Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инъикоси бӯҳрони иқтисодӣ дар будҷаи соли 2017


Вазорати молияи Тоҷикистон бастаи иборат аз қонуни будҷаи кишварро барои соли оянда ниҳоӣ карда ба Ҳукумат супурдааст. Тарҳи будҷаи кишвар ба гуфтаи муаллифонаш имсол бо назардошти “буҳрони иқтисодӣ” таҳия шудааст. Сайвалӣ Сафаров, раҳбари раёсати будҷаи Вазорати молия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми сентябр гуфт, будҷаи соли оянда низ “иҷтимоӣ” хоҳад буд ва маблағгузории соҳаи иҷтимоиёт аз афзалиятҳои он мешавад. Вай гуфт:

“Ҳаҷми умумии будҷаи соли оянда дар қиёс ба соли ҷорӣ 9,6 дарсад бештар аст. Қисмати даромади будҷа аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ бештар шудааст”.

Сафаров афзуд, хароҷоти будҷа дар соҳаи иҷтимоиёт имсол бештар шуд, чунки дар нимаи аввали соли равон маоши кормандони будҷавӣ боло бурда шуд. Барои мисол, ин масъули вазорати молия гуфт, дар тарҳи будҷаи соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 3 миллиарду 571 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф ва барои соҳаи тандурустӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Нақшаи даромадҳои будҷаи Тоҷикистон тайи чанд соли охир бо вуҷуди коҳиши рушди иқтисодӣ бар асари буҳрон аз 19 то 20 дарсад боло мерафт. Аммо дар тарҳи будҷаи соли оянда нақшаи даромадҳо дар қиёс ба соли ҷорӣ каме беш аз 9 дарсад боло бурда шудааст.

Аммо созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон дар шароити буҳрон боло бурдани нақшаи даромади будҷаро барои иқтисоди кишвар “зиёновар” хонда аз давлати Тоҷикистон даъват карда буданд, ин тасмимашро бозбинӣ кунанд.

Созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷумла GIZ -- Созмони рушди Олмон аз давлати Тоҷикистон қаблан даъват карда буд, ки қонуни будҷаро бозбинӣ карда, қисмати даромади онро коҳиш бидиҳад. Чунки, ба гуфтаи таҳлилгарони ин созмон, талаби зӯран иҷро кардани нақшаи даромади будҷа бо воситаи ситонидани андозҳои гарон миёни бахши хусусиро хоҳад шикаст.

Константин Бондаренко, иқтисоддони мустақил мустақил мегӯяд, чанд сол ба ин сӯ нақшаи даромадҳои будҷа аз рушди воқеии иқтисод дида бештар боло бурда мешуд. Дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ ӯ гуфт: “Болоравии нақшаи даромадҳои будҷа боиси афзоиши фишор болои андозсупорандагон мешавад, чунки нақшаи даромадҳо ҳамеша ба хароҷоти афзоянда баробар карда мешавад”.

Аммо ӯ мегӯяд, дар шакли андоз ситонидани маблағҳои сармоягузории соҳибкорон оқибат боиси рукуди иқтисодиёт мешаванд.

Аммо Сафаров мегӯяд, нақшаи даромади будҷаи кишвар аз ҳисоби пардохтҳои андозу гумрук имсол ҳамагӣ ҳудудан 700 миллион сомонӣ боло бурда шудааст ва қисмати боқимондаи даромадҳо аз ҳисоби гранту кӯмакҳои байналмилалӣ пур карда мешавад.

Зимнан дар миёнаи соли ҷорӣ бо вуҷуди он ки бо пешниҳоди ҳукумат нақшаи даромади будҷа 450 миллион сомонӣ поин бурда шуд, вале бо ин вуҷуд, будҷаи кишвар ба пуррагӣ иҷро нашуд ва каср ва ё норасоии будҷа ба 144 миллион сомонӣ мерасад.

Вазорати молияи Тоҷикистон ба хотири пур кардани будҷаи кишвар аз Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёи Рушд дар маҷмӯъ 80 миллион доллар кӯмак дарёфт карданӣ аст.

Ин вазорат ҳоло бо ин ду бонк дар ҳоли гуфтушунид аст ва дар сурати тасдиқ шудани барномаи кӯмак ба будҷаи Тоҷикистон аз сӯи онҳо, қарор аст Бонки ҷаҳонӣ 30 миллион ва Бонки Осиёии Рушд 50 миллион доллар ба Тоҷикистон бидиҳанд.

Каср ва ё норасоии будҷаи Тоҷикистон дар ҳоле афзуд, ки ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёфтааст. Тибқи омори тоза нашркардаи Бонки марказии Русия, дар ним соли равон муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон 598 миллион доллар фиристодаанд, ки дар қисё ба соли гузашта 14 фисад камтар будааст.

XS
SM
MD
LG