Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон низ осеб диданд


Шумор, ҷузъиёти воқеа ва маҳалли табобати онҳо аз ҷониби сафорати Тоҷикистон мушаххас мешавад.

Дар миёни даҳҳо донишҷӯи Донишгоҳи 2-юми тиббии Русия ба номи Пирогов, ки дар бемористонҳои шаҳри Маскав бистарӣ шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Дар миёни маҷрӯҳони сӯхтори дирӯза дар хобгоҳи донишҷӯён, ба иттилои Вазорати беҳдошти Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон, Туркманистон, Ғано, Руанда, Сйера-Лионе ва Малайзия мебошанд. Дар дафтари матбуоти ин вазорат ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки аксар маҷрӯҳон хориҷӣ буда, аз 37 нафари дирӯз овардашуда имрӯз 36 нафарашон дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд. 21 нафари онҳо дар ҳолати сангин мебошанд.

Ҳанӯз маълум нест, вазъи донишҷӯёни Тоҷикистон дар паи ин сӯхтори шаби 22 апрел чӣ гуна аст. Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Озодӣ гуфт, ки барои мушаххас кардани тамоми маълумот дар бораи сарнавишти шаҳрвандони Тоҷикистон соатҳои наздик бо декани факултаи кор бо донишҷӯёни хориҷии ин донишгоҳ Георгий Беспалюк мулоқот мекунад. “Мо дар паи дақиқ кардани ин маълумот ҳастем. Вале бояд гуфт, ки донишгоҳи дуюми тиббии Русия ба номи Пирогов яке аз донишгоҳҳои бонуфузи тиббии ин кишвар мебошад, ки ҳамасола аз тарифи квотаи саҳмияи байниҳукуматӣ ва ҳам тавассути шартномаҳо донишҷӯёни тоҷикро ба таҳсил мепазирад. Аз ин хотир, хабари сӯхтор дар хобгоҳ моро нигарон кардааст. Дар соатҳои наздик мо маълумотро дар бораи сарнавишти ҳамватанон дақиқ ва ба онҳо расидагӣ хоҳем кард”, гуфт Эгамзод дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав.

Тибқи иттилои матбуоти Русия, сӯхтор шоми чоршанбе дар сохтмони хобгоҳи донишгоҳ, ки дар хиёбони Волгин ҷойгир аст, сар зад. Сӯхтор, ба иттилои пешакии тафтишот, дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо рух дода, ҳаҷми сӯхтор 15 метри мураббаъро дар бар гирифтааст. Дар лаҳзаҳои сар задани сӯхтор аз дохили хобгоҳи донишҷӯён, ки аксарият хориҷиҳо мебошанд, 680 нафар берун оварда шуданд. Дар сӯҳбат бо ТВ "Мир" масъули хадамоти сӯхторнишонӣ гуфт, ки ба эҳтимоли аввал, дар яке аз утоқҳои донишҷӯён оташдони электронӣ (микроволновая печь) кафида, сабаби сӯхтор шудааст. Оташро дар давоми 2 соат хомӯш карда, маҷрӯҳони зиёдро дар ҳолати беҳушӣ берун овардаанд.

Донишҷӯёни маҷрӯҳшуда дар бемористонҳои шаҳри Маскав – дар пажӯҳишгоҳи ба номи Склифосовский ва касалхонаҳои шаҳрии рақами 36, 64, 31, 1, 7 ва 5 бистарӣ шудаанд. Дар ин муассисаҳо мегӯянд, бо тақозои қонун оид ба ҳифзи маълумоти хусусии тиббӣ, иттилое дар бораи ҳуввияти хориҷиҳои бистаришуда пахш намекунанд.

XS
SM
MD
LG