Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури дастгоҳи президент барои кӯмак ба Диёрбек


Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон супориш додааст, ки барои консерти хайриявӣ ба хотири наҷоти фарзанди овозхони поп Дилноза Каримова толори Филармония ройгон ҷудо карда шавад. Баргузоркунандагони консерт мегӯянд, ба дархости онҳо Озода Раҳмон дар фурсати хеле кӯтоҳ вокуниш карда, дастури ҷудо кардани толорро дод.

Даъват ба баргузории консерти хайрия аз ҷониби ҳунармандон баъди он садо дод, ки Дилноза Каримова дар бораи дучори дараҷаи хатарноки саратон шудани писари шашсолааш Диёрбек хабар дод.

Шоираи Раҳимҷон, сарвари маркази продюссерии “Шоира” ва яке аз баргузоркунандагони консерт рӯзи 26-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ҷудо шудани толор онҳо кори таблиғотии худро шурӯъ карданд. Ба қавли хонум Шоира, онҳо вақте барои баргузории консерт ба роҳбарияти Филармония давлатӣ муроҷиат карданд, роҳбарияти ин муассиса гуфтаанд, ки толор дар ихтиёри Дастгоҳи Президент аст ва барои баргузории консерт бояд аз онҷо иҷоза гирифт.

"Мо ба Озода Раҳмон мактуб кардем, он кас ба Вазорати фарҳанг дастур медиҳанд, ки толор ҳарчи зудтар ҷудо карда шавад, то Диёрбекро ҳамон қадар тезтар наҷот диҳем. Ростӣ, мо чашмдошт набудем, ки ба мактуби мо ин қадар тез вокуниш мешавад. Дар як рӯз аллакай супориш доданд ва корро ҳал карданд,"-афзуд Шоираи Раҳимҷон.

Шоираи Раҳимҷон.
Шоираи Раҳимҷон.

Шоираи Раҳимҷон ҳамчунин гуфт, барои иштирок дар консерти хайриявӣ ба хотири наҷоти Диёрбек Аминҷонов, фарзанди Дилноза Каримова аллакай беш аз 50 ҳунарманд аз омодагии худ барои иштирок хабар доданд. Аммо хонум Шоира мегӯяд, онҳо дар таблоҳои таблиғотӣ махсус номи ҳунармандонро зикр накарданд, то хостанд бубинанд, ки сокинон на ба хотири номи овозхонон, балки ба хотири наҷоти як кӯдак ба консерт меоянд.

Консерти хайриявии барои наҷоти Диёрбек Аминҷонов рӯзи 6-уми январ соати 15:00 дар толори Филармонияи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Баргузоркунандагони консерт мегӯянд, аллакай корхонаҳо нисфи чиптаҳоро харидаанд ва хоҳишмандон метавонанд аз хазинаи Филармония чипта дастрас кунанд.

Барои наҷоти фарзанди Дилноза Каримова, то имрӯз чандин чорабиниҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла рӯзи 26-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи давлатии Кохи Рӯдакӣ нахустин консерти хайрия ба хотири ҷамъоварии маблағ ва пуштибонии молии писари овозхон Дилноза Каримова баргузор мешавад. Дар ин консерт қарор аст ҳаҷвнигорони маҳаллӣ, гурӯҳҳои эҷодии театрӣ ҳунарнамоӣ кунанд.

Озодаи Раҳмон, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.
Озодаи Раҳмон, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои Зайниддин Каримов, бародари Дилноза Каримова, қарор аст дар маҷмӯъ дар Хуҷанд то 13 январ се консерти дигари хайрияи ҳунармандон вилояти Суғд (рӯзҳои 28 декабр, 4 ва 13 январ) ташкил шавад. Консерти хайрияи шаҳри Душанбе бо ибтикори маркази продюсерии “Шоира” рӯзи 6-уми январ барпо мешавад. Дар ин консерт ситораҳои ҳунари Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Даъват ба баргузории консерти хайрия аз ҷониби ҳунармандон баъди он садо дод, ки Дилноза Каримова дар бораи дучори дараҷаи хатарноки саратон шудани писари шашсолааш Диёрбек хабар дод ва гуфт, барои муолиҷаи писараш дар клиникаҳои хориҷӣ на камтар аз 100 ҳазор доллар маблағ зарур аст. Дилноз Каримова аз охири моҳи октябр дар шаҳри Бишкек аст ва писараш 24 соат зери назари табибони бемористони давлатии атфоли гирифтори саратон мебошад.

Зайниддин Каримов гуфт, ки дар фурсати беш аз як ҳафтаи даъват ба ҷамъоварии маблағи хайрия ба сурат-ҳисоби бонкии Диёрбек Аминҷонов чизе бештар аз 7 ҳазор доллар ворид шудааст ва ин маблағ хеле кам аст. “Мо, албатта, танҳо ба даромади консерт умед намебандем ва бо кӯмаки ситоди ташкилкардаамон талош дорем аз бунёдҳои хайрияи махсус ҳам кӯмак дарёфт кунем”, гуфт Зайниддин Каримов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми декабр.

Вай гуфт, инчунин хонавода тасмим гирифт, ки баъди Бишкек барои идомаи муолиҷа хоҳарзодаашро ба шаҳри Маскав интиқол диҳанд, то ки табобату ҷарроҳии ӯ дар он ҷо идома ёбад.

XS
SM
MD
LG