Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди интихоби "алтернативӣ"-и раисони ҷамоатҳо. ВИДЕО, САДО


Қосими Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон.

Қосими Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон.

Қосими Раҳбар – раиси Кумитаи рушди маҳал – даъват кард, ки вазифаи раиси ҷамоат на таъинотӣ, балки интихобӣ бошад. Ӯ рӯзи 10 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар ин сурат ҳосили кори намояндагони ҳукумат дар деҳот муассир мешавад. "Ҳоло раисони ҷамоатҳо бо пешниҳоди ҳукумат аз тарафи сокинон интихоб мешаванд. Вале хуб мешавад, агар номзадҳои алтернативӣ дар чунин интихобот иштирок дошта бошанд ва мардум аз рӯи барномаҳояшон номзади беҳтаринро интихоб кунанд", - афзуд ӯ.

Навори видеоӣ инҷост:

Метарсам, ки мақомоти маҳаллӣ ин пешниҳодро намепазиранд. Зеро, дар ин сурат, раисони ҷамоатҳо аз зери итоати раҳбарони ноҳия метавонанд берун раванд.

Раиси Кумитаи рушди маҳал гуфт, феълан дар Тоҷикистон 370 ҷамоат ва 60 шаҳрак вуҷуд доранд ва ҳамаи раҳбарони ҷамоатҳо аз рӯи принсипи таъинот дар ин вазифаҳо кор мекунанд. Ин нахустин бор аст, ки Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон баъди таъсисёбиаш дар соли 2013 чунин як даъватро ба забон меорад.

​Дар Тоҷикистон аз рӯи Қонуни асосӣ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, аъзои порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд. Дар муддати беш аз 20 соли таҷрибаи баргузории интихобот, ҳеҷ гоҳ созмонҳои нозири байналмилалӣ ин раъйдиҳиҳоро мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи шаффофу демократӣ арзёбӣ накардаанд. Яке аз интиқодҳои ҳамешагии интихоботҳо ин аст, ки ба хотири таъмини ҳузури номзадҳои мавриди назари ҳукумат ва ё аъзои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, интихоботҳо тақаллуб шудаанд.

Абдуғанӣ Мамадазимов

Абдуғанӣ Мамадазимов

Дар чунин шароит даъват ба ҷорӣ шудани низоми интихобии раиси ҷамоатҳоро бархе коршиносон “ғайриинтизор” ва дигарон – саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд. Сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар чунин шавад, ин нишонаи оғози марҳилаи нави мардумсолорӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

“Ин пешниҳоди хуб аст, вале метарсам, ки мақомоти маҳаллӣ намепазиранд. Зеро, дар ин сурат раисони ҷамоатҳо аз зери итоати раҳбарони ноҳия метавонанд берун раванд. Ин пешниҳод дар сурате воқеӣ мешавад, ки қонунгузории интихобот дар Тоҷикистон тағйир дода шавад ва салоҳияти баргузории интихоботи маҳаллӣ аз мақомоти ҳамон маҳал ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вогузор шавад. Дар ин сурат ба Комиссия чандон муҳим нест, ки дар ҷамоатҳо кӣ вакил ва кӣ раис интихоб мешаванд”, - шарҳ дод ӯ.

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Абдуғанӣ Мамадазимов гуфт, замоне дар Ҳиндустон дар давраи раёсати ҷумҳури Маҳатма, Индира ва Раджив Гандӣ таҷрибаи баргузории интихоботҳои мардумӣ тавонист аҳолии беш аз 1 миллиарднафарии ин кишварро аз вартаи фақри амиқ берун кашида, кишварро ба як низоми озоду демократӣ роҳнамоӣ карданд.

Зимнан, Қосими Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе гуфт, ин танҳо пешниҳод аст ва барои амалӣ шудани он тағйири қонунгузорӣ зарур аст. Ба гуфтаи вай, феълан раисони ҷамоатҳо маъмулан ба умури даъвати ҷавонон ба сафи артиш ва тақсими қитъаҳои замин барои манзил машғуланд. Вай, инчунин, пешниҳод кард, ки бархе аз салоҳияти вазоратҳои кишвар низ ба ҷамоатҳо дода шаванд ва минбаъд дар раҳбарияти рустоҳо мустақилияти бештари иқтисодӣ эҳсос карда шавад.

Маркази ноҳияи Рӯдакӣ

Маркази ноҳияи Рӯдакӣ

Дар ҳамин ҳол, бархе аз раисони ҷамоатҳо дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо ҷонибдори муқаррароти қонунгузорӣ ҳастанд. Рустам Қаҳҳоров, раиси ҷамоати Амондараи Панҷакент гуфт, агар ин пешниҳод пазируфта шавад, бадие надорад. Вай афзуд, “агар қонунгузорӣ муқаррар кунад, ки бояд интихобот бо иштироки номзадҳои алтернативӣ сурат гирад, мушкиле нест. Бигзор мардум беҳтаринро интихоб кунад.”

Аммо Муҳиддин Норбутаев, раиси ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз чунин пешниҳод чандон хушбин нашуд. Ӯ гуфт, “ҳоло низ раиси ҷамоат аз тарафи мардум интихоб мешавад. Ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад, ки номзадҳои алтернативӣ дар он ширкат кунанд.”

Салоҳиятҳои як раиси ҷамоат дар баробари иҷрои корҳои маъмурии маҳаллӣ, аз анҷоми рисолатҳои васеи сиёсӣ ҳам иборат аст. Раиси ҷамоат вазифадор аст, ки аз падидаҳое мисли ифротгарӣ ва майли ҷавонон ба ақидаҳои хатарзои экстремистӣ ҷилавгирӣ ва мардумро ба эҳтиром ва риояи қонун даъват кунанд. Вале солҳои охир гоҳо исми раисони ҷамоатҳо бо масъалаҳое мисли фасод ба ҳангоми тақсими замин расонаӣ мешавад ва бархе сокинон дар рустоҳо мегӯянд, ки ҳамин мақомҳо дар вуҷуди ҳодисаҳои ришват нақш доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 10 январ ҳангоми арзёбии фаъолияти даҳсолаи Оҷонсии зидди фасоди кишвар гуфт, дар ин муддат дар миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ беш аз чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG