Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии ҳарбӣ: Видеои латту кӯби сарбозон таҳқиқ мешавад


Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба таҳқиқи як навори видео пардохтааст, ки дар он гурӯҳе аз сарбозон ҳамхидматони худро зери мушту лагад гирифтаанд.

Додситонии ҳарбии Тоҷикистон навореро мавриди таҳқиқ қарор додааст, ки дар он як афсари артиши Тоҷикистон чанд сарбози зоҳиран аз нигоҳи рутба ва синну сол аз худаш хурдро бо мушту лагад ба рӯву гардан ва пою шикамашон мезанад. Алихон Убайдуллоев, муовини аввали Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, 11 декабр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар робита ба ин навор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад.

Ин парванда ба дунболи шикояти Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва бар асоси қисми дуи моддаи 373-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ" - ифтитоҳ ёфтааст. Дар Додситонии ҳарбӣ гуфтанд, онҳо мушаххас мекунанд, ки ҳодиса то чӣ ҳад воқеӣ аст ва ҷабрдидаҳо киҳо ҳастанд.

Масъулони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки аз ҳаққи сарбозон ҳимоят мекунад, гуфтанд, ки шикояти онҳо моҳи октябри соли ҷорӣ ба Додситонии ҳарбӣ ирсол шудааст. Дилрабо Самадова, раҳбари ин созмони иҷтимоӣ гуфт, мақомот аз ҷараёни баъдии тафтишоти навори мазкур онҳоро дар ҷараён мегузоранд.

Навори латту кӯби сарбозони қаторӣ аз сӯи як афсари артиши Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва бо вокунишҳои тунди корбарон рӯ ба рӯ шуд. Сабаби чунин "муҷозот"-и сарбозон маълум нест, аммо аз гуфтугузори афсар маълум мешавад, ки зоҳиран аз "нофармонӣ"-и сарбозон ба хашм омадааст. Ӯ аввал ба сару рӯ ва гулӯи сарбозон бо мушт зада, сипас таъкид мекунад, ки ба замин дароз кашанд ва бо пойҳояш ба пушту шиками онҳо мезанад.

"Шумо зӯред, ҳа?" - суол медиҳад ӯ ба сарбозе, ки дар навбати дувум истода, гӯё мунтазири мушту лагадҳои ӯ буд. Ва дар идома мегӯяд, "доим аз пушти ту "разбор" ҳаст. Як умр барои телефонҳо "разбор".

Баъдан ӯ аз сарбози дигар интиқод мекунад, ки "як умр дар ҷояш нишаста, ҳеч кор намекунад". Худи сарбоз мегӯяд, бекор нанишаста буд, балки об кашондааст. Дар охир, вақте афсар дар бораи "ришу ифлосиҳо" суҳбат мекунад, яке аз сарбозон мегӯяд, ки теғ надорад ва ҳанӯз моҳонаашро нагирифтааст.

Ин навор тавассути телефони мобилӣ сабт шуда, дар он садои латту кӯб ва дашноми афсар дар ҳаққи сарбозон шунида мешавад. Ӯ дар як ҷойи суҳбаташ ҳатто аз "лейтенанти калон Сафаров" ном бурдааст, ки маълум нест оё он нафар худи ӯст, ё каси дигар.

Тайи ду соли охир чандин ҳодисаи латту кӯб, фирору худкушӣ ва маъюб шудани сарбозон дар артиши кишвар расонаӣ шуд ва бисёр волидонро, ки фарзандони онҳо ба хизмат даъват шудаанд, нигарон кард. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда муҷримоноро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" кори сахт аст.

Созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ низ мегӯяд, соли гузашта 8 парвандаи марг ё осеби ҷисмонии сарбозонро ҳангоми хизмат ба қайд гирифт, ки яке аз онҳо талоши худмаъюбкунии сарбоз буд. Бархе аз мақомдорон дар ин маврид аз худи ҷавонон барои омода набуданашон ба хизмати ҳарбӣ ва тоб наовардан ба оддитарин мушкилот дар хизмат, танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG