Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 "салафӣ" дар ноҳияи Фархор


Дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон 5 нафарро бо гумони пайравӣ ба ҷараёни ифротгарои Салафия дастгир кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон 5 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни тундрав ва мамнӯъи салафия дар ноҳияи Фархор дастгир кардаанд. Тибқи иттилои расмӣ, ин ҷавононро замоне боздошт кардаанд, ки чанде аз онҳо дар дохили бозори марказии оҳия ақоиди ин равияро тарғиб мекарданд. Эмомалӣ Амиров, маъули Кумитаи кор бо дин дар ноҳияи Фархор мегӯяд, ин афрод аз дер боз бо рафторҳои ғайримаъмулии худ зери назари мақомот қарор доштанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо замоне боздошт шудаанд, ки дигар шубҳае ба шомил будани онҳо дар ҷараёни Салафия боқӣ намонда буд.

- Мутаасифона, бо вуҷуди таъкид дар масҷидҳо, ки дар мазҳаби Имоми Аъзам пойдор бимонед, бархе боз бо чунин роҳи хато мераванд. Мушоҳида мешуд, ки ин ҷавонон дар масҷид ба таври дигар намоз мегузоранд. Намози ҷумъае нест, ки имомхатибон аз покии мазҳаби Имоми Аъзам сӯҳбат накунанд. Бисёриҳо дарк мекунанд, аммо мисли ин ҷавонон, ки мағзашон дигар чизро қабул намекунад, ба амалҳои хилофи шариату қонун давом медиҳанд,-гуфт, Амиров.

Аммо дар ҳамин ҳол, Абдуғаффор Абдураҳмонов, падари Баҳром Абдуғаффоров, ки дар қатори ин панҷ нафар бо гумони узвият дар ҷараёни Салафия боздошт шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш ба ҳеҷ равияи ғайриқонуние шомил набуд. Ӯ мегӯяд, фарзандаш дар бозори марказии Фархор тиҷорат дошт ва ҳеҷ гоҳе мушоҳида накардааст, ки чӣ дар хона ва ё ҷои кор ӯ дар мавзӯи мазҳабӣ сӯҳбату баҳс карда бошад.

- Панҷ фарзанд дорад. Бачаи беақл набуд, ки ба чунин роҳ равад. Омаданд, бе ягон асос хонаашро кофтанд. Фақат риш дошт, вале умуман дар бораи ин равияҳо чизе намедонист. Ӯ қонунро хуб медонист ва ба хотири ҳамин 5 фарзандаш ҳеҷ гоҳ коре хилофи қонун намекард. Бовар дорам, ки ӯ бегуноҳ аст. Ҳоло барояш вакили дифоъ мегирам ва бовар дорам, ки озод мешавад, - гуфт, падари ин ҷавони боздоштшуда.

Боздошти ин панҷ нафар аз силсилаи боздошти афроде аст, ки пайравони ҷараёни салафия ном бурда мешаванд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ 16-уми август аз боздошти Ҳумайнӣ Ғозиев, ки аз ӯ мубаллиғи ин равия ном бурда мешуд, хабар дод. Тибқи иттилои ин вазорат, Ҳумайнӣ ҳамроҳ бо худ чаҳор нафари дигарро низ ба ин равия шомил карда, ҳамроҳ ақоиди зидди мазҳаби ҳанафиро тарғиб мекардаанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, донишманди улуми исломӣ.
Зубайдуллоҳи Розиқ, донишманди улуми исломӣ.

Зубайдуллои Розиқ, собиқ раиси Академияи исломии ҲНИТ мегӯяд, воқеан фаъолияти пайравони ин равия дар Тоҷикистон хатарбор аст, аммо бо боздошти чанд ҷавоне, ки аз ноогоҳӣ шомили ин равия шудаанд, мушкил ҳал намешавад. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон тарғиби мазҳаби шиа ва Салафия афзоиш ёфтааст, ки пайравони ҳарду ҳамдигарро чашми дигар надоранд ва ҳар лаҳза омодаанд, ба ҷони ҳам дар биафтанд:

«Ҷавононе, ки пайрави ин ақида ҳастанд, аз нақшакашиҳое, ки инҳо дар он ҷо танҳо нақш мебозанд, хабар надоранд. Нақшаи идеологони салафияву шиаро ин ҷавонон дуруст сафаҳм намераванд. Бо боздошти онҳо чизе тағийр намеёбад. Хубтараш тарғибот тариқи матбуот, телевизион ва масҷид зиёд шавад. Ҳоло олами ислом аз дасти ҳамин ду гурӯҳ шикаст мехӯрад. Хатари инҳо хеле ҷиддӣ аст, аммо бояд нахуст саромоягузору афроди боли ин гурӯҳҳо боздошт шаванд.»

Зубайдуллоҳи Розиқ бар ин назар аст, ки пайравони равияи Салафия дар ҳоле коҳиш хоҳад ёфт, ки сармоягузорони онҳо боздошт ва ба ҷомеа ҳадафҳояшонро ошкор кард.

Боздошти ин панҷ нафаре бо гумони салафия дар ҳолест, ки чанде рӯзе қабл ду сокини Восеъ, ки айнан бо ин иттиҳом дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешуданд, пас аз шаш моҳи ҳабс раҳо гардиданд. Салафия равияест, ки пайравонаш бо тариқи хоси намозгузорӣ ва андешаву афкор дар мавриди ислом аз пайравони мазҳаби ҳанафӣ фарқ доранд. Ин равия тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон сар аз соли 2008 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд. Пайравони ин равияи ифротӣ аксаран дар Арабистони Саудӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG