Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи афсари «салафӣ» ба додгоҳ рафт


Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон.
Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон.

Парвандаи як афсари пулис, ки бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни мамнӯъи салафия боздошт шуда буд, барои баррасӣ ба додгоҳи Хатлон ирсол шуд.

Шариф Мираков, капитани милиса, ки то замони боздошташ дар шӯъбаи корҳои дохилии истгоҳи Роҳи оҳани Айнӣ дар Душанбе кор мекард, бар пояи банди 189, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ - ангехтани кинаву адовати динӣ айбдор дониста мешавад.Парвандаи ӯ дар ҳоле ба додгоҳ исрол мешавад, ки бештар аз се моҳ дар ихтиёри тафтишот қарор дошт.

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили дифои Мираков мегӯяд, зерҳимояааш дилпурона ба бегуноҳии худ таъкид мекунад. Ӯ мегӯяд, агар додгоҳ пешниҳоди онҳоро ба назар бигирад, эҳтимоли зиёди раҳоии Мираков вуҷуд дорад. Аммо мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, алайҳи Шариф Мираков беш аз даҳ сокини маҳаллӣ нишондод додааст, ки воқеан ӯ баҳсҳои носолими диниро миёни мардум ба миён меандохтааст, ки дар аксар маврид ин гуна баҳсҳо боиси кинвау адоват шудаанд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, Шариф Мираков, соли 1974 дар деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе сукунат доштааст. Ин бори аввал аст, ки як корманди милиса бо гумони тарғиби равияи Салафия дар Тоҷикистон боздошт мешавад.

Пайравони ҷараёни салафия дар Тоҷикистон онҳоеро мегӯянд, ки аксаран дар бисёр масоил ақидаҳои мухолиф бо мазҳаби Имоми Аъзам, мазҳаби расмии мардуми Тоҷикистонро доранд. Пайравони ин гурӯҳ тақрибан дар соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ рӯи масоили динӣ ба баҳс нишастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости Додситони кул дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи амниятӣ фаъолияти салафияро мамнӯъ эълон кард.

XS
SM
MD
LG