Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тарҳи ислоҳшудаи “Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард, ки бар асоси он бояд беморони сил маҷбуран табобат шаванд. Аз ин баъд агар ягон фарди гирифтори сил нахоҳад, ба бемористон равад, табибон метавонанд, ӯро аз тариқи шикоят ба додгоҳ дар шифохона бистарӣ намоянд.Додгоҳҳои Тоҷикистон ҳақ доранд, дар ғайби ин беморон ҳам барои ҷалб ба табобату ташхиси маҷбурӣ амр содир кунанд.
Тағйироти мазкур дар боби 331-уми кодекс аст, ки дар нусхаи пешинааш фақат табобати маҷбурии бемориҳои равониро дар назар дошт. Ҳоло дар ин боб ““бистарикунонии маҷбурии бемории сил” ворид карда шудааст.
Абдуҳалим Ғаффоров, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин ислоҳ дар кодекс ҷилавгирӣ аз афзоиши бемории сил ва ҳифзи сиҳати мардуми Тоҷикистон аст.
“Мутаасифона, бархе аз гирифторон аз табобати сил сарпечӣ мекунанд. Ин беморӣ гузаранда аст ва дигаронро метавонад, сироят кунад. Барои ҳифзи сиҳатии дигарон аз сил қонунгузорӣ лозим донист, ки табобати маҷбуриро иҷозат бидиҳад. Дар қонун дар бораи табобати бемрони сил дар соли 2006 ба табобати ҳатмӣ ишора шуда буд. Ҳоло ин тағийрот дар Кодекси мурофиавии гражданӣ роҳҳои ба табобат ҷалб кардан ва ҷавобгарӣ дар сурати сарпечӣ аз муолиҷаро мушахас мекунад. " гуфт вакили тоҷик.
Тибқи таҳқиқотҳо то соли 2015 дар миёни ҳар 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 60 нафари онҳо ба сил мубтало будааст. Ва дар ин миён онҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди эҳтиёҷ ба табобат дар бемористон ба шифохона намераванд ва ба гуфтаи табибон хатари сироят ба атрофиёнашонро зиёдтар мекунанд. То кунун онҳоро фақат бо роҳи ташвиқу тарғиб ба бемористон ҷалб мекардаанд.
Раҳматулло Ҷумъаев, директори Маркази мубориза зидди бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоб дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо ин Кодексро миёни гирифторони бемориҳои сил тарғиб мекунем. То ҳол ягон нафарро ба воситаи суд ба табобат ҷалб накардаем. Кӯшиш мекунем, ки хуб онҳоро бифаҳмонем, то худашон ба табобат розӣ шаванд.”
Пинҳон доштани бемории сил ва муроҷиат накардан ба шифохона ба гуфтаи табибон сабаб густариш ёфтани беморӣ дар миёни аҳли хонавода мешавад. Назар Ҳошимов, як пизишки собиқадор мегӯяд, мушкили аслии пинҳон доштани бемории сил ба он вобастааст, ки бинобар муносибати нодурусти атрофиён гирифторони беморӣ талош мекунанд, то бемориашон пинҳон бимонад.
Ба гуфтаи табиб, ҷомеа ба беморони сил тамғаи бадномӣ мезанад ва мардум худро аз онҳо худро канор мегиранд. Дар хонаводаҳое, ки як нафар бо чунин беморӣ бистарӣ шудааст, рафтуомад кам мешавад. Бо дарназардошти чунин муносибат гирифторони беморӣ солҳои тӯлонӣ аз табобати расмӣ дар беморхона парҳез мекунанд ва замоне, ки аз пой меафтанд, баъдан ба шифохона меоянд.
“Бо Кодексу қонун ҷалби гирифторон ба табобат мушкил аст. Аҳамияти табобатро бояд ба онҳо фаҳмонд ва ҷомеаро барои қабули дурусти ин беморон омода кард. Гирифторони беморӣ метарсанд, ки вақте бо чунин касал табобат гирифтанд, онҳоро тамғагузорӣ мекунанд. Яъне, фалонӣ сил аст ва ин тамғаи бад ба як шахс дар ҷомеаи тоҷик аст. Сил дар зеҳнҳо як бемории даҳшатнок тасвир мешавад ва аксарият худро аз гирифторонаш канор мегиранд. Дар ҳоле, ки ин беморӣ танҳо дар ҳоли хуруҷаш гузаранда аст ва пас аз табобат он ба касе намегузарад” –гуфт, Назар Ҳошимов.
Дар Тоҷикистон ташхису табобати бемории сил ройгон аст, ҳарчанд, бархе беморон шикоят мекунанд, ки на ҳама доруҳоро ройгон дастрас мекунанд. Тағйирот бар Кодекси мурофиаи гражданӣ барои табобати маҷбурии гирифторони бемории сил дар ҳолест, ки соли гузашта бо тағйири “Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ” пизишкони зиндонҳо ҳақ пайдо карданд, ки зиндониёни маҳсубони гирифтори бемории силро ба истеъмоли доруву хӯрок маҷбур кунанд.
Кодекси нави мурофиаи гражданиро моҳи май вакилони порлумони Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб карданд ва ахиран раиси ҷумҳур онро имзо кард ва санади мазкур ҳукми иҷро гирифт. Тибқи иттилои расмӣ дар чанд соли ахир наздик ба 10 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз бемории сил табобат гирифтаанд.