Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои "зинда"-и Аҳмад Зоҳир дар ресторанҳои Душанбе


Ҳамакнун аз дохили бархе аз ошхонаҳои Душанбе садои Аҳмад Зоҳир, сарояндаи маҳбуб ба гӯш мерасад. Овозхонҳое, ки дар Тоҷикистон бо тақлид ба садои Аҳмад Зоҳир суруд мехонанд, ҳоло барои кор ба ошхонаҳо даъват мешаванд.

Овозхонҳое, ки дар Тоҷикистон бо тақлид ба садои Аҳмад Зоҳир суруд мехонанд, ҳоло барои кор ба ошхонаҳо даъват мешаванд. Асадуллои Шамсулло, марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҷумлаи яке аз чунин тақлидкорони садои Аҳмад Зоҳир аст, ки моҳе пеш дархости кор аз ҷониби ошхонаи “Ховарон” гирифтааст. Ӯро мо дар ҳоле пайдо кардем, ки барои муштариёни ин ошхона бо аккордион аз сурудаҳои Аҳмад Зоҳир суруд мехонд. Ин мард мегӯяд, аз хурдӣ ошиқи сурудаҳои Аҳмад Зоҳир буд ва то кунун талош мекунад, ба мисли ӯ суруд хонад.

Ӯ мегӯяд, беш аз се сад суруди Аҳмад Зоҳирро бо оҳангҳояш аз худ кардааст ва ҳар мухлисе оғози сурудро ба ӯ бигӯяд, ӯ зуд онро иҷро мекунад. Асадуллои Шамсулло гуфт, пас аз кор дар ин ошхона эҳсос кардааст, ки дар Тоҷикистон рӯз то рӯз ошиқони сурудаҳои Аҳмад Зоҳир бештар мешаванд: “Соҳиби ошхона даъват кард, ки биё суруд хон. Ҳар рӯз аз соати 11 ин ҷо меоям ва барои мухлисон суруд мехонам. Маошам ҳам бештар аз ҳисоби мухлисон аст, ки суруд дархост мекунанд ва бар ивазаш бароям пул пардохт мекунанд.”

Рӯзе дар ин ошхона то бештар аз 50 нафар хӯроки нисфирӯзӣ мехӯранд, ки ба гуфтаи ин сароянда, аксарашон аз мухлисони суруду оҳангҳои Аҳмад Зоҳир ҳастанд.

Иқбол Хоҷаев, як сокини Душанбе аз шефтагони суруду оҳангҳои Аҳмад Зоҳир аст. Ӯ мегӯяд, аз замоне, ки шунид, ин ҷо як нафар бо садои Аҳмад Зоҳир суруд мехонад, дигар ҳар нисфирӯзӣ ба ин ошхона меояд.

Ӯ гуфт: “Садои Аҳмад Зоҳир ва сурудҳояшро хеле дӯст медорам. Бубинед, ки ин ҷо хеле арзон мо ин сурудҳоро мешунавем. Ошхонаҳо дар Душанбе зиёд аст, аммо кам ҷое ҳаст, ки ин хел муҳит дошта бошад. Бисёриҳо пул дода, консерти сарояндаҳои дӯстдоштаашонро мешунаванд, аммо ин ҷо мо бе пул гӯш мекунем. Аҷиб аст. ”

Садои зиндаи Аҳмад Зоҳир дар тарабхонаҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Танҳо ба ин мард, он муштариёне пул пардохт мекунанд, ки аз ӯ иҷрои суруди вижаи Аҳмад Зоҳиррро дархост кунанд. Заррина Буриева, корманди ошхонаи “Ховарон” мегӯяд, шинохтани мухлисони Аҳмад Зоҳир чандон мушкилӣ надорад, зеро ҳангоми сурудхонии Асадулло аксари онҳо ба зери лаб ё баландтар бо ӯ ҳамовозӣ мекунанд.

“Аз рӯзе, ки акаи Асадулло ба ошхонаи мо омадааст, муштариён ҳам зиёд шудааст. Аз мо бисёри онҳо хоҳиш мекунанд, ки рафта дар гӯшаш бигӯем, ки фалон сурудро бихонад. Мо мерасонем ва то ҳол ҳолате нашудааст, ки он сурудро акаи Асадулло иҷро накарда бошад.”

Дар ҳамин ҳол, Султони Ҳамад, пажӯҳишгари зиндагинома ва осори Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон мегӯяд, Асадуллои Шамсулло танҳо марде нест, ки бо сурудҳои Аҳмад Зоҳир дар ошхонае кор пайдо кардааст.

Ӯ гуфт: “Онҳое, ки бо садои Аҳмад Зоҳир тақлид мекунанд, дар Тоҷикистон зиёданд, аммо панҷ-шаш нафареро медонам, ки аз ин ҳисоб рӯзашонро пеш мебаранд. Дар ошхонаҳо кор мекунанд ва онҳоро ба маҳфилҳои хос даъват намуда, барояшон ҳақмузд медиҳанд. Ин аз он далолат мекунад, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо афроде, ки ҳунари аслиро мешиносанд, кам нестанд.”

Оқил Раҳматов, нафари дигарест, ки бо тақлид ба садои Аҳмад Зоҳир бо ӯ дар маҳфилҳои хсо ва ресторанҳо вохӯрд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҷои кори аниқ надорад, аммо ҳамеша ӯро ба маҳфилҳои хос ва ҳатто маросимҳои “Оши наҳор” даъват мекунанд.

Дар ҳоле бархе аз ҳунармандони тоҷик бо бозхонии сурудҳои Аҳмад Зоҳир роҳи зиндагиашонро пайдо кардаанд, ки аз даргузашти ин сароянда 36 сол гузаштааст. Аҳмад Зоҳир, сарояндаи маъруф миёни форсизабонҳост, ки то поёни солҳои 70-ум дар Афғонистон зиндагӣ кардааст. Аз ӯ бештар аз 500 суруду оҳанг боқӣ мондааст, ки то ҳол миёни тоҷикон шунаванда доранд.

XS
SM
MD
LG