӣ дар бораи мавҷудияти фатвои манъи ришу сатр суол карданд. Нишасти Миср, ки дар он иштирок кард, “Нақши фатво барои дастёбӣ ба субот дар ҷомеа” ном дошт.

Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 25-уми октябр дар бораи ин сафар ва ҷанҷоли ахир дар яке аз масҷидҳои канори Душанбе бо иштироки як мақомдори маҳаллӣ посух дод. Муфтии Тоҷикистон рафтори Шокир Холдоров, масъули ҳукумати ноҳияи Рӯдакиро, ки намозгузорони масҷидро таҳқир карда буд, маҳкум кард.

Рафтори ин нафар нишонаи заъифӣ ва нотавонии ӯ аст, яъне бадахлоқӣ ва бадрафтории ҳамон инсон аст, ки чунин дашном, хусусан дар саҳни масҷид медиҳад. С.Абдулқодирзода дар бораи Ш.Холдоров

Холдоров аввали моҳи октябр ба як масҷиди зоҳиран бесанади ноҳияи Рӯдакӣ бо талаби бастани ин масҷид аз дашномҳои қабеҳ кор гирифт ва ин навор дар интернет шӯрбарангез шуд.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Абдулқодирзода, манзур аз "фатво барои субот" чӣ ҳаст, ки дар Миср сари он баҳс сурат гирифт?

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Аксари давлатҳои мусалмоннишинро хатарҳои ифротгароӣ таҳдид мекунад ва фаъолони ҷомеа дар изтиробу ташвиш ҳастанд. Ба ҳамин хотир, дар Қоҳираи Миср таъсири фатво барои мӯътадил нигоҳ доштани ҷомеаи мусалмонӣ баррасӣ шуд. Бо муфтии ин кишвар ва Шайхи Азҳар, ки мақоми баланд дар Миср ва дар олами ислом дорад, вохӯрӣ доштем. Нигаронии онҳо ҳам ин аст, ки фатвоҳои гурӯҳҳои тундрав ҷомеаҳои мусалмониро ноором мекунад. Бояд муфтиҳои олами ислом як исломи воқеии мӯътадиле, ки ҳаст ва ҳамон исломро ва ҳамон фатвоҳое, ки барои нигоҳ доштани оромии ҷомеаи муслимин таъсир мекунад, истифода кунанд. Аз фатвоҳои тундгароёна, ки аз тарафи гурӯҳҳои тундгаро, ки ба терроризму экстремизм мебаранду ҷомеаҳои ороми муслиминро ба хуну хок мекашанд, бояд мардум огоҳ бошанд. Пеши роҳҳои чунин фатвоҳои зарарноки нооромкунанда бояд гирифта шавад. Дар ин конфронс намояндагони зиёда аз 63 кишвари дунё иштирок доштанд, ки сӯҳбатҳо аслан сари ин масъала буд. Ба ин хулоса расидем, ки фатвоҳои аслӣ, ки субот дар ҷомеаро таъмин мекунанд ва асли ислом ҳам ҳамин аст, истифода шаванд ва аз фатвоҳои дуруғину фитнаангез пешгирӣ шавад.

Фатвои манъи доштани риш содир нашудааст

Радиои Озодӣ: Матбуоти Туркия ҳам пас аз сӯҳбати шумо навишт, ки дар Тоҷикистон фатво вуҷуд дорад, ки ходимони дин ҳатто риш нагузоранд. Шумо гуфтед, ки дар масъали риш мушкиле вуҷуд надорад?

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Дар масъалаи риш суол доданд ва гуфтанд, ки дар Туркия хабарнигоре хабар пахш кардааст, ки ходимони дин риш намегузоранд ва тамоми шахсиятҳоро ришҳояшонро метарошанд. Мо гуфтем, ки чунин қонуну фатво вуҷуд надорад. Дар ҳақиқат, як вақт барои муайян кардани шахс ва мутобиқатии чеҳраи ӯ бо акси шиносномааш ин кор вуҷуд дошт ва феълан вазъият орому мӯътадил аст.

Радиои Озодӣ: Ҷавонони тоҷик ба сафи ДИИШ аксаран тавассути Туркия пайваста буданд. Дар ин мавзуъ ҳам бо муфтии Истанбул сӯҳбате доштед?

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Мо дар масъалаи ҳаммазҳабӣ ва робитаҳои дӯстонаи қаблию феълӣ, мутобиқат кардани фарҳангу мазҳаби аҷдодии мардуми турк бо мардуми тоҷик сӯҳбатҳо доштем ва гуфтем, ки бояд ҳамкориҳои наздик дошта бошем. Гуфтем, ки чуноне шуморо хатарҳо таҳдид мекунад, айнан, мисли шумо моро низ чунин хатарҳо таҳдид мекунад. Мо душмани муштарак дорем ва бояд ҷомеаи ороми худро ҳифз кунем. Кушиши табадулоти ҳарбие, ки дар Туркия шуда буд, ҳамон вақт маҳкум карда будем ва дар ин сафар бори дигар онро гушзад кардем. Онҳо ҳам кушиши табадулоти соли 2015 дар Тоҷикистонро маҳкум карданд. Аксаран, сӯҳбатҳои мо атрофи дину диндорӣ буд.

ДИИШ - душмани муштараки Тоҷикистону Туркия аст

Радиои Озодӣ:Манзуратон аз доштани душмани муштарак бо Туркия чист?

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Гурӯҳи ДИИШ душмани муштараки мо аст. Туркия ҳам аз ин гурӯҳ нигаронӣ дорад. Мо низ, ки Афғонистон наздик аст, 1400 километр сарҳад дорем, яъне эҳтимоли таҳдиди хатар аз он сӯи марз вуҷуд дорад. На танҳо мо ва Туркия, балки тамоми олами исломро ДИИШ ё худ давлати ба ном исломӣ, ки сохтаи баъзе қувваҳои бадхоҳ аст, таҳдид мекунад. Ҳоло тавре медонем, дар Миср чӣ қадар таркиш шуд ва Абдуфаттоҳ Сисӣ, президенти Миср ҳам дар як сафари хориҷиаш, гуфт, ки гурӯҳи ба номи Давлати исломии бо ном ДИИШ аз Ироқу Сурияву Либия ба Миср ҳуҷум карданианд. Яъне, ин гурӯҳ ҳама олами исломро таҳдид мекунад ва як душмани муштараки мо ҳаст.

Радиои Озодӣ: Ҳоло гурӯҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ низ шикаст хурдааст ва эҳтимоли бозгашти аъзоёни ин гурӯҳ ба кишварҳояшон вуҷуд дорад. Дар ин росто бояд кадом иқдомҳоеро рӯи даст гирифт? ​

Саидмукаррам Абдулқодирзода: На танҳо қишри рӯҳоният, балки тамоми ҷомеа бояд бедору ҳушёр бошад. Ин гурӯҳ дар давлатҳои пешрафта амалиёти террористӣ анҷом доданд. Вазифаи аслии ходимони дин расонидани исломи муътадил, ки мехоҳад, на танҳо ҷомеаи мусалмонӣ, балки инсоният дар оромиш бошад, ҳаст. Тамоми динҳо ва тамоми башарият миёни ҳам меҳру муҳаббат дошта бошанд. Ин мазмуни аслии дини ислом аст, ки бояд ба тамоми ҷомеа ходимони дин бирасонанд. Албатта, мақомот вазифаи худашонро анҷом медиҳанд, ҳеҷ кӯтаҳие дар корашон нест ва тамоми корҳои лозимие, ки дар салоҳияташон аст, мекунанд, аммо ходимони дин низ дар оромии ҷомеа бояд саҳми бештар дошта бошанд.

Базудӣ ба Маскав меравем

Радиои Озодӣ: Зимнан, Албир Крганов, муфтии Маскав чанде пеш гуфт, ки муҳоҷирони тоҷик башиддат ифротӣ мешаванд ва аз рӯҳониёни тоҷик интиқод кард, ки дар ин замина дар Русия ҳеҷ коре анҷом намедиҳанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Намедонем, ӯ дар кадом асос ин ҳарфҳоро гуфтааст. Шояд аз заҳмату меҳнатҳои мо ва вохӯриҳои мо, сафарҳои расмии мо назди муҳоҷирони меҳнатӣ, он кас огоҳ набудааст. Мо ӯро огоҳ кардем, гушзад кардем, ки чунин нест. Мо ҳамеша иртибот дорем ва ҳамарӯза мо тавсияю роҳнамоии худамонро ба гӯши муҳоҷирон мерасонем. Бо ин вуҷуд, дигарон саъю талош барои гумроҳ кардани муҳоҷирони мо доранд ва ҷавонони моро аз роҳ мезананд. Мо ҳамеша бо муҳоҷирон сӯҳбат дорем. Оянда низ тасмим дорем, ки сафар кунем ва бо муҳоҷирон дидору гуфтугӯ кунем ва талош кунем, ки ҷавонони мо ба роҳи хато нараванд.

Шокир Холдоров
Шокир Холдоров

Шокир Холдоров бадахлоқӣ кард

Радиои Озодӣ: Чанд ҳафтаи ахир як навори Шокир Холдоров, масъули Кумитаи дин дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки намозгузоронро ҳақорат медиҳад, баҳси зиёдеро эҷод кард. Назари шумо ба он навор ва рафтори ин мансабдор чӣ аст?

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Рафтори ин нафар нишонаи заъифӣ ва нотавонии ӯ аст, яъне бадахлоқӣ ва бадрафтории ҳамон инсон аст, ки чунин дашном, хусусан дар саҳни масҷид медиҳад, чаро ки инсони оқил, фозил ва комил ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ шаклу ҳеҷ сурат ба ин гуна дашному таҳқиру ҳақорат роҳ намедиҳад. Ин рафтор аз бадахлоқии ҳамон инсон далолат медиҳад. Рафторе, ки ӯ кард, на ҳукумат, на инсоният, на одоби хизматчии давлатӣ қабул надорад ва одоби хизматчии давлатӣ ҳам ин нест, ки рафта чунин кунанд. Бо вуҷуде, ки масҷид як ҷои рӯҳоният ва ибодат аст, ҳиҷ вақт ҳукумат ва қонун иҷозат намедиҳад, ки як хизматчии давлатӣ рафта, бо чунин суханҳои қабеҳ бо мардум сӯҳбат кунад. Албатта, инро касе қабул надорад. Ӯ ҳам чанд рӯз ба ҳабс гирифта шуд, таҳқиқ карданд, ҷарима карданд.

XS
SM
MD
LG