Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен: "Мардум аз ҳукмҳои вазнин дар парвандаҳои иқтисодӣ шикоят доранд" ВИДЕО


Зариф Ализода
Зариф Ализода

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз сангинии ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ нигарон аст ва умед дорад, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар заминаи нармтар кардани Кодекси ҷиноятӣ дар ин замина иқдом хоҳад кард.

Вай хабар дод, ки танҳо дар нимсолаи аввал ба идораи вай аз сокинон 12 шикоят аз болои ҳукмҳои беадолатонаи додгоҳӣ ворид шудааст.

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ 19-уми июл дар посух ба саволҳои хабарнигорон гуфт, ки бо дарназардошти пардохти ҷубронӣ молӣ аз сӯйи хонаводаи Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон парвандаи вай дар додгоҳи вилояти Суғд бозбинӣ мешавад.

Хайрулло Мирсаидов бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд барои тақаллубкорӣ ва харҷи ғайримақсадноки маблағи будҷа ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Рӯзи 18-уми июл вакилони дифои журналист Хайрулло Мирсаидов ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд аризаи кассатсионӣ карда, тақозо намуданд, ки ҳукми 12 соли зиндони раҳбари тими мунтахаби КВН-и Тоҷикистон бозбинӣ шавад.

Хонаводаи Мирсаидов хабар дод, ки 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13,5 ҳазор доллар) маблағро, ки дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони "зиёни молии давлат" зикр мешуд, ба будҷа баргардониданд.

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Зариф Ализода дар ин робита ба хабарнигорон гуфт, ки маблағи зарари молӣ баъд аз судури ҳукми додгоҳ пардохт шудааст ва ба ин далел додгоҳ наметавонист ин нуктаро ба инобат бигирад. Ба гуфтаи Ализода, ҳамакнун, бо ирсоли шикояти кассатсионӣ додгоҳи шаҳри Хуҷанд метавонад ҳукми худро бозбинӣ кунад, зеро, қонунгузории Тоҷикистон имкони кам кардани мӯҳлати ҷазо дар сурати пардохти зарари молиро пешбинӣ кардааст.

Гурӯҳи корӣ бояд гуманизатсияи ҷазоро баррасӣ кунад

Дар идомаи сӯҳбат Омбудсмени Тоҷикистон эътироф кард, ки дар нисбати парвандаҳои ҷиноятии иқтисодӣ сокинон аз сангин будани ҳукмҳои додгоҳҳо шикоят мекунанд. Ба гуфтаи вай, ба ин манзур ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳи махсуси корӣ таъсис додааст, ки бояд гуманизатсия ё сабук кардани ҷазо барои чунин ҷиноятҳоро баррасӣ кунад.

"Ман аъзои ин гурӯҳ нестам ва ба ин далел намедонам, ки Кодекси нави ҷиноятӣ чи гуна ҷазоро барои ҷиноятҳои иқтисодӣ пешбинӣ мекунад. Вале бо дастури раҳбарияти олии Тоҷикистон ҷазо бояд нармтару шаклҳояш тағйир дода шавад. Зеро, дар сурати дар маҳбас будани ҷинояткор зарари молиро касе наметавонад ҷуброн кунад", - афзуд Зариф Ализода.

Чаро додгоҳ пардохтро ба наздикони маҳкумшуда вогузор мекунад?

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ.
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз тасмими мақомот барои нармтар кардани ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ истиқбол кард ва гуфт, ки ҳарчанд қонунгузорӣ шаклҳои мухталифи ҷазо барои ин гурӯҳро пешбинӣ кардааст, аммо додгоҳҳо маъмулан ҷазои ҳабсро содир мекунанд. Ба гуфтаи вай, дар ҳукми додгоҳ ҳатто таъкид мешавад, ки дар сурати пардохти зарари молиявӣ айбдоршаванда аз зиндон озод карда мешавад.

Бахтиёр Насруллоев дар ин бора гуфт, "вақте айбдоршаванда дар маҳбас қарор дорад, чӣ гуна вай метавонад зарари молиро ҷуброн кунад. Яъне, додгоҳ дидаву дониста пардохти ҷубронро ба наздикони айбдоршаванда вогузор мекунад. Вале, оё шахси бегуноҳ, маъмулан аъзои оилаи айбдоршаванда, вазифадоранд, ки ҷуброни зарари ҷинояти каси дигарро пардохт кунанд? Не, ин вайрон кардани яке аз асосҳои қонунгузории кишвар аст, ки эълон кардааст, ҳеҷ кас барои гуноҳи касе ҷавобгар буда наметавонад. Мутаассифона, дар мо чунин нест ва агар воқеан ба Кодекси ҷиноятӣ дар ин робита тағйирот ворид карда шавад, иқдоми беҳтарин аст".

Ҷазои алтернативӣ барои ҷиноятҳои иқтисодӣ чӣ аст?

Бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик бар ин назаранд, ки нармтар ва гуногун кардани ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ имкон медиҳад, ки ба таври қобили мулоҳиза теъдоди камтари шаҳрвандон озими зиндонҳо шаванд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳеҷ далеле наметавонад боиси ислоҳи афкори ҷинояткорон гардад ва ба ин хотир бояд аз ҳукми маҳбаси шаҳрвандон барои ҷиноятҳои иқтисодӣ парҳез кард.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик.

Вай афзуд: "Ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои ин гурӯҳи ҷинояткорон беҳтар аст, ки ҷазои алтернатива, яъне бидуни маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ карда шавад. Якум ин, ки айбдоршаванда дар зиндон наметавонад маблағи зарарро ҷуброн кунад. Дувум, хубтар аст, ки ҷинояткор дар канори оилааш бошад аз таъсири манфии фазои зиндон худро эмин нигаҳ дорад. Дар ин сурат маблағҳои бузурги будҷа барои нигаҳбонии зиндониён низ сарфа мешавад".

Шокирҷон Ҳакимов афзуд, ки дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон дар робита ба Кодекси ҷиноятӣ чанд маротиба тағйирот ворид карда ва дар ниҳоят ба талаботи ҳомиёни ҳуқуқи байналмиллалӣ гӯш додаанд. Созмонҳои байналмиллалӣ тақозо доранд, ки қонуни ҷазои Тоҷикистон нармтар ва намуди ҷазо гуногун пешбинӣ шавад.

"Тоҷикистон зиндонии сиёсӣ надорад"

Дар нишасти матбуотии имрӯз Зариф Ализода ҳамчунин дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки Тоҷикистон ба дархости Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дар робита ба озодии Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик чӣ назар дорад, гуфт, ки "тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон сохторҳои зирабт нахуст бояд бо матни аслии ин дархост ошно шаванд ва сипас мақомот метавонад ба ин дархост посухи расмӣ бидиҳад".

Зайд Саидов.
Зайд Саидов.

Вай ба такрор гуфт, ки "Зайд Саидов ва на аъзои раҳбарияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ нестанд, зеро дар қонунгузорӣ ҷазо барои фаъолиятҳои сиёсӣ пешбинӣ нашудааст".

Зариф Ализода хабар дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ваколатдори ҳуқуқи инсон аз сокинон 1691 муроҷиат ворид шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта камтар аст, зеро дар нимсолаи аввали соли гузашта миқдори чунин муроҷиатҳо баробари 2262 адад будааст. Омбудсмени тоҷик ин оморро далели беҳтар шудани вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон унвон кард.

Аммо, соҳибназарон мегӯянд, ки ин нишондод далели он аст, ки сокинон дигар ба ҳалли одиалона мушкилиашон бовар надоранд ва аз муроҷиат ба сохторҳои ҳимояи ҳуқуқҳояшон, аз ҷумла, ба идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.

Дар гузашта парвандаҳо бо расонидани зарари молӣ, ки боиси зиндони шудани айбдоршавандаҳо гардид, аз ҷумла парвандаи ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр"-и Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати "Ҷамол компани" Ҷамшед Сиёев ва ровии пешини телевизиони Тоҷикистон Муаттара Ҷӯраева, ки барои роҳандозии тиҷорат қарз гирифт ва барнагардонд, дар ҷомеа вокунишҳои мухталифе дошт.

Ин афрод аз додгоҳ хоста буданд, ки омодаанд дар сурати дар озодӣ будан, маблағи зарарро ҷуброн кунанд, аммо додгоҳҳо ин хоҳиши айбдоршавандаҳоро напазируфта ва онҳоро ба зиндон маҳкум карданд. Дар натиҷа муштариҳо натавонистанд маблағҳояшонро бозпас бигиранд.

XS
SM
MD
LG