Пайвандҳои дастрасӣ

"Роҳи Оҳани Тоҷикистон" муҳоҷирони ихроҷшударо ройгон ба Душанбе меорад


Ин аксро Орифҷон Файзуллоев, яке аз муҳоҷирони боздоштшуда дар истгоҳи Оқсарой фиристод

Ҳукумат дастур додааст, ки муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия дар истгоҳи Оқсарой ройгон ба Тоҷикистон оварда шаванд. Аз 130 нафаре, ки то рӯзи 9 ноябр дар марз дармондаанд, додгоҳи Русия нисбати нисфи онҳо қарори ихроҷ (выдворение) ва манъи ҳақи вуруд ба муҳлати се солро содир кардааст.

Боқимондаҳо дар интизори қарори додгоҳ ба сар мебаранд. Сафорат мегӯяд, ҳайати намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Оқсарой ба муҳоҷирон аз назари ҳуқуқӣ, таъминот бо нақлиёт ва дар ҳалли

Додгоҳҳои Русия дар як рӯз то 10 нафарро қабул мекунанд, аммо мо хоҳиш кардем, то 40-50 нафарро қабул кунанд. Яъне ба ин тартиб мо тавонем, ки шаҳрвандонамонро аз инҷо бароварда ба ватан фиристем.

мушкилоти дигар кӯмак мекунад. Феълан тамоси телефонӣ бо худи муҳоҷирон, ки давоми як ҳафта ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебаранд, барқарор нашудааст.

“Мо аз вазъи онҳо ҷиддан нигарон ҳастем”

Анвар Латифзода, сухангӯи корхонаи давлатии “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” рӯзи 9 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, маъмурияти ин ниҳод аз вазъи будубоши муҳоҷирони тоҷик дар истгоҳи Оқсаройи вилояти Астрахан ҷиддан нигарон ҳастанд.

Ба таъкиди ҷаноби Латифзода, “бо супориши Ҳукумат корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”вазифадор шудааст, ки ҳамаи муҳоҷирони дармонда ба таври ройгон ба ватан интиқол дода шаванд. Ҳукумат супориш додааст, ки муҳоҷирон ҳамаҷониба дастгирӣ шаванд. Мо умедворем, ки тариқи каналҳои дипломатӣ то фаро расидани сармо масъалаи муҳоҷирон ҳалли худро меёбад.”

Ин масъули корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, намояндагони ин ниҳод дар Русия дар истгоҳи Оқсарой барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон кор бурда истодаанд. Аммо Анвар Латифзода мегӯяд, бо вуҷуди пайдо шудани мушкил дар истгоҳи Оқсарой қатораҳои онҳо бидуни мушкил ва аз рӯи нақша ҳаракат доранд.

“Қисми бештарашон ихроҷ шуданд”

Аз рӯзи 2 то 6 ноябр мақомоти марзбонии Русия зиёда аз 180 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми бозгашташон ба ватан тавассути се қатори хатсайти Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд аз қатор фароварда боздошт кардаанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, тибқи маълумотҳои ахир теъдоди шаҳрвандони гирифтори Тоҷикистон дар истгоҳи Оқсарой 130 нафар буда, додгоҳ қарори ихроҷи қисми бештари онҳоро содир кардааст.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, қисми бештари ин муҳоҷирон барои нақзи қонуни будубош аз Русия ихроҷ ва роҳашон барои се сол ба ин кишвар баста шуд. Рӯзи 9 ноябр Сарвар Бахтӣ гуфт:

“Намояндагони мо дар ҷои ҳодиса кор мекунанд ва онҳо бо мақомоти Русия дар ин бора чанд вохурӣ гузаронданд. Мо талош дорем қарори судашон тезтар содир шавад. Додгоҳҳои Русия дар як рӯз то 10 нафарро қабул мекунанд, аммо мо хоҳиш кардем, то 40-50 нафарро қабул кунанд. Яъне ба ин тартиб мо тавонем, ки шаҳрвандонамонро аз инҷо бароварда ба ватан фиристем. Ба онҳое, ки шаҳодатномаи бозгашт ба ватанашон ба итмом расид, мо дар ҳамонҷо ба онҳо шаҳодатномаи нав медиҳем,” - афзуд ин масъули сафорати Тоҷикистон.

Сарвар Бахтӣ афзуд, дар назар аст, ки имрӯз қарори додгоҳ дар нисбати муҳоҷирони боқимонда ҳам содир шавад. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои бурдани муҳоҷирони тоҷик аз истгоҳи Оқсайро ба додгоҳ, ки дар дурии 70 км қарор дорад, нақлиёт фароҳам овардаанд.

Муҳоҷирони дармондаи тоҷик, ба гуфтаи масъулини Сафорати Тоҷикистон, ба нақзи қоидаҳои будубоши Русия аз ҷумла надоштани қайди расмӣ ва патент муттаҳам дониста мешаванд.

“Вазъи нагаҳдории муҳоҷирон вахим аст”

Гурӯҳи аввали муҳоҷирони тоҷик шоми 2-юми ноябр, ҳангоми бозгашт ба ватан дар қатори Маскав-Душанбе фароварда шуданд. Мақомоти марзбонии Русия иддао карданд, ки аксари ин афрод барои нақзи қоидаи будубош ва шаҳодатномаи қалбакии бозгашт ба ватан муттаҳам мешаванд.

Шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои кишвар дар Русия барои он шаҳрвандоне медиҳад, ки шиносномаи худро гум кардаанд, ё муҳлати истифодаи шиносномаашон гузаштааст. Баъди санҷиши гурӯҳи аввали муҳоҷирон, санади 40 нафари онҳо дуруст ва қонунӣ арзёбӣ шудаанд.

Собир Латипов, як муҳоҷири 28-солаи тоҷик, ки тӯли 6 рӯз дар ин истгоҳ дармондааст рӯзи 8 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи нигоҳдории онҳо дар инҷо хеле вахим аст, ҷойи хоб надоранд ва вазъи саломатии чандин нафар бахусус калонсолон бад шудааст.

Ин акс рӯзи 9 ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид
Ин акс рӯзи 9 ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид

Ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, “дар дохили авиакасса як қолин бо болопуш аст, одамони калонсол ва занонро ҷой карда истодаем. Онҳо онҷо ҳастанд, вале бачаҳо гирд мегарданд, хунук хурда боз баромада мегарданд. Вазъият мушкил аст. Хурду хурок ҳама аз ҳисоби худашон аст. Кадом нафаре, ки маблағ надорад аз дигарон кӯмак мегирад. Бисёриҳо бепул ҳастанд, гушнаву ташна.”

Собир ҳамчунин гуфт, ба ғайр аз муҳоҷирони тоҷик боз муҳоҷирони узбакро ҳам аз қатор мефароранд, вале ба қавли ӯ “теъдоди онҳо кам буда, онҳоро тез-тез ҷавоб медиҳанд". Ин муҳоҷири дармондаи тоҷик ҳамчунин мегӯяд, маҳз набуди маблағ ӯро маҷбур кард, ки тариқи қатора ба ватан баргардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ “давоми 6 рӯзи маблағи ду чиптаи ҳавопайморо инҷо харҷ кардам.”

Коршинос: Охирин пулҳояшонро мегиранд

Коршиносон мегӯянд, масъалаи дармондани муҳоҷирони тоҷик дар истгоҳи Оқсаройро бесобиқа меноманд. Дар гузашта ҳама гуна фишор болои ҷамъи зиёди муҳоҷирони тоҷик бештар бо ҳадафҳои сиёсӣ, мисли ба узвияти созмони иқтисодии Авруосиё шомил шудани Тоҷикистон, анҷом мешуд.

Холиқназар Ҷумъаев, коршиноси масоили муҳоҷират ва муаллифи китоби “Парандаҳои муҳоҷир” мегӯяд, таҷрибаи чанд соли ахир нишон дод, ки Русия бо истифода аз фишанги муҳоҷират хеле масъалаҳои сиёсии худро ҳал мекунад. Вале ин дафъа, эҳтимолан, ҳадаф - "ҷаримабандии муҳоҷирон ва кашида гирифтани охирин маблағи онҳо аст". Чун ҳар муҳоҷир барои нақзи қонуни будубоши Русия ҷарима месупорад, ки ҳаҷми он аз 2 ҳазор рубл оғоз мешавад.

Бархе дигар коршиносон мегӯянд, дар фазои бӯҳрони иқтисодии Русия, ки дар паи ишғоли нимҷазираи Қрим ва шурӯи низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина сар зад, дар ин кишвар мушкили молӣ эҳсос мешавад. Ва дар ин шароит сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ назорат аз кори ҳама бахшҳои таъминкунандаи даромадро шадидтар карда, фишорро болои соҳибкорону тоҷирон ва инчунин муҳоҷирони хориҷӣ афзоиш медиҳанд.

“Вақте чиптаи ҳавопаймо гарон мешавад”

Бо сабаби бекорӣ дар Тоҷикистон, ҳар сол дар фасли баҳор даҳҳо ҳазор афроди қобили кор аз Тоҷикистон ба Русия рафта, тирамоҳ бармегарданд. Роҳи маъмулии бозгашти муҳоҷирон – аз тариқи ҳавопаймо буда, бархе бо сабаби камии даромадашон тасмим мегиранд тавассути қатор ва автобус ба ватан баргарданд. Дар фасли тирамоҳ, ки мавсими баргашти муҳоҷирон ба ватан аст нархи чиптаи ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон гарон шуда, барои аксар муҳоҷирон дастнорас мешавад.

Ахиран масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтанд, ки дар 9 моҳ тариқи қатор 102 ҳазор нафар мусофирро ба манзил расондаанд, ки дар муқоиса ба 3 соли пеш се баробар бештар аст. Дар гузашта бинобар мушкилоти роҳ, хусусан дар марзи Узбакистон ва Русия, мусофирон аз сафар бо қатор парҳез мекарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG