Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ночорӣ, нокомӣ ва мардҳои бад -- баҳонаҳои танфурӯшии занони сабукпо


Аксари занҳои танфурӯши тоҷик пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистонро ҷиҳати ба кор ҷалб шудан напазируфтаанд.

Ин Кумита ба занҳои танфурӯш, ки дар паи як рейди кормандони Вазорати корҳои дохилӣ боздошт шудаанд, пешниҳоди кор дар ширкатҳои пухту паз, тамизкорӣ ва дар маҷмӯъ корҳое, ки ниёз ба диплом надоранд, пешниҳод кардаанд, аммо боздоштшудагон занон розӣ нашуданд.

Маҳбуба Азимова, сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва иттилоотии Кумитаи занон ба радиои «Озодӣ» гуфт, зимни сӯҳбат маълум шуд, ки аксари ин занҳо роҳи дарёфти осони пулро ҷустуҷӯ мекунанд ва намехоҳанд, бо роҳи дуруст даромад ба даст оранд. Ин ҳам дар ҳамаи онҳо мегӯянд аз ночорӣ ва камбизоатӣ тан ба фурӯш гузоштаанд.

Ӯ гуфт: «Давлатҳои қашшоқеро медонем, ки теъдоди танфурӯшонаш зиёд нест. Духтароне ҳастанд, ки камбизоат нестанд, вале ба ин кор даст мезананд. Ин ҷо фикр мекунам, ки аввалан маърифати онҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Бархе аз духтарони дигар ҳастанд, ки дар ҷавонӣ фиреб хӯрдаанд ва дигар ба ин роҳ рафтаанд. Мардҳое беномусе ҳастанд, ки онҳоро ба ин роҳ бурдаанд ва одат додаанд. Аз тарафи дигар онҳое ҳастанд, ки танфурӯширо ягона роҳи осони дарёфти маблағ медонанд. Лекин вақте пешниҳоди кор мекунем ва маошро мепурсанду маош кам аст, зуд аз кор даст мекашанд. »

Ҳоло Кумитаи кор бо занон ташвиқоти ҷиддиеро миёни занони шаҳру деҳот ба роҳ мондааст ва масъулони он мегӯянд, ягона роҳи ҷилавгирӣ аз танфурӯшӣ боло бурдани маърифати занон аст. Бештари танфурӯшон дар Тоҷикистон онҳое ҳастанд, ки дар ташкили зиндагии хонаводагӣ ноком шудаанд ва дар ниҳоят ба қавли худ, бинобар мушкилоти зиндагӣ ба фоҳишагарӣ даст задаанд.

Озормоҳ, исми мустаори як ҷавондухтарест, ки 8 сол пеш ӯро бо як марди аз худ 20 сол бузургтар хонадор кардаанд. Панҷ сол пеш ӯ бо як фарзанд аз шавҳараш ҷудо шудааст ва чун ҳеҷ ҷое таҳсил накарда буд, дар идорае ба ҳайси фаррош ба кор медарояд. Ин ҷавонзан мегӯяд, аз рӯзи нахустини кор аз ҷониби раиси корхона пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ шунид ва кори ӯ дар ин ҷо то замоне давом кард, ки ба истилоҳ барои раис нодаркор шуд. Ин зан бино бар таҷрибаи худ мегӯяд, занҳои бешавҳаре, ки маълумоти олӣ надоранд, дар ҳар ҷое кор мераванд, шарт ҳам дар баробари кор алоқаи ҷинсӣ бо нафаре дар ин корхона ҳаст. Аз ин рӯ, ӯ мегӯяд, «дигар чӣ фарқ дорад, ки ӯ ҳар рӯз бо як музди ночиз танашро ба раисаш бахшад ва ё бо нафаре, ки барояш пули бештар медиҳад». Бинобар ин, ин зан ҳоло ҳеҷ кореро қабул надорад ва мегӯяд, аз ҳисоби танфурӯшӣ зиндагии худу як фарзандаш хуб пеш меравад.

Дар ҳамин ҳол, Елена Иброҳимова, зане, ки дар созмонҳои иҷтимоӣ таҷрибаи кор бо фоҳишаҳо дорад, мегӯяд, ба ҷуз таъмини ин занҳо бо ҷои кори хуб ва тағйири назари мардон нисбат ба онҳо роҳи дигаре барои коҳиши теъдоди танфурӯшон ғайриимкон аст. Ӯ меафзояд, рейди мақомоти қудратӣ, баръакс зиндагии танфурӯшонро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.

«Баъди ин рейдҳо онҳо эҳтиёткор мешаванд. Масалан, то ҳол дар Қараболо муштарии худро интизор мешуданд, вале ҳоло, ки рейд шурӯъ шудааст, онҳо то чанд рӯз ба кор намебароянд. Вақте вазъ ором шуд, ҳатман боз дубора ба кор мебароянд. Охир ҷои кор нест. Биёед ҳисоб кунем, ки барои як хонаи иҷора бо ҳисоби пасттарин 300 сомонӣ лозим аст. Дар ҷое, ки ҳеҷ танҳо шабро саҳар кардан имкон дораду зиндагӣ мушкил аст. Аксари онҳо кӯдакони хурдсол доранд. Онҳоро хӯронидану пӯшонидан лозим аст. Танҳо ҷои кори хуб онҳоро аз ин роҳ бармеградонад. Бо 400 сомонӣ маош зиндагӣ имконнопазир аст. Бо зӯриву рейд кор ҳал намешавад. Аз роҳҳои дигар бояд кор гирифта на рейду боздошти ин занҳо.»

Ин дар ҳолест, ки ахиран Иттиҳоди созмонҳои ҷамъиятиии Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ ба СММ аз нақзи ҳуқуқи танфурӯшон дар Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд. Дар ин гузориш омадааст, ки «онҳо аз сатҳи баланди зӯроварӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизоҷон ва ҷомеа, азият мекашанд.»

Тайи як моҳи охир ва пас аз дастури вазири умури дохилӣ барои шиддат додани мубориза бо фаҳфшо боздошти танфурӯшон аз ҷониби ВКД ба авҷи худ расид. Ҳафтаи гузашта дар пайи як рейд дар се рӯз зиёда аз 500 зан бо гумони танфурӯшӣ боздошт шуд ва ҳоло дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон боздошти танфурӯшон идома дорад.

Нигаронии мақомот аз зиёд шудани фоҳишаҳо дар ҳолест, ки соли гузашта танҳо беш аз 1641 занро бо гумони фоҳишагӣ боздошт кардаанд. Бо вуҷуди нигарониву зиёд шудан фоҳишаҳо, тибқи қавонини Тоҷикистон чунин фоҳиша бо пардохти ҷарима озод мешавад. Танҳо барои ташкилу хизматрасонии фоҳишахонаҳо, ҷазоҳои сахттаре пешбинӣ шудааст.

Ҳарчанд то кунун сабабҳои аслии даст задании бархе аз занони тоҷик ба фаҳшо дақиқ нагуфтаанд ва ҳам пажӯҳише дар ин росто анҷом нашудааст, аммо аксаран то кунун ба вазъи бади иҷтимоии онҳо ишора мешавад. Аммо аз сӯҳбатҳои ахир падид меояд, ки чунин занон хеле зуд ба даромади калону осон одат мекунанд ва ба зиндагии одӣ баргаштан намехоҳанд.
XS
SM
MD
LG