Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду насл дар муқобили якдигар. Миёнроҳи тилоӣ куҷост? ВИДЕО


Навад сол пеш занҳои Осиёи Марказӣ чодару фаранҷии худро дар гулханҳои Шӯравӣ оташ заданд ва озодии худро, ки ба қимати ҷони ҳамтоҳои онҳо ба даст омада буд, эълон карданд. Бо гузашти ду даҳсола аз суқути Шӯравӣ наберагони он занҳо барои, ба гуфтаи онҳо, бозгашт ба асли хеш, дубора сатру чодар ба сар карданд ва сиёсати ҳукуматҳои дунявиро ба чолиш кашиданд.

Қонуни асосии кишварҳои дунявии Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, озодии эътиқод ва шеваи зиндагиро ба шаҳрвандон кафолат медиҳад. Аммо мақомдорон либосҳои мазҳабиро тақлид ба фарҳанги бегона, тафриқаандозӣ дар ҷомеа ва зарба ба арзишҳои дунявӣ маънидод мекунанд.

Навори видеоӣ инҷост:

Баҳси ҳиҷоб. Ду насл дар муқобили якдигар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Сӯҳбати ахири Радиои Озодӣ бо ду насли занони тоҷик, ки яке дар замони Шӯравӣ бузург шудааст ва дигаре насли давраи истиқлол аст, тафовути бузургро дар бархӯрди ин ду насл ба арзишҳои дунявӣ ба намоиш гузошт. Насли аввал аз мусалмонҳои муътадил иборат аст, ки тавонистаанд эътиқоди мазҳабии худро бо арзишҳои дунявӣ тавъам кунанд. Насли нав, бо онки донишҳои амиқи динӣ надорад, муҳофизакор аст ва арзишҳои дунявиро эътироф намекунад.

Ҳоло ин ду арзиши дунявӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон вориди ихтилоф шудаанд.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки шарҳи ӯро метавонед дар ин матлаб тамошо кунед, дахолат ба сатру ҳиҷобро хилофи қонунҳои демократӣ медонанд. Ӯ гуфт, агар ҳукумат барои манъи либоси исломӣ иқдом кунад, маҷбур аст, ки як зани хонанишин ва барои ҷомеа нодаркор шавад. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, эҳсос мекунад, ки раҳгузарон ба хотири сатр пӯшиданаш ба ӯ бо эҳтиром бархӯрд мекунанд.

Ҳоло ин ду арзиши дунявӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон вориди ихтилоф шудаанд. Заноне, ки ба пӯшишҳои замонавӣ тарҷеҳ медиҳанд, боис ба нигоҳҳои мазамматомези раҳгузарони мазҳабдӯстдор мешаванд ва баръакс дунявиҳо аз бисёр шудани “сатрпӯшҳо” шикоят мекунанд. Маълум нест, ки ин тафовут то куҷо мебарад ва дар ниҳоят ин ду зовия ба чӣ шева васати тиллоиро пайдо мекунанд.

XS
SM
MD
LG