Пайвандҳои дастрасӣ

"Мо ғарибем"-и як овозхони тоҷик дар бораи муҳоҷират. ВИДЕО


Мушкили сангини муҳоҷират ва талоши ҷавонҳои тоҷик барои зиндагии шоиста, солона садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистонро ба шаҳру манотиқи Русия дар ҷустуҷӯи кор мебарад. Яке аз онҳо Беҳрӯзҷони Амин аст, ки баъди чанд соли таҷрибаи мардикорӣ дар Русия дарди дили худу дӯстонашро рӯи оҳанг овард ва як овозхони мардумие шуд, ки дар мавзӯи сахтиҳои муҳоҷират оҳанг иҷро мекунад.

Беҳрӯзҷони Амин 24 сол дошта аз соли 2010 худ барои ҷустуҷӯи кору даромад ба Русия сафар мекунад. Солҳои охир ӯ дарёфт, ки мехоҳад дарди дили худро тавассути оҳангу шеър ба дигарон бигӯяд ва дар фурсати кӯтоҳ оҳангҳояш дар мавзӯи ғарибиву маҳрумиятҳо тарафдори бисёр ҳам пайдо кард. Вай мегӯяд, қиссаҳои зиёде аз сари муҳоҷирон мегузарад, ки бархе такондиҳанда, дигарӣ даҳшатнок ва бархе хеле хушҳолкунанда ҳастанд. Таронаи “Мо ғарбием”, ки дар фурсати кӯтоҳи баъди иҷрову пахшаш дар интернет ҳаводори зиёд пайдо кард, аз ҳамин қабил қиссаҳост.

Мушкили сангини муҳоҷират ва талоши ҷавонҳои тоҷик барои зиндагии шоиста, солона садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистонро ба шаҳру манотиқи Русия дар ҷустуҷӯи кор мебарад.

Вай мегӯяд, вақте мебинад, ки наздикон дар Тоҷикистон ба хотири аз даст надодани даромади писар, марги падарро аз ӯ як сол пинҳон мекунанд ва ё як ҷавоне аз баландии сохтмони ба замин афтода мемирад, дилаш такон мехӯрад ва аз пайи эҷод мешавад: "Як наздикам падараш аз олам даргузашт, ба ӯ нагуфтанд, ки падараш гузаштааст. Гуфтанд, ки истода кор кунаду пул фиристонад, барои ҳамин як сол баъд ба ӯ гуфтанд, ки падарат гузаштааст. Баъди як сол огоҳ шуд, ки падараш гузаштааст ва ӯ ҳатто тобути падарро набардоштааст.”

Беҳрӯзҷони Амин мегӯяд, диилсангии мардум, ғарибиву дарбарӣ, бепулӣ ва сахтии пайдо кардани кор, марг ба ҳангоми кор, мутаассифона, маъмултарин сабабҳои дилшикастагии ҷавонон дар муҳоҷират мешавад: “Як дӯстам репсаро буд. Аз як иншоот афтида ҷон дод. Алами марги рафиқам маро маҷбур кард, ки тарона бихонам".

Беҳрӯзҷони Амин.
Беҳрӯзҷони Амин.

Беҳрӯзҷон мегӯяд, ҳарчанд матну оҳанги эҷодкардаи ӯ хеле сабуку ғайрикасбӣ ҳастанд, вале самимиву аз таҳи дил иҷро шудаанд. Вай мегӯяд, агар ҳаводор намедошту оҳанги дили ӯро дигар ҳамқисматонаш дар Русия эҳсос намекарданд, шояд ба эҷоди оҳангу мусиқӣ даст намезад.

​Беҳрӯзҷони Амин сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон, дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки мегӯяд аз соли 2010 инҷониб муҳоҷир аст. Ду бародари ӯ аз ӯ пештар нони хонаро аз муҳоҷират пайдо мекунад. Беҳрӯҷзони Амин мегӯяд, ки тасмим дорад, ки қисми дуюми таронаи "Мо ғарибем"-ро бо дархости муҳоҷирон ба навор бигирад. Қисмати асосиаш дар Русия ба навор гирифта мешавад ва достони ин тарона, зиндагии як муҳоҷири бемор аст, ки бо ин вуҷуд мехоҳад кор кунад ва ба хонаводааш пул фиристонад.

Дар чанд соли ахир дар вилояти Хатлон на танҳо овозхонҳои навкор, балки ҳунармандони таҷрибадор ҳам дар мавзӯи муҳоҷират тарона иҷро мекунанд, чун медонанд, ки ин мавзӯъ ба ҳар як хонавода дар Тоҷикистон наздику дарднок аст. Соле на камтар аз 1 миллион сокини Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору рӯзӣ ба Русия мераванд.

Исломиддин, як сокини ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хуб ёд дорад, ки соли 2010 дар Маскав вақте таронаи таронаи "Ғарибӣ"-и Наимҷони Сайидалӣ ва Ҳанифа Қурбоноваро шунид, дар фикри бозгашт ба ватан шуд.

Ӯ мегӯяд, ки "аввалин бор дар мавзӯи муҳоҷират таронаеро дар Русия шунидам, ки ҳамчун як муҳоҷир хуб қабул кардам. Аз Тоҷикистон як CD-и ин таронаро ба ман доданд, вақте сурудеро дар мавзӯи муҳоҷират шунидам, ки модар мегуфт, дар канори дастурхон ҷойи ту холист. Хеле ба ман таъсир кард, ба фикри хонаводаамон задам, ки бояд баргардам, муҳоҷирон зиёд ин таронаҳоро мешунаванд. Ҳамеша ҳамин мавзӯъро пайгирӣ мекунад."

Баҳром Ғафурӣ
Баҳром Ғафурӣ

Яке аз таронаҳои дигари пуртарафдор “Муҳоҷирбача”-и Баҳром Ғафурӣ бо оҳангу матни Фахриддини Холбек буд, ки муҳоҷиронро дар Наврӯз ба ватан даъват мекард.

Олиямоҳ Набиева, як зани 50-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки бо дидани наворҳои видеоҳои муҳоҷирати тоҷикон аз фарзандонаш талаб мекунад, ки бо вуҷуди мушкили ҷойи кор ва ҳақимузд дар кишвар, ба Тоҷикистон баргарданд. Ин зан мегӯяд, ки солҳост чаҳор фарзандаш дар муҳоҷират қарор дорад:

"Мушкил аст, ман чаҳор сол мешавад, ки фарзандонам дар муҳоҷират ҳастанд. Таронаҳое, ки мебинем, хеле таъсирбахшанд, намехоҳам дигар дар муҳоҷират бошаНД, шароит дар кишвар муҳайё бошаду баргарданд, биёянд ватани худро обод кунад."

Дар миёни овозхонҳои зан таронаҳое дар мавзӯи муҳоҷиратро Нигина Амонқулова ва Меҳринигори Рустам низ иҷро кардаанд, ки хеле хуб қабул шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG